Бино ба натиҷаҳои назарпурсиҳо, Виктор Янукович, номзади ҷонибдори Русия, дар сафи пеши муборизаҳои интихоботӣ қарор дорад. Нахуствазир Юлия Тимошенко баъд аз Янукович қарор гирифтааст.
Раъйдиҳӣ дар саросари Украина соати 8-и субҳ оғоз шуд ва он тибқи муқаррарот 12 соат давом мекунад. Дар Украина 36,5 миллион нафар аҳолии қобили раъй ба сар мебарад ва дар ин интихобот 18 номзад барои курсии раҳбарӣ дар Украина ба мубориза пардохтаанд.
Агар ҳеҷ як аз ин номзадҳо дар даври аввал баранда нашавад, дар он сурат ду нафари пешгом 7-уми феврал дар даври дуввуми интихобот бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Соли 20004 дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯзии баҳсбарангези Виктор Янукович эълон шуда буд, вале инқилоби норинҷӣ баъд аз пирӯзӣ натиҷаҳои ин интихоботро лағв кард.
Дар интихоботи имсола рақиби аслии Янукович Юлия Тимошенко, яке аз раҳбарони инқилоби норинҷӣ маҳсуб мешавад. Соли гузашта ин ҳадсу гумонҳо низ вуҷуд дошт, ки вай бо Маскав низ робитаи наздик дорад.
Грегорӣ Фейфер, хабарнигори бахши ҷаҳонии радиои Озодӣ дар Киев, мегӯяд, бино ба натиҷаҳои назархоҳӣ, Виктор Юшенко, раисиҷумҳури кунунӣ, барои пирӯзӣ шонсе надорад ва мумкин аст дар ин интихобот камтар аз 3 дарсад раъй ба даст орад.
Аммо баъд аз раъйдиҳӣ дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ Виктор Юшенко гуфтааст, ки ба пирӯзиаш бовар дорад ва интихоботи Украина нишон медиҳад, ки ин кишвари аврупоист ва давлат ва мардум шароити интихоботи озодро фароҳам сохтаанд.
Юшенко зимни суханронӣ гуфт, «ҳам Янукович ва ҳам хонум Тимошенко сарсупурдаҳои Русия мебошанд ва ин сарсупурдагӣ ба истиқлоли Украина хатар дорад».
Аз Янукович дар бисёре аз манотиқи русзабони ин кишвар, яъне дар манотиқи саноатӣ дар шарқ ва дар ҷануби Украина ҳимоят мекунанд. Янукович ҳангоми раъйдиҳӣ дар яке аз ҳавзаҳои шаҳри Киев ба забони русӣ гуфт, ки вай ҳам бо Аврупо ва ҳам бо Русия ҳамкорӣ хоҳад кард, то зиндагии мардуми Украина беҳтар шавад.
Хонум Тимошенко изҳор дошт, ки вай дар зарфи 5 соли оянда Украинаро ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо хоҳад даровард. Вай афзуд, имрӯз Украина сарнавишти худро барои чанд даҳсола таъйин хоҳад кард. Хонум Тимошенко дар як ҳавзаи интихоботии зодгоҳаш дар шаҳри Днепропетровск раъй дод.
Дар ҳамин ҳол раъйдиҳандагон нисбат ба ормонҳои инқилоби норинҷии панҷ соли пеш назари ясон надоранд. Баъзеҳо мегӯянд, ки баъд аз инқилоб давлату ҳукумат ба ҳадафҳои худ нарасиданд, яъне ришвахориро дар кишвар аз байн набурданд ва дар анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ноком шуданд.
Амо Светлана Марчук, яке аз раъйдиҳандагон, ки ба ҷонибдорӣ аз хонум Тимошенко овоз додааст, назари дигар дорад. Вай мегӯяд, "ман бовар дорам, ки мо ҳоло дорои дараҷаи баланди озодии баён ва демократия шудаем, вале бояд иқтисодро пеш бибарем".
Дар бораи наҳваи раъйдиҳӣ баъзе шикоятҳо низ дар бораи нақзи муқаррароти раъйдиҳӣ дар саросари кишвар мунташир шудааст.
Раъйдиҳӣ дар саросари Украина соати 8-и субҳ оғоз шуд ва он тибқи муқаррарот 12 соат давом мекунад. Дар Украина 36,5 миллион нафар аҳолии қобили раъй ба сар мебарад ва дар ин интихобот 18 номзад барои курсии раҳбарӣ дар Украина ба мубориза пардохтаанд.
Бино ба натиҷаҳои назарпурсӣ, Виктор Юшенко, раисиҷумҳури кунунии Украина, барои пирӯзӣ шонсе надорад ва мумкин аст дар ин интихобот камтар аз 3 дарсад раъй ба даст орад ...