Музаффар Мирамиршоев, мушовири калони додгоҳи вилоят мегӯяд, Боймурод Анаров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз соли 1992 ба Узбакистон фирор карда буд, бо моддаҳои 305, 335-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёнат бар ватан ва убури ғайриқонунии марзи давлатӣ муҷрим дониста мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Анаров аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти миллӣ 18-уми июли соли гузашта дар масҷиди деҳаи Гулистони ҷамоати Сангтудаи ноҳияи Данғара боздошт шудааст. Ҳангоми боздошт аз ӯ ба миқдори ҳазор сум пули миллии Узбакистон ва ҳуҷҷатҳое, ки вобаста ба нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-1 ва Бойғозӣ маълумоти махфӣ пешниҳод мекунанд, дарёфт гардидааст.
Ба гуфтаи Мирамиршоев, боздоштшуда сокини ноҳияи Қубодиён буда, пас аз фирораш дар соли 1992 ба Узбакистон соли 2005 вориди Тоҷикистон шудааст ва таи чор соли ахир бидуни ягон ҳуҷҷат дар ноҳия Ёвони вилояти Хатлон зиста, инчунин бо Бозоргул Шамсиева, як сокини ин ноҳия, ғайрирасмӣ хонадор шудаааст. Ҳадафи ниҳоии боздоштшуда дар яке аз нерӯгоҳҳои зикршуда ба ҳайси посбон кор кардан будааст.
Дар ҳамин ҳол, Маҳмадалӣ Холиқов, як коршинос, мегӯяд, бидуни ҳеҷ мушкиле убури сарҳади давлатӣ ва таи чаҳор сол бидуни ягон ҳуҷҷат зистани боздоштшуда аҷиб менамояд. Ба гуфтаи ӯ, суоле бепосух аст, ки чаро таи чаҳор сол мақомот аз зиндагии ӯ дар Тоҷикистон хабар пайдо накардаанд. Ҷаноби Холиқов афзуд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон бунёди нерӯгоҳҳои барқиро бар рағми кишварҳои ҳамсоя пеш гирифтааст, бояд амнияти онҳоро ҷиддӣ назорат кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ба гуфтаи Мирамиршоев, Боймурод бо супориши як сокини дигари Тоҷикистон бо исми Бахтиёр Алимардонов, ки дар соли 1992 ба Узбакистон фирор карда ва ба иқрори боздоштшуда ҳамакнун корманди амниятии давлатӣ Узбакистон аст, ба Тоҷикистон сафар кардааст.
Феълан, барои аввалин бор аст, ки як шаҳрванди кишвари хориҷиро бо ҷурми ҷамъоварии иттилои махфӣ дар мавриди неругоҳҳои барқи обии кишвар боздошт мекунанд.