Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобкунандагон ҳизбҳоро хуб намешиносанд


Нахустин мулоқоти номзадҳо ва интихобкунандагон дар ҳавзаи интихоботии Сомонии пойтахт нишон дод, ки аксари раъйдиҳандагон ҳувият ва фарқи ҳизбҳои сиёсии кишварро намедонанд.

Дар ин вохӯрӣ номзадҳо аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва се номзади алоҳида ширкат доштанд.

Дар ин нишаст номзади ҳизби ҳоким, ректори Донишкадаи давлатии забонҳо Марҳабо Ҷабборова мавриди таваҷҷӯҳи интихобкунандагон қарор гирифт. Вай зимни муаррифии барномаи пешазинтихоботияш гуфт, аҳдофе, ки ӯ дар назди худ гузоштааст, тамоми паҳлуҳои сиёсиву иҷтимоии ҳаёти овоздиҳадаҳояшро фаро хоҳад гирифт.
Номзад Марҳабо Ҷабборова


Номзад Ҷабборова афзуд, ки ҳизби Халқӣ-Демократӣ дар интихобот бо барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ иштирок мекунад ва дар пайи татбиқи барномаи дарозмуддати рушди ҳазорсолаҶ дар заминаи рушди зеҳнияти миллатҶ иқтисоди кишвар ва соҳоти муҳими дигар талош меварзад.

Интихобкунандагон ба хонум Ҷабборова суолҳои зиёде доданд, аз ҷумла пурсиданд, ки оё дар мавриди вазъи занон ва афзоиши муҳоҷирати корӣ дар байни занони тоҷик чӣ назар дорад.

Дар посух ба ин суолҳо Марҳабо Ҷабборова гуфт, ки воқеан ин мушкил вуҷуд дорад ва имрӯз зани тоҷик дар дохили ватан ҳам ба дастгирӣ ниёз дорад.

Барои ин бояд, ки вазъи хуби модии занҳоро таъмин кард, зеро занон дар Тоҷикистон ҳам ба дастгирии ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ, имтиёз, ҷойи кори муносиб сахт эҳтиёҷ доранд.

Аммо номзаде, ки шояд каме бештар аз дигарон мавриди таваҷҷӯҳ буд, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки зимни муаррифии барномаи интихоботи худ гуфт ҳизби ӯ беҳбуди мухталифи ҳаёти ҷомеаро дар назар дорад.

Номзад Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода
Вай дар посух ба суоли интихобкунандагон, ки оё дар сурати пирӯзӣ ҲНИТ ҳамзитии арзишҳои исломиро бо ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд чӣ гуна таъмин хоҳад кард гуфт , «ман пурра амалӣ шудани мафҳумҳои демократияро барои як ҷомеаи исломӣ дар ихтилоф намебинам. Баръакс мо ҷонибдори он ҳастем, ки ҳарф–ҳарфи Сарқонунро дар амал ҷорӣ кунем.»

Интихобкунандагон аз номзади ҲНИТ дар мавриди рушди соҳаи кишоварзӣ, театри миллӣ, иқтисодиёти миллӣ суол доданд. Оғои Сайфуллозода дар посух ба ин пурсишҳо гуфт, ки барномаи ҲНИТ ҳамаи ин паҳлӯҳоро меҳвари кори худ қарор додааст ва заминаҳоро барои рушд мушаххас кардааст.

Мулоқот як чизи дигарро низ рӯшан кард, ки интихобкунандагон зоҳиран аз ҳизбҳои сиёсии кишвар шинохти кофӣ надоранд. Онҳо барномаҳои ин ду ҳизбро аз ҳам фарқ намекарданд ва ҳангоми суол додан дар баёни номи ҳизбҳоро иштибоҳ мекарданд, аз қабили «суоли ман ба номзади Ҳизби халқӣ-демократии наҳзати исломӣ...» ва «суоли ман ба номзади ҳизби наҳзати исломии халқӣ-демократӣ Марҳабо Ҷабборова...»

Дар баъзе мавридҳо ба назар мерасид, ки саволҳо пешакӣ аз тарафи касе барои ширкаткунандагон дода шудааст ва онҳоро пешакё омода кардаанд..

Дар вохӯри се номзади ҳавзаҳои инфиродӣ - Мирзоев Сироҷиддин, Мавлони Дилшод ва Мирзоев Бобо низ барномаҳои пешазинтихоботии хешро муаррифӣ карданд. Мулоқот, ки дар он беш аз 400 нафар интихобкунанда иштирок дошт, дар муқоиса бо наишастҳои дигари номаздҳо, дар фазои бозтар ва ва бидуни маҳдудияти вақт сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG