Тибқи иттилои расмӣ, то якуми июни соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарзи музди кор, ки бояд давлат ба кормандон бипардозад, ба 12 миллион сомонӣ расидааст.
Танҳо дар пайи ифшои қонуншиканиҳо дар соҳаи кор мақомоти додситонӣ имсол беш аз 300 амру эътироз содир карда, зиёда аз 120 шахси масъулро ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашидааст.
Ҳамчунин барои таъхир дар пардохти музди кор ё истифодаи ғайриқонунии маблағи моҳонаи кормандон алайҳи 6 мансабдор парвандаи ҷиноӣ ҳам боз шудааст.
Мақомоти давлатӣ дар шарҳи ин ҳама мегӯянд, пурра иҷро нашудани қисми даромади буҷа ва асароти манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ боиси таъхир дар пардохти ҳақмузди кормандон шудааст. Дар ин авохир омӯзгорон ва пизишкони бархе аз навоҳии Хатлон, мисли Бохтару Ҷалолиддини Румӣ гуфтанд, ки маоши худро дарёфт накардаанд.
Ҳабибулло Саъдуллоев, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, мегӯяд, ба сабаби бӯҳрони молиявӣ ва ӯҳдадориҳои ҳукумати ноҳия, ки бояд аз ҳисоби худ се манзили зист барои осебдидагони офоти табиии ноҳияи Хуросон бисозад, қарзи ҳақмузд дар ин ноҳия рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Аммо вай афзуд, бо ҳадафи осон кардани мушкилоти иҷтимоии омӯзгорон ҳукумати ноҳия аз тадобири нав кор гирифтааст:
«Мо барои омӯзгорон қитъаҳои замин ҷудо кардем, гуфтем, ки онҳо аз пардохти андоз озоданд, бигузор ҳарчи кишт кунанд ва фоида бардоранд, ихтиёрдорӣ кунанд. Мақсади мо – мусоидат дар беҳдошти рӯзгори онҳо. Мо ҳамин то 15 рӯз дер мекунем, ҳатман маошашонро пардохт хоҳем кард. Аммо қарзи маош ҳанӯз ҳаст, махсусан қарзи моҳонаи кишоварзон…»
Ин ҳама дар ҳолест, ки бахши аъзами қарзи ҳақмузд ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд. Дар ҳоле ки маоши миёнаи як кишоварзи хатлонӣ ба 63 сомонӣ баробар аст, қарзи моҳонаи деҳқонони ҷануби кишвар ба 6 миллион сомонӣ расидааст.
Хонуми Шарифамоҳ, сокини ноҳияи Хуросон, ки ба пахтакорӣ машғул аст, низ мегӯяд, ки дер боз рӯйи пулро надидааст: «Дар ҳамин замин кор мекунему пахтаи ғундоштаро фурӯхта натавонистем. Ҳукумат ваъдаи кӯмак кард, аммо ҳеӯ кӯмаки амалие надидем. Маош куҷо, ки ҳеҷ даромади дигар надорем…»
Сарфи назар аз ин ҳама, бисёре аз корхонаву ширкатҳои ҳатто азими вилояти Хатлон имрӯзҳо водор шудаанд, ба сабаби надоштани даромади кофӣ, шумораи кормандони худро ихтисор ё онҳоро ба рухсатии бемузд гусел кунанд. Яке аз чунин корхонаҳо ширкати «ТоҷикАзот» аст, ки ҳолиё наздики ҳазор кормандаш дар мураххасии иҷборист ва низ ҷамъияти саҳҳомии «Трансформатор»-и Қӯрғонтеппа, ки аз хизмати 70 дарсади кормандонаш даст кашидааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки соли ҷорӣ бо мусоидат ва талаби мақомоти додситонии Хатлон кормандони идораҳои давлатӣ ва кишоварзон наздики 7 миллион сомонӣ ҳақмузди худро дарёфт карданд, аммо ҳамоно мизони қарз дар қиёс бо аввали соли 2009-ум ду миллион сомонӣ афзудааст.
«Дар ҳамин замин кор мекунему пахтаи ғундоштаро фурӯхта натавонистем. Ҳукумат ваъдаи кӯмак кард, аммо ҳеӯ кӯмаки амалие надидем. Маош куҷо, ки ҳеҷ даромади дигар надорем...