Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи гурӯҳи мусаллаҳ дар деҳаи Ворух


Мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, гурӯҳи мусаллаҳе, ки аз Тоҷикистон ба вилояти Бодканд гузашта буд, ба деҳаи Ворухи Тоҷикистон ворид шудааст.

Аъзои ин гурӯҳ, ки теъдодашон аз ҳашт то даҳ нафар ҳадс зада мешуд, чанд рӯз пеш бо марзбонҳои қирғиз дар постгоҳии Куктоши вилояти Бодканд вориди даргирӣ шуда буданд.

Мақомоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар доданд, ки дар ин ҳодиса ба нафаре аз марзбонҳо осеб нарасидааст ва онҳо таъқиби гурӯҳи мусаллаҳи марзшиканро идома медиҳанд. Баъдан марзбонҳо, дар мавзеи Кочоқорин, ки дар канори деҳаи Куктош воқеъ аст, як норинҷак ва чаҳор борхалтаи аъзои ин гурӯҳро ошкор карданд.

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон атрофи деҳаи Ворухро муҳосира кардаанд ва аммо амалиётро дар ин деҳа марзбонҳо ва кормандони милисаи Тоҷикистон идома медиҳанд ...
Саидҷон Ератов, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон дар вилояти Бодканд, ба радиои Озодӣ гуфт, ки, тибқи иттилои онҳо, аъзои гурӯҳи мусаллаҳ айни ҳол дар деҳаи Воруханд. Ӯ афзуд, ки нерӯҳои марзбонии Қирғизистон атрофи деҳаи Ворухро муҳосира кардаанд ва аммо амалиётро ин деҳа марзбонҳо ва кормандони милисаи Тоҷикистон идома медиҳанд.

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон “мо ҳақи вуруд ба ин деҳаро надорем, зеро он қаламрави Тоҷикистон аст ва мо фақат гирду атрофи онро таҳти назорат мекунем”.

Ва аммо хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳодисаи убури ғайриқонунии марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва баъдан ба қаламрави кишвар баргаштани гурӯҳи мусаллаҳро рад кард. Масъулини хадамоти марзбонӣ гуфтанд, ки воқеан ҳам чанд рӯз пеш сарҳадбонҳои тоҷик дар наздикии посгоҳи Кӯктоши Қирғизистон садои тирпарониро шунидаанд ва ба ин хотир посбонии марзро таҳким бахшидаанд.

Дар ҳамин ҳол Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо марзбонҳои қирғиз ба хотири ошкор ва боздошт кардани аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳро таъйид кард. Ӯ гуфт, “марзбонҳои Тоҷикистон бо сарҳадбонҳои қирғиз ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Ҳоло чораҳои ҳарбии муштарак барои ошкор, пешгирӣ ва боздошт намудани гурӯҳи ҷинояткор, ки бо марзбонҳои қирғиз вориди задухурд шуда буданд, идома дорад”.

Ва аммо мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз ифшои иттилоъ дар мавриди дар кадом минтақа идома кардани ба истилоҳ “чораҳои фаврии ҳарбии муштарак” худдорӣ намуданд.



XS
SM
MD
LG