Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳс сари мӯҳтавои "Маърифати ислом"


Фанни нави дарсӣ дар бораи дини мубини ислом дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон. Мӯҳтавои он чиро дар бар мегирад ва онро кӣ бояд дарс диҳад?

Муҳаммадризо Шодиев, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии Вазорати маориф, ки яке аз муаллифони “Маърифати ислом” будааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин китоб бо ширкати донишмандон ва бархе аз устодони Донишкадаи давлатии исломии Имом Абӯҳанифа омода шудааст. Ва дар ин китоб, ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ ғаразу дидгоҳҳои як давлати дунявӣ ҷой нагирифтаанд: “Дар ҳайъати корӣ шахсони варзида аз уламои исломӣ дохил карда шуданд, ки онҳо аз моҳи апрел инҷониб кор карда истодаанд. Доир ба мавзӯъҳое, ки дар барнома пешбинӣ шудааст, мавод гирд овардаанд ва ин мавод имрӯз таҳрир шудааст ва аллакай нусхаи намунавии ин китоб низ аз чоп баромадааст. Қарор аст то соли нави таҳсил “Маърифати ислом” ба дасти устодону хонандагон бирасад”.

Саид Аҳмадов, собиқ раиси Кумитаи дини назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ва яке дигар аз муаллифони “Маърифати ислом” дар сӯҳбат ба барномаи “Оини мадоро” гуфт, ин китоби нави таълимӣ бидуни ширкати рӯҳониёни алоҳида, ки дар маҳаллҳои мухталифи Тоҷикистон нуфуз доранд, навишта шудааст. Вале ба гуфтаи ҷаноби Аҳмадов, назару пешниҳодоти онҳо дар бораи чунин як китоби нави таълимӣ дар бораи дини ислом пештар ироа шудааст, ки онҳо дар ҷараёни таҳияи ин барнома аз он пешниҳодҳо низ истифода кардаанд: “Фақат фикрашонро пештар гуфта буданд дар нисбати барнома. Ва аз фикри онҳо дар вақти коркарди барнома истифода шудааст. Аммо бевосита худи онҳо ширкат надоштанд”.

Дар ҳамин ҳол, рӯҳониён аз ин шиква мекунанд, ки барномаҳои таълимӣ дар бораи дини мубини ислом аксаран бидуни ширкати онҳо таҳия ва омода мешавад ва бинобар ин аз нуқсонҳо орӣ нест. Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд ва сархатиби масҷиди Шайх Маслиҳатдин дар Хуҷанд, дар сӯҳбат ба “Оини мадоро” таҳияи ҳамагуна китоб ё барномаи диниро бо ширкати рӯҳониён зарур донист. Вай гуфт: “Дар ҳақиқат бояд ҳар маводе, ки ба ақидаи исломӣ, ба таърихи ислом ва ё умуман дин таллуқ дошта бошад, аз назари мутахассис гузарад. Дар таҳияи ин барнома мо ҳам будем ва ман якчанд маротиба ширкат кардаам”.

Нуктаи дигаре, ки аксарият ба он таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва пайваста мепурсанд, мӯҳтавои ин китоби нави таълимӣ дар бораи дини мубини ислом аст. Муҳаммадризо Шодиев, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии вазорати маориф ва яке аз муаллифони “Маърифати ислом” мегӯяд, ин китоб аз панҷ боб таркиб ёфта, мӯҳтавои он аз замони зуҳури ислом то ислом дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Саид Аҳмадов, раиси собиқи Кумитаи дини назди раисиҷумҳур ва яке дигар аз муаллифони “Маърифати ислом” мегӯяд, ки ин китоби нави таълимӣ аз барномаҳои дигар дар бораи таърихи адён, аз ҷумла ислом, ки қаблан дар мактабҳо тадрис мешуд, тафовут дорад. Ба гуфтаи вай, дар ин китоби нави таълимӣ нигоҳи пештараи диншиносии марксистӣ ё диншиносии ғарбӣ чандон ҷой надорад.

Дар ҳамин ҳол, Шерзод Абдуллозода, донишманди тоҷик, мегӯяд, истифода аз манбаҳои мухталиф барои таҳияи як китоб ба мӯҳтавои он халал намерасонад. Аммо вай мегӯяд, дақиқ намедонад, ки таҳиягарони ин китоби нави дарсӣ дар бораи дини мубини ислом аз кадом манбаъҳо истифода кардаанд. Аммо вай манбаҳоеро, ки дар замони Шӯравии ба қавле динкуш, ки дар бораи дин таҳия шудаанд, манбаъҳои манфӣ арзёбӣ накард ва истифода аз онҳоро аз манфиат холӣ надонист.

Аммо рӯҳонӣ Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода, ки раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон аст, ин тасмими вазорати маорифро талоше барои даҳонбандии рӯҳониён медонад. Вай мегӯяд, дар ин китоб таҳиягарони он талош кардаанд, ки хостаҳои давлат ва мавзеъгирии он дар баробари дини исломро ҷой диҳанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, омӯзиши таърихи дин чандон ба манфиат нест. Беҳтар аст, ба гуфтаи Ҳоҷӣ Қаландар, таълимоти Қуръон, ки аз худ изофа карданҳо дар он ғайримумкин аст, дар мактабҳо таълим дода шавад.

Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода дар навбати дигар таълими “Маърифати ислом” барои хонандагони синфи ҳаштумро нодуруст мешуморад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи вай хонандагон дар замони синфҳои ибтидоӣ ба синни балоғат мерасанд, бояд ба омӯзиши ин фанн аз синфҳои ибтидоӣ шурӯъ кард.

Ва акнун мушкиле, ки дар миён омадааст ин аст, ки фанни нав дар бораи исломро дар мактабҳои миёна кӣ бояд дарс диҳад: мулло ё омӯзгор? Агар бархеҳо гӯянд, ки ин дарс аз сӯйи рӯҳониён ва ё ба истилоҳи хеле маъмул муллоҳо тадрис шавад, бархеи дигар тадриси ин фанн аз сӯйи устодони таърих ва адабиётро муҳим медонанд. Ба ин маънӣ, вазорати маорифи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳудуди чорсад омӯзгори фанни таърих ва адабиётро дар институтҳои такмили ихтисос мавриди санҷишу омӯзиш қарор диҳад. Муҳаммадризо Шодиев мегӯяд, аммо аз соли оянда дар Донишкадаи давлатии исломии Имом Абӯҳанифа онҳо устодони фанни “Маърифати ислом”-ро омода хоҳанд кард, ки ба гуфтаи ӯ роҳҳали ин мушкил хоҳад буд.

Шерзод Абдуллозода, коршинос ва донишманди ин соҳа ҳам ташкили бахшҳои диншиносӣ ё исломшиносӣ дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистонро зарур медонад. Ба назари вай, ба ин тартиб мешавад, ки ин фанни навро бо нозукиҳои ба худ хосаш ба хонандагон фаҳмонид.

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, сархатиби масҷиди Шайх Маслиҳатдин дар Хуҷанд, мегӯяд, ҳар нафаре, ки бахши забонҳои арабиро хондааст ва ё мадарсаро хатм кардааст, метавонад ин фанро таълим диҳад. Вале ба таъкиди вай, қабл аз ҳама он нафароне, ки ба тадриси ин фанн мепардозанд, бояд ба эътиқоди худ собит бошанд.

Саид Аҳмадов ширкати ҳам рӯҳониён ва ҳам омӯзгоронро дар таълими фанни “Маърифати ислом” муҳим мешуморад. Вай мегӯяд, бояд ба тадриси ин фанн, ки дар он аз Қуръону фиқҳу нубуват низ сӯҳбат меравад ва ба ҳич ваҷҳ устодони таърих аз он огоҳии комил надоранд, бояд рӯҳониён ҷалб шаванд. Вале ба гуфтаи ӯ, рӯҳониёни суннатӣ ва ба истилоҳ рӯҳониёни ором ё нарм ҷалб шаванд, ки хонандагонро таҳти таассуб нагиранд ва ба таблиғи дин напардозанд.
XS
SM
MD
LG