Шарифхон Самиев, ки исмаш ба ҷомеаи Тоҷикистон пас аз зимистони сарду бебарқи ду соли қабл дар даврони раёсати ӯ дар ширкати «Барқи тоҷик» ошност, дар Норак як соли пурра ҳам кор накардааст. Ӯ моҳи январи соли гузашта аз вазифаи раисии ширкати «Барқи тоҷик» озод шуда, моҳи марти ҳамон сол мудири Нерӯгоҳи барқи обии Норак таъин гардида буд.
Ҳамчунин, раисҷумҳури Тоҷикистон Зиёратшо Саъдуллоро аз вазифаи раиси ноҳияи Нуробод, Иззатулло Зоировро аз вазифаи раиси шаҳри Қурғонтеппа, Бег Қурбоновро аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувон ва Ҳамроқул Ёровро аз вазифаи раиси шаҳри Норак озод кард.
Ҷаноби Ёров ба нафақа гусел шуд, аммо сабабаи озод шудани афроди дигар дар фармонҳои раисҷумҳур «ба кори дигар гузаштан» унвон шудааст. Исми Зиёратшо Саъдулло дар феҳристи ҲХДТ барои вуруд ба порлумон дар ҷойи 4-ум ва исми Бег Қурбонов дар ҷойи 14-ум омадааст.
Ҳамакнун, бар иловаи ҷаноби Самиев, ки и.в. раиси шаҳри Қурғонтеппа гардид, Сайдамир Сиёмардов дар Нуробод, Фотеҳ Аминов дар Балҷувон ва Хайрулло Сафаров дар Норак иҷрокунандаи вазифаи раис таъин шудаанд.