Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон ИДМ-ро расман тарк мекунад


Ҷумҳурии Гурҷистон имрӯз, 18-уми август, расман аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хориҷ мешавад.

Гурҷистон ҳанӯз дар августи соли гузашта, дар ҷараёни ҷанги кӯтоҳаш бо Русия эълон карда буд, ки аз ин иттиҳоди кишварҳои пасошӯравӣ хориҷ мешавад. Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, ҳини эъломи ин тасмим гуфт, «Гурҷистон наметавонад бо кишвари ғосиби худ дар ҳайати як иттиҳод бошад».

Тибқи оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, раванди хориҷшавӣ аз узвияти ин созмон як сол аз замони ироаи чунин тасмимро дар бар мегирад. Ва имрӯз муовини вазири умури хориҷии Гурҷистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки раванди хуруҷи кишвараш аз ИДМ ба итмом расидааст.

Мақомоти баландпояи Гурҷистон эълон кардаанд, ки бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ, қабл аз ҳама бо ҳамкорони калидии худ - Укроин ва Қазоқистон, дар асоси шартномаҳои дуҷониба ҳамкориро идома ва рушд хоҳанд дод.

Маскав аз ин тасмими Тифлис интиқод кардааст. Дар ин робита Леонид Слутский, як мақоми Думаи давлатии Русия, иқдоми Гурҷистонро “иқдоми шитобкорона” номидааст. Ба гуфтаи ӯ, хуруҷи ин кишвар таъсире ба Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракулманофеъ нахоҳад дошт, вале барои худи мардуми гурҷӣ пайомадҳои манфӣ хоҳад овард.

Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ як созмони байнулмилалист, ки дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва дар заминаи ҷамоҳири собиқи он ташкил ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир ин созмон 12 кишвар узв дорад. Аммо аксари аснод ва ҳуҷҷатҳое, ки ин Иттиҳодия ба тасвиб расонидааст, дар амал ба иҷро надаромадааст. Ва миёни бархе аз кишварҳои узви ин иттиҳодия ба фарқ аз даврони Шӯравӣ ва ё Иттиҳодияи Аврупо низоми раводид ҷорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG