Довари ин мусобиқа Абдурашид Маҳмадҷонов, мураббии муштзанҳои тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чаҳорумин давраи ин мусобиқаи байнулмилалӣ беш аз 100 варзишгари синни 17-18-сола аз кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон - ширкат карданд.
Оқои Маҳмадҷонов афзуд: «Дар вазни сангин - беш аз 91 кг - чаҳор нафар қувваозмоӣ карданд. Меҳроҷиддин Каримов рӯзи аввали мусобиқа бар Мухтор Бозорбоеви фарғонагӣ бо бартарии комил пирӯз шуд. Сипас дар қувваозмоии ниҳоӣ бар муштзани шаҳри Олмалиқ Дилшод Абдултаев аз рӯи холҳо бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Бояд гуфт, ки дар се мусобиқаи пешин дар вазни сангин мизбонон -муштзанҳои Узбакистон ғолиб омада буданд ва барои аввалин бор ғалаба насиби варзишгари меҳмон гардид».
Ба иттилоъи Абдурашид Маҳмадҷонов муштзани кӯҳпайкари 17-солаи тоҷик Меҳроҷиддин Каримов, ки ба ӯ дар ин мусобиқа лақаби «Гулливери тоҷик» дода шуд, барои чаҳорумин бор дар мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат карда, натоиҷи баланд ба даст меорад. Вай дар Қазоқистон, Русия ва Узбакистон 7 қувваозмоӣ карда, дар 6-тоаш дастболо шудааст.
Муштзани дигари тоҷик Ислом Саймадови хуҷандӣ, ки дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳри Олмалиқ дар вазни то 54 кг ду пирӯзӣ ба даст овард, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Ба гуфтаи оқои Маҳмадҷонов муштзанҳои тоҷик дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барояшон як марҳилаи омодагӣ ба нахустин Бозиҳои олимпии наврасони соли 2010 дар Сингапур маҳсуб мешуд, бо кӯмаки молии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ширкат карданд.