Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши дин дар зиндагии сокинони Тоҷикистон


Дин ё мазҳаб дар зиндагии Шумо чӣ нақше дорад: нақши бузург, нақши андак ва ё ҳич нақше?

Ин суолро дар нахустин барномаи вижаи мазҳабии Радиои Озодӣ баррасӣ кардем. Тарҳи чунин як барнома чанд муддат баҳс мешуд ва билохира ин барнома замоне рӯйи кор омад, ки вазъи дину мазҳаб, бахусус, муносибати ниҳодҳои давлатӣ бо дину диндорон дар ҳоли таҳаввул аст.

Дар шумораҳои ин барномаи вижа ба ҳама масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон нигоҳи амиқтаре хоҳем андохт, аммо ин навбат рӯйи ин мавзӯъи дар назари аввал кӯчак, аммо фарох меандешем, ки дин дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон чӣ нақшеро дорост.

Назарпурсии Озодӣ

Вақте ин суолро дар сомонаи интернетии Радиои Озодӣ гузоштем, бисёриҳо шеваи саволгузории моро танқид карда, гуфтанд, ки дин ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии онҳост. Ва онҳо зиндагии амну осоишта ва хуррамонаи худро бидуни дин тасавввур карда наметавонанд.

Натоиҷи назарсанҷии ғайрирасмии сомонаи радиои Озодӣ
Аз ин ҷост, ки дар ин назарпурсии ғайрирасмии Озодӣ бештар аз 260 нафар ширкат карда, 71 дарсади онҳо нақши дин дар ҳаёти худро бузург донистаанд. 9 дарсади онҳо гуфтаанд, ки дин дар зиндагии ҳамарӯзаи онҳо нақши андаке дорад. Аммо барои зиндагии 18 дарсади дигар дин ҳич нақшеро доро набудааст.

Эҳтимол агар аз назардиҳандагонамон мепурсидем, ки нақшу таъсири тамаддуни исломӣ дар ҳаёти Шумо чӣ гуна аст, шояд шумори аз 71 дарсад ҳам бузургтари назардиҳандагон нақши тамаддуни исломиро ба зиндагии худ бузург арзёбӣ мекарданд.

Аммо ҳангоми сӯҳбати рӯбарӯ бо сокинони одии Тоҷикистон дар кӯчахиёбонҳои Душанбе тақрибан касе ҳозир нашуд, ки аз таъсир ва нақш надоштани дин ба зиндагияш ҳарфе гӯяд. Агарчӣ бархе ба нақши андак доштани дин дар ҳаёташон ишора карданд.

Нақши умдаи дин

Аксар ҳамсӯҳбатони мо, ки аз дин ба унвони як роҳ, иртибот миёни Худову бандагонаш ва ислоҳкунандаи ҷомеа ёд карданд, нақши дин дар зиндагии худро бузург донистанд.

Абдулазизи Восеъ, як сокини Душанбе, мегӯяд, дин роҳро ба сӯйи зиндагии хубу ормонӣ ҳамвор месозад ва инсонҳоро барои ахлоқи накӯ даъват мекунад. Ба гуфтаи вай, фароизи динӣ аст, ки низоми зиндагии инсонҳоро таъмин ва онҳоро аз ботлоқи бадиҳо берун мекашад.

Абдулазиз ҳатто меҳрубонӣ ва кӯмак ба якдигарро натиҷаи таъсир ва нақши дин дар зиндагӣ медонад. Вай мегӯяд, “барои ман ва барои ҳамаи онҳое, ки эътиқод доранд ва ба Худованд имон овардаанд, дин ҳатман нақши бузург дорад. Масалан, одами диндор вақте барои иҷрои кадом коре мехоҳад тасмим гирад, аввал меандешад, ки ин амалаш то куҷо ба дигарон халал мерасонад ё намерасонад. Ва дарвоқеъ, бо дин зиндагӣ ба як низом ворид мешавад”.

Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки ягон нафар ҳозир нашуд бигӯяд, ки дин дар зиндагияш ҳич нақше надорад. Коршиносон мегӯянд, шояд ин гуна мавқеъро касоне дошта бошанд, ки ё эътиқоди динӣ надоранд ва ё бедин ҳастанд ...
Аброр, яке дигар аз сокинони Душанбе, ки ба суоли мо дар мавриди нақши дин ба зиндагии ӯ, сӯҳбат мекарду дар ҳаяҷон буд, мегуфт, ки наметавонад зиндагияшро бидуни дин тасаввур кунад. Вай худу хонаводаи худро аз ҷумлаи онҳое медонист, ки ба дин эътиқод доранд ва ҳар фармуда ё тақозои дини худро иҷро мекунанд.

Ба гуфтаи Аброр, итоат ба фармудаҳои дин аз вазифаҳои аслии ҳар фарди диндор будааст. Вай меафзояд, “мо, ки мусулмон ҳастем, бояд ба қоидаҳои дини ислом риоят кунем. Қоидаи маълуми ин дин эҳтироми китоби осмонии Қуръон аст. Фикр мекунам, худи ҳамин китоб натанҳо ба зиндагии ман, балки ба устувории зиндагии ҳамаи мо бахшида шудааст”.

Аммо як сокини Душанбе, ки нахост исмаш фош шавад ва бо ин дидгоҳаш рӯйирост мавриди танқиди дигарон қарор гирад, гуфт, ки дин дар зиндагии ӯ нақши андакеро дорост. Ба ин маънӣ, ки бо вуҷуди ҳузури дин ва тақозоҳояш вай наметавонад онҳоро риоят кунад. Вай гуфт, намешавад ҳар лаҳза аз рӯйи фармудаҳои дин кор гирифт, дар ҳоле ки ҷаҳон дар ҳоли тағйирёбист ва инсонҳо ба рӯз то рӯз ба кашфи фанновариҳои ҷадид даст меёбанд. Ӯ мегӯяд, “дар баъзе маврид мешавад, ки аз рӯйи дин рафтор мекунам, аммо дар баъзе маврид иҷрои бархе аз фароизи динӣ ғайри қобили қабул аст”.

Вале кам касонеро пайдо кардан мумкин аст, ки мисли ин сокини Душанбе андеша ва ба нақши андаки дин ишора кунанд. Амруллои Низом, аз коршиносони умури мазҳабӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, новобаста ба ислом ё масеҳӣ ё яҳудӣ ва ё зардуштӣ буданаш дин тариқатест, ки инсонҳоро ба накӯӣ даъват мекунад. Вай мегӯяд, дин ба қавле як қоида ё роҳест, ки намегузорад, инсонҳо девори номусро бишкофанд ва чандон бешарму бенанг бошанд.

Абдуҷалол Ализода, раиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, Абдуҷалол Ализода, раиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, ба нақши умдаи дин дар ҳаёти сокинони кишвар таъкид мекунад. Вай бо ишора ба диндорӣ ва бовари сокинон ба дин мегӯяд, тавассути он мешавад мардумро низ идора кард. Абдуҷалол Ализода меафзояд, “умуман, дин дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад. Ба воситаи дин мардуми моро идора карда мешавад. Чунки дар тӯли ҳафтод сол ҳукумати Шӯравӣ натавонист, ки моро аз дин дур кунад. Дин бо фарҳанги миллии мо дар тӯли қарнҳо омезиш ёфтааст ва акнун мо бе дин, бе ислом ҳич ҳастем”.

Ин таъкиди раҳбари Донишгоҳи исломӣ дар ҳолест, ки ахиран мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам талош мекунанд дар идораи сокинон аз дин ва фароизи он кор бигиранд. Муҳимтарин нукта ин аст, ки мақомот дар лаҳзаҳои барои ҳукумат мушкил бо ишора ба мазҳаби Имом Абӯҳанифа, ки қисмати аслии сокинон аз он пайравӣ мекунанд, сокинонро ба таҳаммулпазирӣ даъват мекунанд ва таҳаммулпазириро мояи ваҳдати онҳо медонанд.

Сайидаҳмади Қаландар, яке аз таҳлилгарони умури мазҳабӣ, дин ва таъсири онро дар замоне, ки ба гуфтаи ӯ ҷомеаи Тоҷикистон аз фасоди молӣ ва фасоди ахлоқӣ ранҷ мебаранд, муҳим мешуморад. Ба гуфтаи вай, дин имкон намедиҳад, ки пайравони он он аз роҳи бад кор бигиранд ва ба мардум зулмро раво бинанд ва аз меҳнати дигарон фоида бинанд: “Агар мусалмон бошад, диндор бошад, имондор бошад, ҳич гоҳ ба иҷрои амалҳои бад иҷоза намедиҳад. Метарсад аз рӯзи ҳисоб. Метарсад, ки ин дунё чанд рӯз аст. Мурдан ногузир аст. Дар ин мавзӯъ фикр мекунад. Ва вақте ки маърифати исломӣ, маърифати динии инсонҳо низ боло рафт, инсонҳо худро ислоҳ мекунанд, ислоҳгари худ мешаванд ва ниёз ба каси дигаре надоранд”.

Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки ҳич нафар ҳозир нашуд то бигӯяд, ки дин дар зиндагияшон ҳич нақше надорад. Коршиносон мегӯянд, шояд ин гуна мавқеъро нафароне дошта бошанд, ки ё эътиқоди динӣ надоранд ва ё бедин ҳастанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, дар ҷомеае, ки ҳамагӣ 0,1 дарсадаш даҳрӣ ё бедин аст, ин мавқеъи онҳо дар баробари диндорон хеле ночиз хоҳад буд.

“На кофири мутлақ, на…”

Бо ин ҳол Тоҷикистон кишварест, ки аз рӯйи Қонуни асосияш давлати дунявӣ, аммо кишвари мусулмонист. Ҳузури дин ва намояндагони дин дар ҳаёти сокинон, ба қавли коршиносон, нақши умдаеро дорост ва ҳар мавъиза ва сӯҳбатҳои онон метавонад ҷомеаро ба таккон оварад. Яъне, дар Тоҷикистоне, ки демократист, ҳанӯз сухани як рӯҳонӣ болотар аз ҳар амру фармон дониста мешавад ва худи мақомоти расмӣ низ дар бисёр маворид аз нерӯи рӯҳониён ба манфиати худ истифода мекунанд.

Аммо агар як ба Тоҷикистон нигарем, мебинем, ки вақте азон барои намоз мегӯянд, тӯдаи одамон ба масҷид мешитобанд, ва фикр мекунед, ин кишвари исломист. Вале агар фаротар аз масҷид нигоҳ кунед, теъдоди онҳое ҳам кам нестанд, ки барои дискоклубҳо интизорӣ мекашанд, шароб менӯшанд, бо духтарон сӯҳбат мекунанд ва сигор мекашанд. Дар ин ҷо симои зоҳирии Тоҷикистон ин аст, ки на диндори диндор, на бедини бедин ё ба гуфтаи Хайём “на кофири мутлақ, на мусулмони тамом”.

Дар ин барнома бо Абдувоҳид Шамолов, раҳбари Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, низ сӯҳбате анҷом додаем, ки баробари пахш кардани рамзи радио метавонед онро бишнавед.
XS
SM
MD
LG