Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарахтҳоро ҳифз кунед


Идораи ҳифзи муҳити зист дар Кӯлоб барои ҳифозати дарахтон аз буридан як гурӯҳи вижаро ба навоҳии кӯҳистонии ин минтақа сафарбар намудааст.

Ҷӯра Амиршоев, сармутахассиси шӯъбаи ҳифзи олами набототи бозрасӣ, мегӯяд, гурӯҳи созмондодаи онҳо бо намояндагони мақомоти интизомии маҳаллаҳо то ба поён расидани зимистон ҷангалҳоро назорат хоҳанд кард. Зеро, ба гуфтаи ӯ, маҳз дар фасли зимистон сокинон даст ба буридани дарахтон мезананд ва дар паи ин амал таи даҳ соли ахир аксари ҷангалҳо дар навоҳии кӯҳистони Кӯлоб ба нестӣ расидааст.

Аммо, дар ҳамин ҳол, сокинони деҳоти кӯҳистон мегӯянд, дар фасли сармо, замоне, ки барқ нест, эшон ба ҷуз истифодаи ҳезум воситае надоранд. Меҳрӣ Шерова, сокини деҳаи Хуҷабоғи ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, танҳо дар сурате онҳо аз буридани дарахтон даст мекашанд, ки воситаи дигаре барои гармшавӣ, мисли ангишту газ дастрас намоянд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷӯра Амиршоев мегӯяд, барои ҳар як сокини кӯҳистон ҷамъоварии ҳезуми хушк иҷоза дода шудааст, аммо чун дастрасии он мушкил аст, онҳо ба бурридани тарахтони сабз даст мезананд. Вай мегӯяд, воқеан онҳо ин мушкили сокинонро дарк мекунанд, вале ба ҳар қиммате набошад, бояд пеши роҳи дарахтбурӣ ва маҳви ҷангалзорҳо гирифта шавад.

Феълан, мувофиқи қавонини Тоҷикистон барои буридани як дарахти оддӣ, вобаста ба бузургии он аз 35 то 300 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Бад ин тартиб, идораи ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб таи 11 моҳи ахир беш аз 700 нафарро барои бурридани дарахтони сабз ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
XS
SM
MD
LG