Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ ва баррасии мушкилоти занони тоҷик


Гурӯҳе аз занон дар дидор бо раиси ҲНИТ, Муҳиддини Кабирӣ гуфтанд, ҳарчанд Тоҷикистон давлати демократӣ ва дунёвӣ унвон шудааст ва тибқи қонунгузории он эътиқод ва ҳуқуқҳои фитрии инсон арзиши олӣ доранд, ҳуқуқҳои мазҳабии шаҳрвандон дар баъзе ҳолатҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ поймол мешаванд.

Беш аз 100 нафар занон дар Маркази фарҳангии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо намояндаи ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар Маҷлиси Намояндагон изҳори нигаронӣ карданд. Занон аз Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси намоядани мардуми дар Маҷлиси Намояндагон талаб карданд, ки аз ҳуқуқҳои мазҳабии онҳо дар ин ниҳод ҳимоя кунад ва ҳамчун пешвои ҳизби динӣ хоҳиши онҳоро то ба сатҳи давлатӣ расонад.
Як гӯрӯҳ омадан барои ҷавоб пайдо кардан ба масъалаи сатр. Гурӯҳи дигар ба масоили озодиҳои фардӣ. Як гурӯҳи дигарашон воқаен шикоят аз интихоботҳои гузашта доштанд ки дар гузашта онҳо талош карданд вале натиҷаи интихобот тақадллуб шуд...


Занон аз он изҳори нороҳатӣ карданд, ки ҳарчанд 99 дарсади ҷомеа мардуми мусулмон ҳастанд ва аз як мазҳаб пайравӣ мекунанд, мақомоти давлатӣ барои хонаводаҳое ки мехоҳанд, фарзандонашонро ба гунаи мазҳабӣ тарбия кунанд, монеа эҷод мекунанд. Занон дар робита ба манъи ҳиҷоб дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва ба ин васила аз таълим бебаҳра мондани духтарҳояшон, шикоят карда, хостори он шуданд, ки ҲНИТ ҳамчун ҳизби динӣ бояд ба ин масъала расидагии комил кунад ва мушкилоти онҳоро ба давлати Тоҷикистон расонад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар посух бу суоли занон иброз дошт, ки иҷрои ибодат ва пӯшидани ҳиҷоб ин ҳуқуқҳои фардии занон аст. Ва ҳеҷ як тавсияи Вазорати маориф наметавонад, ҳукми қонунӣ дошта, занонро аз таҳсилу кор маҳрум кунад.

«Сарқонун дорем иҷоза медиҳад. Қонуни маориф иҷоза медиҳад. Фақат мо бо баъзе дастурҳои вазорати маориф мушкил дорем, ки он ҳам хислати тавсиявӣ дорад. Маънои тавсия чӣ аст.? Он аст ки Шумо метавонед риоя кунед, намехоҳед накунед. Ин қонун нест. Барои ҳамиин бояд аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошед».

Соли 2007 Вазорати маорифи Тоҷикистон дастур нашр кард, ки тибқи он пӯшидани ҳиҷоб дар таълимгоҳҳо манъ аст. Ва тибқи он иддае аз духтарони ҳиҷобдор аз муассисаҳои олӣ ва миёна хориҷ карда шуданд. Бархе аз онҳо бо иддаои поймол шудани ҳуқуқашон ба додгоҳ муроҷиат карданд, вале пуштибонӣ надиданд. Дастури дигар аз Шӯрои уламои Тоҷикистон сар зада буд. Он фатво баровард, ки ба масҷид рафтани занон барои адои намози ҷумъа манъ аст. Ва ин ду масъала аз ҷузъёти асосии мӯҳтавои вохӯрии пешвои ҳизби динии Тоҷикистон бо занони мазҳабӣ буд.

Иддае аз ширкаткунандагони нишаст дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфтанд, хуб мешуд, агар ҳар як вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон бо занон чунин вохӯриҳоро доир менамуд. Ва занон ҳарфи гуфтанӣ барои онҳо зиёд доранд.

Муҳиддин Кабирӣ бо ишора ба он, ки масҷиди ҲНИТ як маркази фарҳангист ва дар ин марказ як рӯз барои адои намоз иҷоза дода шудааст, гуфт ки ҳама ин иҷозаро доранд, ки дар инҷо ибодат кунад. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳар фарде ки бо роҳи фаҳмиши худ даъват ба ислом мекунад, аз ин минбар истифода барад. Зеро эҳтимолан бо баъзе тафсирҳо ҳам худ ва ҳам ҳизбро бо мушкилот рӯбарӯ кунад.

Ҳарчанд оқои Кабирӣ аз ҳувияти ингуна афрод ё гурӯҳҳо ном набурд, эҳтимол меравад, ишораи ӯ ба гурӯҳҳои ифротгаро дахл дошт, ки ҳизби наҳзати исломӣ, тибқи изҳороти батакрораш дар фаъолиятҳои худ ҳамеша аз онҳо фосила гирифтааст. Оқои Кабирӣ афзуд, ки ҳарчанд занон имрӯз даҳҳо мушкилоти дигари иҷтимои ва фарҳангӣ доранд, вале бо назардошти он ки ҲНИТ ҳамчун ҳизби динӣ аст, ин қишр барои ҳимояи ҳуқуқҳои мазҳабиашон ба роҳбарияти ин ҳизб муроҷиат мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт: «Касоне ки дар ин ҷо ҳузур доштанд, ҳамаи онҳо вориди масоили интихоботӣ ва сиёсӣ нестанд. Ҳар кадомаш як мушкилие доранд. Як гурӯҳ омадан барои ҷавоб пайдо кардан ба масъалаи сатр. Гурӯҳи дигар ба масоили озодиҳои фардӣ. Як гурӯҳи дигарашон воқеан шикоят аз интихоботҳои гузашта доштанд, ки дар гузашта онҳо талош карданд вале натиҷаи интихобот тақадллуб шуд. Ва як каме ноумедӣ дар онҳо эҳсос мешавад.»

Ба эътиқоди ҷаноби Кабирӣ, занон ҳар қадаре ки дар дифои ҳиҷоби хеш ба мушкили дучор мешаванд, ҳамон қадар ба азиз будани
ҳиҷобро дарк хоҳанд кард. Ва набояд ба иллати тасмимҳои тавсиявии Вазорати маориф дар манъи ҳиҷоб, аз ҳуқуқҳои динии хеш даст кашанд.

Пешвои ҲНИТ аз занони фаъоли мазҳабӣ даъват кард, аз арзишҳои динӣ ва ҳуқуқи мазҳабии хеш тибқи қонугузориҳои Тоҷикистон дифоъ кунанд. Дар ин нишаст занон аслан танҳо ба ду масъала тамаркуз карданд, ки ба манъи ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ ва интихоботи дар пешистода вобаста буд. Ба гуфти Муҳиддин Кабирӣ ин вохӯрӣ дар арафаи интихоботи порлумонӣ барпо шуд ва занон низ ҳамчун як қишри бузурги ҷомеа метавонанд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ таъсиргузор бошанд.
XS
SM
MD
LG