Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори вазирони дифоъи Тоҷикистону Покистон


Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, имрӯз дар Исломобод бо ҳамтои покистонияш Аҳмад Мухтор Чоудрӣ дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ин нахустин мулоқоти расмӣ ва чашм ба чашми ду вазир буд.

Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳар ду вазир масоили гуногуни марбут ба ҳамкориҳои низомии миёни ду кишварро баррасӣ карданд ва дар поёни нишаст протоколи ҳамкориҳои миёни вазоратҳои дифоъи ду кишвар имзо шуд.
Дар робита ба мубориза бо терроризм ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории наздик иброз намуданд ва тасмим гирифта шуд, ки миёни ду кишвар табодули ахбор дар ин бахш сурат мегирад...

Дипломати тоҷик афзуд, ки тибқи ин санад, табодули сафарҳои кории ҳайатҳои низомии ду кишвар ба Тоҷикистон ва Покистон сурат мегирад ва ҳамчунин Исломобод барои ба таҳсил фаро гирифтани кадрҳои низомии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст. Ба гуфтаи Зубайдуллоҳ Зубайдов, вазирони дифоъи Тоҷикистон ва Покистон мавзӯъи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва саҳмгирӣ дар таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла, дар Афғонистонро ҳам баррасӣ намуданд.

Ӯ мегӯяд, “ҳар ду ҷониб ишора карданд, ки мавзӯъи амнияти Афғонистон барои ҳарду кишвар муҳим аст ва талош карданд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти Афғонистонро пешниҳод намоянд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистону Покистон кумакҳои худро дар ин роҳ дареғ нахоҳад дошт. Дар робита ба мубориза бо терроризм ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории наздик иброз намуданд ва тасмим гирифта шуд, ки миёни ду кишвар табодули ахбор дар ин бахш сурат мегирад”.

Сафири Тоҷикистон дар Покистон ҳамчунин гуфт, ки “қарор аст дар оянда тасмоми вазоратҳои қудратии Тоҷикистон бо ҷумҳурии исломии Покистон ҳамкориҳоро дар бахши мубориза бо терроризм ба роҳ монанд”.

Шералӣ Хайруллоев дуввумин раҳбари як ниҳодии низомии Тоҷикистон аст, ки тайи ду моҳи ахир аз Покистон дидан мекунад. Охирҳои моҳи октябр раиси кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хайриддин Абдураҳимов низ барои нахустин бор ба Исломобод сафар карда ва бо раисиҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ ва сарони ниҳодҳои низомиву амниятии Покистон дидору гуфтугӯ карда буд.

Коршиносон фаъол шудани робитаҳо миёни ниҳодҳои низомӣ ва амниятии ду кишварро бо афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ дар минтақа ва имкони то ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, густариш ёфтани ифтротгароӣ марбут мекунанд. Сафари Хайриддин Абдураҳимов дар ҳоле сурат гирифта буд, ки мақомоти Афғонистон аз интиқоли теъдоди бузурги мусаллаҳони Ҷунбиши исломии Узбакистон аз манотиқи қабоилнишини Покистон ба шимоли Афғонистон, ба манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон, хабар дода буданд.

Аз сӯи дигар, чанд тарҳе низ, ки Тоҷикистону Покистон татбиқ карданианд, аз ҷумла, бунёди хатти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон ва бунёди роҳу нақбҳо ба хотири фаъолтар намудани ин робитаҳо низ ба таъмини амният ниёз доранд, зеро онҳо аз як бахши Афғонистон ва манотиқи наздик ба қароргоҳҳои гурӯҳҳои ошӯбгару ифротгаро дар Покистон убур мекунанд.

Сафари вазири дифоъи Тоҷикистон ба Покистон фардо ҳам идома хоҳад кард ва қарор аст, ки генерал Хайрулоевро раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба ҳузур пазирад. Шералӣ Хайруллоев фардо бо дигар мақомоти баландпояи Покистон, аз ҷумла, масъулини хадамоти амниятии ин кишвар ҳам дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG