Афви Байнулмилал мегӯяд, мақомоти давлат бояд нақзи ҳуқуқи занонро на кори хонаводагӣ, балки ҷурми иҷтимоӣ шуморанд ва мавриди таъқибу муҷозот қарор диҳанд.
Дар робита ба ин гузориши созмони Афви Байнулмилал гуфтугӯе доштем, бо муаллифи он, Андреа Страссер-Каманӣ ва нахуст аз ӯ пурсидем, чӣ гуна метавон ҳамин мавзеъгирии деринаро, ки латукӯби зан ё бадрафторӣ ба ӯ як кори оилавист, аз зеҳни аҳли ҷомеа берун кард ва ба тағйири вазъ роҳ кушод?
Андреа Страссер-Каман: "Ҳарчанд мо арқому далели зиёд дорем, ки пазироии густардаи ҷомеаро аз чунин мавзеъгирӣ тасдиқ мекунад, яъне қобили қабул будани хушунати алайҳи занонро, мо ҳамчунин дар кишвар теъдоди зиёди занони фаъолеро дорем, ки бо чунин ҷиноятҳо мубориза мебаранд ва ё талош доранд, мубориза баранд, хурофотро аз байн баранд ва ақидаи умумиро тағйир диҳанд, то ки зӯроварӣ ба зан дар мамлакат ғайри қобили қабул гардад ва умеди бузурге ба мардуми фаъоли Тоҷикистон дорем, ки чунин муносибатро ба чолиш кашанд. Ва, албатта, инро ҳам бояд гуфт, ки дар байни аъзои ҳукумат низ онҳое ҳастанд, ки талош доранд, роҳи ҳалле пайдо кунанд ва барномаҳоеро ба тасвиб расондаанд, вале то ҳол мушкилиҳои зиёде мавҷуданд, махсусан дар робита ба захираву воситаҳо ва иродаи қавитари сиёсӣ дар татбиқи амалии барномаҳо. Вале мо гуфта метавонем, он ҷо мардумоне ҳастанд, ки аз масъала бисёр огоҳии хуб доранд ва кӯшиш доранд, коре кунанд. Албатта, ин як мушкили бузург аст, вақте бахши аъзами аҳолӣ хушунатро масъала намешуморад ва бисёриҳо тамоюл доранд, аз он истифода кунанд."
Радиои Озодӣ: То ҷое ки ба назар мерасад, ҳатто занони таҳсилдида, ки метавонанд, аз ҳаққи худ дифоъ кунанд, низ мавриди хушунат қарор мегиранд. Ин ҳам дар ҳоле ки ҷомеаи Тоҷикистон мардсолор аст. Оё дар чунин ҳолат танҳо ба умеди созмонҳои ғайридавлатӣ, чанде аз фаъолон ва кормандони сатҳи поёнии ҳукумат метавон фикр кард, ки масъала имкони ҳал шуданро дорад?
Андреа Страссер-Каман: "Албатта, не. Биноан мо дар тавсияҳои худ тақозо дорем, ки ҳукумат бояд мудохила кунад. Бояд барномаро сармоягузорӣ ва иҷрои онро таъмин кунад. Тоҷикистон барномаи мушаххас дорад ва ҳам шӯрои ҳамоҳангии ҷилавгирӣ аз хушунат вакумитаи марбута низ. Аммо сармоягузории мушаххас ва тарҳи рӯшани иҷрои барнома мавҷуд нест. Мо ҳамчунин мехоҳем иродаи қавии сиёсиро дар ҳамаи сатҳҳо ангезиш диҳем, ки барнома дар ҳоли шиори холӣ боқӣ намонад. Зеро бо иродаи ҳақиқии сиёсӣ наметавон ба пеш ҳаракат кард. Қонунҳо бояд иҷро шаванд ва ҳамчунин тарҳи қонуне, ки ҳимояти иҷтимоӣ аз хушунати хонаводагиро таъмин мекунад, бояд ба тасвиб расад. Он дар ҳоли ҳозир дармондааст ва ирода даркор аст, ки ин ташаббус амалӣ гардад ва ҳамчунин ва нақшаи мушаххаси иҷрои он омода гардад. ман фикр мекунам, бисёре аз хостҳо танҳо забониянд ва азми ҷиддии татбиқи онҳо ва хатти муайяни шеваи татбиқи онҳо мавҷуд нест."
Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, ҳангоме ки пажӯҳиш мекардед, чӣ вижагиҳое дар вазъи занони тоҷик дарёфтед ва осебпазиртарин қишри онҳо кадом аст?
Андреа Страссер-Каман: "Ончӣ мо дидем ва дар рафти муколамаҳои зиёд бо созмонҳои ғайридавлатӣ, қурбониёни хушунат ва намояндагони давлат, чунин дарёфтем, ки беш аз ҳам занони ҷавон ва заноне, ки сабти расмии издивоҷ надоранд, яъне танҳо бо никоҳи мусулмонӣ иктифо кардаанд, беш аз ҳама маврид хушунат қарор мегиранд. Онҳое, ки сабти расмии издивоҷ надоранд дар дифоъ аз ҳуқуқи худ бо душвориҳои шадид рӯбарӯянд, махсусан таъини падари фарзандонашон ва ё ронда шудан аз манзили зист ва монанди инҳо. Аслан метавон гуфт, аксари кулли занон ва махусан дари деҳот бо хушунат рӯбарӯянд. Бахусус онҳое, ки шавҳарашон барои дарёфти шуғл ба хориҷа рафтаанд, мавриди бадрафтории хешовандони шавҳар қарор мегиранд ва махсусан вақте ки интиқоли пули ин муҳоҷирон коҳиш меёбад ва ё қатъ мешавад. Баъзе шавҳарҳо ба мардикорӣ рафта, дигар барнамегарданд ва занони худро аз тариқи телефон талоқ медиҳанд. Ин занҳо ҳатман ҳадафи бадрафтории хешовандони шавҳар қарор мегиранд ва оқибат аз хона ронда мешаванд. Ин як вижагиест, ки ба думболи муҳоҷирати васеи мардҳо аз Тоҷикистон ба миён омадааст."
Радиои Озодӣ: Хуб, бар пояи ин ёфтаҳо ва хулосаҳо созмони Шумо, яъне Афви байнулмилал ба ҳукумат муроҷиат кард, ки вазъро тағйир диҳад. Умдатан чунин тавсияҳои Афви байнулмилал чӣ вокунишҳое ба бор меорад ва интизориҳои Шумо аз ҳукумати Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Андреа Страссер-Каман: "Мо бо намояндагони ниҳодҳои гуногун сӯҳбат кардем ва вокуниш куллан хеле мусбат аст. Аз он лиҳоз ки ҳукумат аз вазъият хеле бохабар аст ва эътироф мекунад, ки чунин мушкил вуҷуд дошта, тағйири он хеле муҳим аст. Ин қадами муҳиме барои эътирофи вазъ аст. Вале инро ҳам бояд бигӯям, ки дар сатҳи маҳалҳо, дар байни мақомоти маҳаллӣ ҳамчунин муносибатеро дидем, ки баробар бо нодида гирифтани мушкил аст. Онҳо мавҷудияти масъаларо рад мекунанд ва мегӯянд, зани хуб мавриди хушунат қарор намегирад. Яъне ҳарчанд афроди калидӣ дар ҳукумати марказӣ хостори мубориза бо хушунатанд, кори зиёде бояд кард, ки мақомоти маҳаллиро низ ба ин мубориза шарик кард ва муносибати онҳоро ба масъала тағйир дод."
Дар замимаи ин гуфтугӯ видеоеро пешкаш мекунем, ки дар бораи ҳаёти наварӯс дар хонаи шавҳар:
Дар робита ба ин гузориши созмони Афви Байнулмилал гуфтугӯе доштем, бо муаллифи он, Андреа Страссер-Каманӣ ва нахуст аз ӯ пурсидем, чӣ гуна метавон ҳамин мавзеъгирии деринаро, ки латукӯби зан ё бадрафторӣ ба ӯ як кори оилавист, аз зеҳни аҳли ҷомеа берун кард ва ба тағйири вазъ роҳ кушод?
Ин як мушкили бузург аст, вақте бахши аъзами аҳолӣ хушунатро масъала намешуморад ва бисёриҳо тамоюл доранд, аз он истифода кунанд...
Андреа Страссер-Каман: "Ҳарчанд мо арқому далели зиёд дорем, ки пазироии густардаи ҷомеаро аз чунин мавзеъгирӣ тасдиқ мекунад, яъне қобили қабул будани хушунати алайҳи занонро, мо ҳамчунин дар кишвар теъдоди зиёди занони фаъолеро дорем, ки бо чунин ҷиноятҳо мубориза мебаранд ва ё талош доранд, мубориза баранд, хурофотро аз байн баранд ва ақидаи умумиро тағйир диҳанд, то ки зӯроварӣ ба зан дар мамлакат ғайри қобили қабул гардад ва умеди бузурге ба мардуми фаъоли Тоҷикистон дорем, ки чунин муносибатро ба чолиш кашанд. Ва, албатта, инро ҳам бояд гуфт, ки дар байни аъзои ҳукумат низ онҳое ҳастанд, ки талош доранд, роҳи ҳалле пайдо кунанд ва барномаҳоеро ба тасвиб расондаанд, вале то ҳол мушкилиҳои зиёде мавҷуданд, махсусан дар робита ба захираву воситаҳо ва иродаи қавитари сиёсӣ дар татбиқи амалии барномаҳо. Вале мо гуфта метавонем, он ҷо мардумоне ҳастанд, ки аз масъала бисёр огоҳии хуб доранд ва кӯшиш доранд, коре кунанд. Албатта, ин як мушкили бузург аст, вақте бахши аъзами аҳолӣ хушунатро масъала намешуморад ва бисёриҳо тамоюл доранд, аз он истифода кунанд."
Радиои Озодӣ: То ҷое ки ба назар мерасад, ҳатто занони таҳсилдида, ки метавонанд, аз ҳаққи худ дифоъ кунанд, низ мавриди хушунат қарор мегиранд. Ин ҳам дар ҳоле ки ҷомеаи Тоҷикистон мардсолор аст. Оё дар чунин ҳолат танҳо ба умеди созмонҳои ғайридавлатӣ, чанде аз фаъолон ва кормандони сатҳи поёнии ҳукумат метавон фикр кард, ки масъала имкони ҳал шуданро дорад?
Андреа Страссер-Каман: "Албатта, не. Биноан мо дар тавсияҳои худ тақозо дорем, ки ҳукумат бояд мудохила кунад. Бояд барномаро сармоягузорӣ ва иҷрои онро таъмин кунад. Тоҷикистон барномаи мушаххас дорад ва ҳам шӯрои ҳамоҳангии ҷилавгирӣ аз хушунат ва
Онҳое, ки сабти расмии издивоҷ надоранд дар дифоъ аз ҳуқуқи худ бо душвориҳои шадид рӯбарӯянд...