Дар 40 кишваре, ки мавриди таҳқиқи нави ин созмон қарор ёфта, аксари онҳо дар қаламрави шӯравии пешин ҷойгиранд, Хонаи Озодӣ ба кӯтаҳиҳои зиёд дар бахши озодиҳои демократӣ таъкид кардааст.
Дар ҳоле, ки бархе пешравиҳоро дар минтақаи Балкан мушоҳида кардан мумкин аст, ин гузориш мегӯяд, дар давлатҳои шӯравии пешин, мисли Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон пастравии қобили мулоҳизае ба мушоҳида мерасад. Тоҷикистон дар ин гузориш ба унвони кишваре зикр мешавад, ки дучори ҳеҷ тағйироте ба самти пешравӣ нашуда ҳамоно дар феҳрасти давлатҳои ноозод боқӣ мемонад.
СОЛИ АҚИБНИШИНИҲО
Соле, ки гузашт, аз нигоҳи созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ чун соли пастравии нишондодҳо дар озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ, мазҳабӣ ва озодии баён дар аксар давлатҳо будааст.
Ин созмон мегӯяд, дар баъзе кишварҳои ғайрибалтики шӯравии пешин, тамоюлҳои нигаронкунандаи ақибнишинӣ дар таҳаввулоти демократӣ ва озодиҳои ба он вобаста мушоҳида шудааст. Дар ин ҷумҳуриҳо – аз Беларус сар карда то Узбакистон камбудиҳои зиёди марбут ба фишор болои озодии баён ва набуди шаффофият ба қайд расидааст.
Дар аксари ин кишварҳои ба қавли Хонаи Озодӣ “дорои мудирияти беназорат” ҳамоно низоми додгустарӣ мустақил набуда дар фаъолияти расонаҳои мустақил ва мухолифони сиёсӣ маҳдудиятҳои фаровон вуҷуд дорад.
Яке аз муаллифони ин гузориш - раҳбари таҳқиқоти Хонаи Озодӣ Кристофер Волкер мегӯяд, ки чунин тамоюл соли чорум аст, ки идома дошта вазъ то рафт бадтар мешавад: “Бозёфтҳои имсола нишон медиҳад, ки баъзе тамоюлҳои солҳои гузашта дар ҳоли тавсеа ёфтан ҳастанд, аз ҷумла, дар аксар давлатҳои ғайрибалтики шӯравии пешин режимҳои идории худкома мустаҳкамтар мешаванд. Дар миёни давлатҳое, ки нишондиҳандаҳояшон поинтар шудаанд, Русия аст. Қирғизистон дар соли гузашта аз як давлати “қисман озод” ба “ноозод” поин фаромад. Дар айни замон, баъзе тамоюлҳои мусбат ҳам ба мушоҳида расидааст. Масалан, дар Украина, ки соли ҷорӣ интихоботи раёсатҷумҳурӣ дорад, тамоюли устувори пешрафт мушоҳида мешавад”.
Оқои Волкер гуфт, ки дар Русия дар аҳди раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев тамоюли саркӯби озодиҳои демократӣ ва набуди шаффофият ҳамоно идома карда барҷастатарин намунаҳояш тақаллуби дағалонаи натиҷаҳои интихобот ба фоидаи ҳизби ҳоким, таҳрифи таърих ва фактҳои таърихӣ дар адабиёти дарсӣ, истифода аз фишори сиёсӣ барои саркӯби кори фаъолони ҳуқуқи башар ва журналистон мебошад. Дар давоми даҳ соли охир, мегӯяд Хонаи Озодӣ, Русия аз мавқеи “қисман ноозод” ба як давлати “ноозод” фаромадааст.
РУСИЯ -- НАМУНАИ МАНФӢ
Ҷиҳати манфии вазъ ин аст, ки Русия ҳамоно барои аксар ҷумҳуриҳои шӯравии пешин ба ҳайси намуна хизмат карда дар масъалаи мушкилоти демократӣ ҳам болои онҳо таъсиргузор мебошад. Аз ин ҷост, ки давлатҳои ғанӣ аз нафти соҳили Каспий ба пайравӣ аз Маскав низомҳои хоссаи худкомаи худро пиёда карда, ҳамоно дар паи таҳкими равобит бо Русия мебошанд. Арч Паддингтон, яке аз масъулони созмони Хонаи Озодӣ мегӯяд, давлатҳои мисли Қазоқистону Озарбойҷон, ки намехоҳанд таҳти нуфузи Русия бошанду талош доранд мустақилияти худро ҳифз кунанд, дар шеваи мудирият аммо аз Маскав пайравӣ мекунанд.
Дар гузориши ахири Хонаи Озодӣ Қирғизистон, ки лақаби замоне маъруфаш “ҷазираи демократияи Осиёи Марказӣ”-ро аз даст додааст, ҳамчунин бо таназзули қобили мулоҳиза рӯбарӯ шуда аз як давлати “қисман ноозод” ба гурӯҳи давлатҳои “ноозод” ворид шудааст. Мушкилоти марбут ба набуди озодиҳои сиёсиву демократии ин кишвар дар ҳангоми интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи июли соли 2009, тамаркузи қудрат дар дасти ҳокимияти иҷроия ва ҷорикунии қонуни нави маҳдудкунандаи озодии мазҳаб аз мавридҳои барҷастаи поймолшавии озодиҳои демократӣ дар ин кишвар гуфта мешавад. Кристофер Волкер мегӯяд, ки “Қирғизистон дар масоили марбут ба ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар ду соли охир бисёриҳоро ноумед кард”.
Туркманистону Ӯзбакистон, мегӯяд ин гузориш, ҳамоно дар зинаҳои пасти ченаки озодӣ қарор гирифта на танҳо дар миёни давлатҳои шӯравии пешин, балки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳам ба поинтарин сатҳ фаромадаанд.
ТОҶИКИСТОНИ БЕТАҒЙИР
Ҳарчанд гузориши нави Хонаи Озодӣ вазъи Тоҷикистонро ин навбат ба таври вижа мавриди баррасӣ қарор надодааст, вале ин кишварро аз лиҳози озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ ҳамоно дар миёни давлатҳои ноозод нигоҳ медорад. Кристофер Волкер, раиси таҳқиқоти Хонаи Озодӣ дар ин замина гуфт:
“Арзёбиҳои ахири мо ҳокист, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ тағйироте ба чашм намерасад ва ин кишвар ҳамоно дар миёни давлатҳои дорои нишондодҳои пасттарин қарор дорад. Ин як давлати амиқан нодор аст, вале аз лиҳози ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ ба пешравии назаррасе даст наёфтааст”.
Дар солҳои гузашта Хонаи Озодӣ Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои сиёсиву мазҳабӣ, монеагузорӣ дар фаъолияти ҳизбҳои мухолифин, фишор болои расонаҳои мустақил ва гурӯҳҳои мухолифи давлат зиёд интиқод кардааст.
ВОКУНИШҲО АЗ ТОҶИКИСТОН
Аксар таҳлилгарон дар Тоҷикистон ба таъкиди гузориши Хонаи Озодӣ мегӯянд, ки соли 2009 аз солҳои гузашта тафовути зиёд надошт ва вазъ аз лиҳози озодии баён дар ин кишвар бетағйир мондааст. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд:
“Охири сол, аз моҳи ноябр дар атрофи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сару садое хест, ки марбут ба пардохти маблағ барои дарёфти маълумот аз сохторҳои давлатӣ буд. Мо моҳи декабр ба хулосае омадем, ки ин санади ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳуқуқиро инкор намекунад ва рӯзноманигорон ҳангоми дастрасӣ ба сарчашмаҳои иттилоот метавонанд бештар аз меъёрҳои ҳуқуқӣ истифода кунанд”.
Оқои Қаршибоев афзуд, ки баъзе таҳаввулотро бояд имсол дар пешорӯи интихоботи парлумонии Тоҷикистон интизор шуд. Аксар рӯшанфикрон мегӯянд, ки интихобот чун як имтиҳони ҷиддии мизони озодиҳои демократӣ дар Тоҷикистон метавонад ба таври барҷаста дубора каму кост ва дастоварҳои кишварро аз аз лиҳози вазъи озодии баён ба намоиш гузорад.
"NO NEWS IS GOOD NEWS"?
Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурӣ мегӯяд, адами тағйирот дар арзёбиҳои Хонаи Озодӣ нисбати Тоҷикистон худ як нишондиҳандаи хуб аст.
Вай ҳамчунин дар посух ба танқидҳо нисбати маҳдуд будани озодии эътиқод дар Тоҷикистон чунин гуфт: “Онҳо бештар ба қонуне дар бораи озодии виҷдон ва ташкилоти динӣ такя мекунанд, ки мо порсол қабул кардем. Онҳо мегӯянд, ки гӯё озодиҳои мазҳабӣ маҳдуд шуда бошанд. Лекин дар асл ин тамоман асос надорад. Озодиҳои мазҳабӣ дар мо ҳаматарафа буданд ва хоҳанд монд. Ҷараёни Салафияро суди олии Тоҷикистон баст ва ин чиз аз ҷониби мардум хуб қабул шуд. Ин ҳам аз сӯе ба маънои озодшавии мардум аз хавфу хатари гурӯҳҳои экстремистӣ аст ва бояд чунин бошад”.
Оқои Сафаров афзуд, ки дар соли гузашта бар тибқи Қонуни афв нафарони зиёд ва дар миёни онҳо занҳои бисёр ба озодӣ баромада фаъолияти матбуот ҳам аз назари вай дар муҳити озод идома кардааст.
“Раиси ҷумҳурӣ фармоне ҳам бароварда буданд, ки мувофиқи он интиқоди тамоми газетаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бояд аз тарафи мансабдорони давлатӣ бояд ҷавоб гуфта шаванд ва ин як нишонаи озодии матбуот ва аз сӯе ҳавасмандшавии матбуот барои озод шудан аст. Ин ҳам мусбат буд. Ва ҳамчунин мақоми омбудсмен ё муҳофизи ҳуқуқи инсон ба вуҷуд омад ва яке аз шахсиятҳои варзида ва ҳуқуқшиноси бисёр шинохтаи Тоҷикистон раиси он шуд. Ҳамаи ин ба сӯи озодӣ рафтани моро нишон медиҳад”.
ДАР ПЕШ -- ИНТИХОБОТ
Ба эътимоди Сайфулло Сафаров дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонии соли ҷорӣ ҳам бояд интизори шаффофият ва озодиҳои фаровони матбуот ҳангоми пӯшиши ин мавзӯъ шуд.
Аммо мавқеи бархе аҳзоби мухолифини Тоҷикистон ба вазъи озодиҳо дар кишвар дар соле, ки гузашт, дигар аст. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки соли гузашта ҳамоно дастрасии ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба матбуот бештар буду дар чанд интихоботи якмандатӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон бо роҳи тақаллубу мудохилаи масъулини ҳокимияти маҳаллӣ номзадҳои ҳизби президент пирӯз шуданд. Вай гуфт, яке аз мавридҳои боиси нигаронии ҷиддӣ қабули қонуни нав оид ба дин ва ташкилоти мазҳабӣ гардид.
Шокирҷон Ҳакимов гуфт: “Ахиран, бо вуҷуди он ки бо иштироки тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва кафолати созмонҳои ғайриҳукуматӣ, аз ҷумла САҲА ва Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ кӯшиши такмили қонунгузорӣ оид ба интихобот шуд ва дар ин баҳсҳо вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ низ буданд, аммо ин тағйироту иловаҳоро напазируфтанд, ки дар бораи набудани иродаи сиёсӣ гувоҳӣ медиҳад”.
Оқои Ҳакимов, ки ҷӯёи курсии парлумонӣ аз ҳизби сотсиал-демократ буда номзадиашро аз шаҳри Конибодом пешбарӣ кардааст, ҳоло ба таблиғи барномаи сиёсии худ дар шимоли Тоҷикистон омодагӣ мебинад. Вай мегӯяд, ҳукуматҳои марказӣ ва маҳаллӣ, ки ҳоло саргарми таблиғи фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи барқи обии Роғун мебошанд, “ба назар мерасад ба таври сунъӣ масъалаи омодагиҳо ба интихоботи парлумониро ба мавқеи дуюмдараҷа бурдаанд”.
Вай гуфт, ҳарчанд то ҳол наметавонад аз вуҷуди монеа ё маҳдудиятҳо дар пешбурди кори таблиғотии худ ба унвони намояндаи як ҳизби мухолифи давлат сӯҳбат кунад, чунки ҳанӯз аз марҳилаи сабти ном нагузаштаву таблиғи барномаашро расман шурӯъ накардааст, вале, мегӯяд, аз ҳоло маҳдудияти нирӯи барқу мушкилоти дигари иҷтимоӣ ба ҷараёни омодагиҳои интихоботӣ халал мерасонад. Шокирҷон Ҳакимов ҳам гуфт, ки интихоботи парлумонии имсола, ҷараёни овоздиҳӣ ва натиҷагирии онро ҳамоно чун як имтиҳони ҷиддии ҳукумат дар заминаи риоя шудани муқаррароти демократӣ ва шаффофияту озодии баён ҷиддан пайгирӣ хоҳад кард.
Дар аксар давлатҳои ғайрибалтики шӯравии пешин режимҳои идории худкома мустаҳкамтар мешаванд...