Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши интиқоли гази Узбакистон


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Узбакистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро бо сабаби таъхир дар пешпардохт то 30% коҳиш додааст. Ба ин сабаб интиқоли газ ба ҳамаи истифодабарандагони он камтар шудааст.

Ноиби мудири ширкати саҳҳомии "Тоҷиктрансгаз" Шавкат Шоимов ба Радиои Озодӣ гуфт, коҳиши интиқоли газ ба корхонаи арзизи Талко ва корхонаи Сементи Душанбе низ таъсир хоҳад кард. Идомаи коҳиши интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон ҳамчунин ба Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе таъсир хоҳад дошт.

Тибқи созишномаи нави байни Тоҷикистон ва Узбакистон нархи 1000 метри мукааб аз 240 доллари амрикоӣ сар шуда, вобаста ба
Сементи Тоҷиксемент, яъне тамғаи 500 хеле гаронарзиш аст. Агар онро аз хориҷ ворид кунем, бароямон хеле қимат меафтад. Иншооти бузургу хурдро маҳз бо ин семент мешавад сохт...
тағйири он дар бозори ҷаҳонӣ метавонад, паст ё баланд шавад. Аммо нуктаи нав дар ин қарордод, ки охири соли гузашта дар Тошканд ба имзо расид, пешпардохт аст, ки қаблан дар муомилаи ду кишвар вуҷуд надошт.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон барои газ аз Узбакистон ҳеҷ гуна қарз надорад, вале имкониятҳои он дар пардохти пешакии нархи газ хеле маҳдуданд.

Ба эътиқоди коршиносон, коҳиши интиқоли гази Ӯзбакистон барои иқтисоди Тоҷикистон ва қабл аз ҳама тарҳҳои энержии он паёмадҳои ногувор хоҳад дошт.

Изҳориназарҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки ба иттилоъи Тоҷиктрансгаз, Ӯзбакистон аз бегоҳи рӯзи 7 январ ба ин сӯ интиқоли газро 30 дарсад коҳиш додааст ва агар қаблан аз кишвари ҳамсоя ҳудуди 480 ҳазор метри мукааб газ ворид мешуд, ҳоло ин ҳаҷм ба 330 ҳазор поён омадааст.

Фазила Сафарова, муовини райиси Тоҷиксемент, дар як сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ гуфт, корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе низ муваққатан фаъолияташро ба далели адами газ қатъ кардааст.

Коршиносон мегӯянд, бахусус ду корхонаи бузурги кишвар – Тоҷиксемент ва корхонаи «Азот»-и Вахш, ки пурра аз гази Ӯзбакистон вобастаанд, зарари зиёд хоҳанд дид. Ширкати алюминум низ аз истифодабарандагони гази Ӯзбакистон аст.

Давлат Усмон, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, корхонаи «Азот», ки ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ машғул аст, соли ахир истеҳсолашро бамаротиб коҳиш дод ва дар ҳоли аз кор мондани Тоҷиксемент сохтмони иншоотҳои бузургу хурд, аз қабили нерӯгоҳҳо хеле гарон меафтад: «Сементи Тоҷиксемент, яъне тамғаи 500 хеле гаронарзиш аст. Агар онро аз хориҷ ворид кунем, бароямон хеле қимат меафтад. Иншооти бузургу хурдро маҳз бо ин семент мешавад сохт».

Тибқи тавофуқе, ки моҳи декабри соли гузашта миёни Тоҷиктрансгаз ва Узтрансгаз ҳосил шудааст, Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояаш бояд ҳар семоҳа 90 млн метри мукааб газ ворид кунад. Ин ҳам дар ҳоле имкон дорад, ки Тоҷикистон ҳар даҳаи моҳ қаблан маблағи газро пардохт кунад. Тоҷиктрансгаз мегӯяд, маблағе, ки мондааст, то се рӯзи дигар мерасад ва аз он ба баъд маблағ ҳанӯз дарёфт нашудааст.
Фаридун Муҳиддинов, ёвари раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» мегӯяд, барои ворид кардани газ монеа вуҷуд надорад ва ягона монеа ҳам маблағ аст.

Тоҷикистон аз Ӯзбакистон дар замони шӯравӣ ҳудуди 1 миллиард метри мукааб газ ворид мекард. Тибқи иттилоъи «Тоҷиктрансгаз», дар замони истиқлол ин рақам аз 750 миллион ба 250 млн метри мукааб поён коҳиш омадааст. Қимати газ ҳам тайи 20 соли ахир аз 55 ба 240 доллар афзудааст.

Нуриддин Қаюмов, райиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ягона роҳи раҳойиш ба истифода додани манбаъҳои гази кишвар аст.

Тибқи иттилоъи Саридораи Тоҷикгеология, захираҳои гази Тоҷикистон 800 миллиард метри мукааб тахмин зада мешаванд. Ҳоло чанд ширкати хориҷӣ, ки умдатаринашон Тетис Петролиуми амрикоӣ ва Газпроми Русия ҳастанд, ҳудуди 200 млрд-и захираҳоро кашф кардаанд.

Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия ҳнгоми сафараш ба Тоҷикистон моҳи августи соли 2008 гуфта буд, ки дар ҳоли дуруст ба роҳ мондани корҳо Тоҷикистон дар ду се соли наздик соҳиби гази худ хоҳад шуд. Аммо то ба ҳол ҳеҷ кадом аз ширкатҳо эълом надоштаанд, ки Тоҷикистон воқеан кай соҳиби газ мешавад.

Коршиносон мегӯянд, паёмадҳои коҳиши интиқоли гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ҳанӯз рӯшан нашудаанд, аммо дақиқ аст, ки онҳо мусбат наҳхоҳанд буд. Бахусус дар ҳоле, ки аз 10 январи соли равон Ӯзбакистон газашро ба Тоҷикистон бо нархи ҷаҳонӣ хоҳад фурӯхт.
XS
SM
MD
LG