Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дигаргуниҳои кадрӣ дар раёсати ҲХДТ


Дар анҷумани Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бисёр чеҳраҳои саршиноси он аз мақоми ҳизбияшон барканор шуда, афроди наве сари кор омаданд. Ҳамчунин писари раисиҷумҳур ба кумитаи иҷроияи ҳизб шомил гашт.

Дар ин анҷуман раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар раиси ин ҳизб интихоб шуд, вале Давлаталӣ Давлатзода , муовини аввали раиси ҳизб, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия аз мақомти ҷонишинони раиси ҳизб барканор шуданд.

Дар иваз, Сафар Сафаров, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини аввали раиси ҳизб интихоб шуд. Ба сифати муовини дигар собиқ мудири шӯъбаи ташкилӣ дар Дастгоҳи иҷроияи президент Асрор Латифов баргузида шуд ва шумораи муовинон дар ҳизб ихтисор гашт.

Бархе ба ин назаранд,ки ҳизби ҳоким ба интихобот омодагии ҷиддӣ дорад ва баъзе аз таҳлилгарони дигар ҳадс мезананд, ки дур шудани Маҳмадсаид Убайдулоев ва Абдумалҷид Достиев метавонад ба нуфузи ҳизб таъсири манфӣ дошта бошад, зеро афроде, ки ба ҷои инҳо интихоб шуданд, афроди шинохта нестанд.

Аммо Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик ба ин назар аст, ки аз вазифаи муовинони раиси ҳизби ҳоким канор рафтани Убайдуллоев ва Достиев шояд маънои онро надошта бошад, ки дохили ҳизб рахна хӯрдааст: «Аслан ин ҳизб сохтори мураккаби идорӣ дошт.. Ҳатто шахсони бонуфуз ҳам сафи ҳизбро тарк кунанд, ягон дигаргунӣ нахоҳад шуд. Ман фикр намекунам, ки ин ду шахс дар дохили ҳизб таъсир дошта бошанд. Ҳарчанд ин ду шахс дар берун аз ҳизб имкониятҳои гуногун доранд, вале дар дохили ҳизб фишангҳоро аз даст додаанд.»

Мӯътабари Раштӣ, яке аз бонуҳои фаъоли сиёсӣ дар Тоҷикистон бар ин назар аст ки имрӯз ҲХДТ тавонии бардошти вазни се чеҳраи сиёсиро надорад. Ҳарчанд,ки Абдулмаҷид Достиев ва Маҳмадсаид Убайдуллоев таъсисдиҳандагони ин ҳизб буданд, вале вақт нишон дод, ки ин се чеҳра дар як роҳ ва як меҳвар вориди сиёсат шуданд. Вале имрӯз афкорашон дигар шудааст.

Хонуми Раштӣ мегӯяд: "Дар як киштӣ се наҳанг ҷой намегирад. Достиев дар ҳолатест, ки аллакай корашро анҷом дод. Дар бораи Убайдуллоев ки то куҷо саҳм дорад, ҳама медонад, ки дорад ва дошт. Инро касе инкор карда наметавонад. Ва инҳо ҳам аз вазифаашон канор рафтанд. Ин се нафар дар як ҳизб буда наметавонад, ҳарчанд аъзои як ҳизб ҳастанд, аммо афкорашон дигар аст. Ва ин ҳизб бояд дар тасарруфи як нафар бошад ва як нафаре ки ҳизбро роҳбарӣ карда тавонад ва ба ҳамин ҳам расид».

Таҳлилгари дигар, Қосими Бекмуҳамад мӯътақид аст, ки барканор шудани ин ду чеҳраи матраҳи сиёсӣ далели он аст, ки онҳо дасти кушод ба умури ҳизбӣ надоштанд. Чун дар қатори вазифаи муовинии ҳизб мансабҳои давлатӣ доштанд. Дигар ин ки ҳизб ба марҳилае расидааст, ки бояд чеҳраҳоро иваз кунад ва танҳо аз ин ду чеҳра ба унвони собиқадор ва таъсисдиҳанда ёд кунад.

Оқои Бекмуҳаммад бо далели ҷойгоҳи воқеиии ин ҳизб меафзояд, ки "ин чеҳраҳо дар умури давлатдории имрӯзаи Тоҷикистон метавонистанд, барои иртиқои ҷойгоҳии ҳизби халқии демократӣ суди бештаре биоранд. Вале имрӯз ки онҳо аз ин масъулият канор гузошта мешаванд ба маънои эътимоди роҳбарияти ин ҳизб ба нафси худ аст ва метавонад, дар шароити нав, ба истилоҳ, бо чеҳраҳои камтар матраҳ ва то ҷое ношинохта вориди саҳна шавад. Ва ба сурате пеш барад ки дар зеҳни мардум ин тасаввур ҳосил набошад, ки ҳизби ҳоким ҳамагӣ такя ба шахсиятҳо ва чеҳраҳое мекунад, ки масалан як-ду даҳа рӯи саҳна мебошанд."

Дар ин анҷуман ҲХДТ ҳамчунин феҳристи 22 номзади худро барои ширкат дар интихобот муаррифӣ кард. Дар он номи шахсиятҳое ҳам ҷойгир шудааст, ки феълан дар мансабҳои давлатӣ қарор доранд. Аз ҷумла, Амиршо Миралиев, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ, ки дар ҷои аввал дар рӯйхат омадааст. Пас аз он Ёқуб Саидов (вазири мелиоратсия ва об), Хайриниссо Юсуфӣ (раиси Кумитаи кор бо занон ва оила), Ҷумъабой Сангинов (вакили Маҷлиси намояндагон), Хадича Ҳакимова (вакили Маҷлиси намояндагон), Низом Қосим (шоир ва феълан роҳбари телевизиони бачагонаи «Баҳористон»), Абдураҳмон Хонов (ҷонишини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон), Зиёратшо Саъдуллоев (раиси Нуробод), омадааст.

Мӯсо Асозода, раиси созмони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, пас аз хатми анҷуман гуфт: «дар барномаи ҲХДТ афзалияти бештар ба рушди демократия дар ҷомеа, озодии сухан, таҳкими волоияти қонун, рушди соҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, мубориза бар зидди фасод, амалӣ гардонидани барномаҳои аҳамияти стратегии миллӣ дошта ва ҳоказо дода шудааст. Ҳамчунин, ҲХДТ бо чеҳраҳои шинохта вориди интихобот шуданист».

Ба ақидаи коршиносон, тағйирот дар ҳайати раҳбарии ҳизби ҳоким аз як сӯ баёнгари таҳкими он бо кадрҳои нав ва тақвияти нуфузи раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон буда, аз сӯи дигар метавонад, сароғози дигаргуниҳои куллӣ дар ҳукумати кишвар низ гардад, зеро дастикам афроде, ки аз тариқи рӯйхатти ҳизб ба Маҷлиси намояндагон ворид мешаванд, бо ҷои кори феълияшон падруд хоҳанд гуфт.

Ба ҳар сурат сабаби чунин тағйирот расман шарҳ дода нашудааст. Собиқ ноиби аввали раиси ҳизб, Давлаталӣ Давлатзода гуфтааст, номзадии худро ба интихоботи Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи инфиродӣ пешбарӣ хоҳад кард. Вокуниши Абдулмаҷид Достиев, ки бунёдгузори ҲХДТ ба шумор меравад ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба тағйирот дар ҳайати раҳбарии ҳизб маълум нашудааст.

Ба узвияти Кумитаи марказии иҷроияи ҳизб шомил шудани Рустами Эмомалӣ ақидаҳоеро тақвият медиҳад, ки ҲХДТ аз майли вориди сиёсати бузург шудани писари раиси ҳизб ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят мекунад. Қаблан ба мақоми муовини раиси Созсони ҷавонони Тоҷикистон расидани Рустами Эмомалӣ дар матбуот сарусадоҳоеро ба вуҷуд оварда буд, ки президент Раҳмон дар пайи тарбияи вориси қудрати худ аст.

Ҳизби Халқию Демократии Тоҷикистон мегӯяд, 125 000 узв дорад ва аксари мансабдорони ҳокимияти давлатӣ ва вакилони парлумони феълӣ худро ба ин ҳизб марбут медонанд.
XS
SM
MD
LG