Яке аз муаллифони китоби "Тоҷикистон: Додгоҳи истиқлолият", профессор Муҳаммадризо Ҷалилӣ аз Пажӯҳишгоҳи олии мутолиоти байнулмилалӣ дар Женева мегӯяд, Русия дар ҳоли шакл додани як сиёсати нав дар баробари Осиёи Марказист, аммо дарёфти хатти тавозун дар ин пайрезиҳо барояш сахт аст.
Маскав ҳамкорӣ бо Ғарб ва Чинро дар минтақа барои худ муҳим мешуморад, аммо ҳамзамон талош дорад, аз манофеъи миллии хеш низ ҳифз намояд. Мушкил бар сари ҳамин манофеъст, ки Русия дар ташхиси он ҳанӯз ба як натиҷа нарасидааст. Нотамомии ва заъфи сиёсати хориҷии Маскав дар Осиёи Марказӣ низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.
Дар ин пасманзар, аз ҷаноби профессор Муҳаммадризо Ҷалилӣ дархост кардам, сафари раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медедев ба Тоҷикистон ва пайомадҳои эҳтимолии онро шарҳ диҳад.
"Русия як миқдоре дарк кардааст, ки дигар дар минтақа танҳо нест ва бояд рақобати қудратҳоро барои нуфуз бипазираду ҷойгоҳи худро дар ин шабакаи робитаҳо муайян кунад."
"Ҳоло кишварҳои Осиёи Марказӣ низ метавонанд, аз тарафи худашон ибтикор нишон бидиҳанд. Онҳо истиқлолият доранд."
Посухҳои профессор Муҳаммадризо Ҷалилиро дар гӯшаи "Чандрасонаӣ" зери рамзи радио пайдо кунед.

"Ба назари ман, ин як сафари бисёр пураҳамиятест ҳам барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам барои сиёсати Русия дар ин минтақа."
"Ҳамон тавр ки иттилоъ доред, баъд аз сафари оқои Обама ба Маскав як миқдоре ҳамкории бештари байни Амрико ва Русия дар мавриди Афғонистон аз тариқи Осиёи Марказӣ унвон шуда ва дар ин сафар ин ҷанбаъҳо ҳатман мавриди назари мақомоти рус хоҳад буд ва он як навъ таҷдиди иртибот аст ва як навъ тамосҳои ҷадиде, ки кӯмак мекунад на танҳо ба вазъ дар Осиёи Марказӣ, балки аз тариқи он ба Афғонистон ва Покистон."