«Азия-плюс» бо чопи акси бузурге аз Муҳиддин Кабирӣ дар сафҳаи нахусти худ ва таҳти унвони «Оппозитсия: - қадаме ба сӯи ҳукумат» ба барррасии Анҷумани пешазинтихоботии ин ҳизб ва ҳизби дигари дигарандеш ҲСДТ пардохтааст. Муаллиф суханрониҳои лидерони ин ду ҳизби умдаи мухолифи ҳукумат дар Анҷуманҳояшонро иқтибос карда ва аз ҷумла аз қавли оқои Кабирӣ навиштааст, ки интихоботи навбатии порлумонӣ барои ҷомеа, миллат ва ҳукумати Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ аст. Зеро, гуфтааст раиси ҲНИТ, интихобот ягона роҳи мутамаддини ширкати аҳзоб дар ҳаёти сиёсии кишвар аст, вале агар он бо тақаллуб ва бидуни назардошти раъйи мардум натиҷагирӣ шавад, фаъолияти гурӯҳҳои тундрав ва ифротгарои мазҳабӣ дар Тоҷикистон авҷ мегирад. Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, гуфтааст, то кунун роҳбарони ин ташаккули сиёсӣ ва аз ҷумла худи ӯ боре ҳам натавонистаанд аз шабакаҳои телевезиони сартосарии кишвар суханронӣ дошта бошанд, то афкору ақидаи ҳизби худро ба мардум бирасонанд. Аммо, гуфтааст ҷаноби Зоиров, ӯ мутмаин аст, ки ҲСДТ садди панҷдарсадии интихоботиро убур хоҳад кард ва вориди парлумон мешавад.
«Нигоҳ» зери сарлавҳаи «Оё ҲНИТ аз исломи сиёсӣ даст мекашад?» пурсишеро бо чанде аз коршиносон матраҳ кардааст. Саймуддин Дӯстов, раиси созмони иҷтимоии «Индем», ба ин суол посухи мусбат додааст. Ба ақидаи оқои Дӯстов, дар ду соли ахир дар муҳити динии кишвар ташаббус пурра ба дасти ҳукумати Тоҷикистон гузаштааст. Дӯстов афзудааст, ки идеологҳои ҳукуматӣ бо такя ба дастгоҳи бузурги маъмурӣ ва бо баргузории системаи чорабиниҳои махсус муҳити динии кишварро аз худ намудаанд. Онҳо ҳадафи танг кардани мавқеи ҲНИТ-ро доштанд ё на, маълум нест, изофа кардааст Дӯстов, вале яқин аст, ки онҳо бахусус дар якуним соли ахир заминаҳои иҷтимоии ҲНИТ-ро аз байн бурдаанд. Аммо Сайфулло Сафаров, коршиноси дигари тоҷик, гуфтааст, агар ҲНИТ аз исломи сиёсӣ даст кашад, ҳизби динӣ ба ҳизби дунявӣ табдил меёбад.
Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси тоҷик, ба суоли « Ба шаффоф доир шудани интихобот бовар доред», ки нашрияи «Озодагон» матраҳ кардааст, посух медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз як навъ ҳолати изтирориро дар минтақа дорад. Зеро, ба ақидаи ӯ, кишварҳои атроф ва баъзе абарқудратҳо интизоранд, ки бо ҳар баҳона вазъи дохилии кишварро шикананда бинанд. Аз ин рӯ, мегӯяд коршиноси тоҷик, баргузории интихоботи шаффоф, ки як навъ эътимоди миллиро ба вуҷуд оварад, имрӯз як зарурат ва як қадами бисёр муҳим барои амнияти миллист.
«Пайкон», яке дигар аз ҳафтаномаҳои мустақили чопи Душанбе, посухи Нуралӣ Саидов, дабири Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ба Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ-ро, ки мегуфт, даъватҳои ӯро ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи ахири ин шӯро ба инобат нагирифтанд, чоп кардаааст. Ба гуфтаи оқои Саидов, ин иддаои Зоиров бепоя аст, чаро ки дар ин нишаст аҳзоби узви ин Шӯро ҷамъ шуда буданд ва ҲСДТ узви ин Шӯро набуд.
«Фараж», нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, мусоҳибаеро бо Давлати Усмон, собиқ вазири иқтисод ва аз роҳбарони пешини мухолифини тоҷик, мунташир кардааст, ки дар он оқои Усмон омодагии аҳзоби дигарандеш ба интихоботи порлумониро нокофӣ хонда ва ҳамзамон аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки таблиғи аз ҳад зиёди бунёди нерӯгоҳи Роғун ин маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи порлумониро зери соя қарор додааст.