Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати беҳдошт: Вазъи зукоми хук муътадил аст


Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, вазъи бемории зукоми хук дар кишвар мӯътадил буда, кӯмакҳои созмонҳои ҷаҳонӣ барои пешгирии ин беморӣ идома дорад.

Кӯмакҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Иттиҳоди Аврупо, ки 500 ҳазор долларро ташкил медиҳад, асосан аз 24 адад дастгоҳи ҳаводиҳии сунъи, чаҳор адад дастгоҳи табобати барои эҳёи кори дил, чаҳор бухорӣ барои сӯзонидани маводи тиббӣ, маводҳои худмуҳофизати фардии тиббӣ, яъне ниқоб, хилъат, дастпӯшак ва аз 3 ҳазор маводи дорувории зидди бемории зуком иборат будааст. Рӯзҳои наздик ҳамчунин кӯмакҳои дигари хориҷи вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Масъулини Вазорати беҳдошт мегӯянд, ки аз созмонҳои ҷаҳонӣ барои пешгирии бемории зуком кӯмак гирифтаанд... вале беморон гуфтанд, ки то ба ҳол ягон кӯмак дастрас накардаанд ...
Моҳи ноябри соли 2008 Вазорати беҳдошти Тоҷикистон намунаи хуни беш аз 300 нафарро, ки гирифтори зуком буданд, барои ташхис ба Лондон фиристод. Дар ин миён вуҷуди ангезаи зукоми А-1 ва N-1 дар 19 нафар тасдиқ шудааст. Ҳамакнун ин вазорат боз хуни 30 нафари дигарро барои тасдиқи ташхис ба Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии зукоми Санкт-Петербурги Русия фиристодааст.

Масъулини Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз созмонҳои ҷаҳонӣ барои пешгирии бемории зуком кӯмак гирифтаанд. Аммо беморон ва наздикони онҳо дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки то ба ҳол ягон намуди доруворӣ ва ё навъи дигари кӯмак дастрас накардаанд.

Сабоҳат Набиева, модари панҷ нафар фарзанд, мегӯяд, ки ду кӯдакаш ду моҳ аз ин беморӣ азият мекашанд, аммо ӯ бидуни муроҷиат ба табиб ҷигарбандонашро табобат кардааст. Вай афзуд, «дар ҳамаи хонаводаҳо қариб, ки як ва ё ду нафар бемор шудаанд. Ҳамсояҳо ва мо хабар надорем, ки чӣ кумак шудааст. Танҳо дармонгоҳҳо хабар доданд, ки ҳамин тавр зукоми сахт омадааст, вале ягон кӯмак накарданд».

Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошт, мегӯяд, хуб аст, ки мардум ҳам барои сироят нашудани бемории мазкур чора меандешанд. Ӯ тасдиқ кард, ки созмонҳои ҷаҳонӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз зуком ба Тоҷикистон кӯмак мерасонанд, вале ин кӯмакҳое нест, ки ба дасти беморон мустақим расанд.

Аъзам Мирзоев гуфт, «аз ҳисоби ҳамин маблағҳои кӯмак ба миқдори калон як таҷҳизоти ташхисӣ барои муолиҷаи зуком оварда шуд. Дар минтақаҳо утоқҳои алоҳидаи ташхис ва табобат таъсис дода шуданд. Ин навъи кумак расонида шудааст».

Ба гуфти Аъзам Мирзоев, имрӯз маводи дорувории зидди бемории зуком дар кишвар мавҷуд аст. Бино ба иттилои Вазорати беҳдошт, рӯзи 11 январи соли ҷорӣ посухи тасдиқи ташхиси 30 нафар бемор ва маводи дорувории зидии бемории зуком ба кишвар оварда мешаванд. Ба гуфти манбаъ, ҳолатҳои фавти бемории зуком ҳам ба қайд гирифта шудааст. Ва рӯзҳои наздик барои 50 ҳазор нафар маводи дорувории зидди бемории А-1 ворид мегардад.
XS
SM
MD
LG