Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими Кумитаи ҷавонон барои коҳиши бекорӣ


Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ тасмим гирифтааст барои коҳиши бекории ҷавонон онҳоро бо корҳои мавсимии кишоварзӣ ҷалб кунад.

Биржаи меҳнати ҷавонони Тоҷикистон, ки дар назди ин кумита ташкил шудааст, дар асоси созишнома беш аз 200 ҷавони тоҷикро барои кори мавсими ба вилояти Волгогради Русия мефиристад.

Ба гуфтаи Кабирҷон Ҷураев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайоҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, ҷавонон аз тарафи биржа асосан ба корҳои кишваорзӣ ҷалб карда мешаванд.

Вай гуфт, «давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 900 нафар ҷавонон барои дар дохили ҷумҳурӣ ва зиёда аз 20 нафари ҷавонони дигар барои дар хориҷ ҷойи кор пайдо кардан муроҷиат кардаанд».

Чунин як таҷриба, яъне дар фасли тобистон бо кор таъмин намудани ҷавонон, дар замони собиқ шӯравӣ вуҷуд дошт. Вале он замон асосан ҷавонони синни мактабиро барои корҳои полезӣ дар вилоёти Волгоград ва Аштархони Русия ба кор мебурданд.

Сунаттулло, як ҷавони тоҷик, ки чанд рӯз пеш аз Русия аз муҳоҷирати кори баргаштааст, мегӯяд, ташкили биржаи кор дар назди кумитаи ҷавонон ибтикори хуб аст, вале агар он воқеан ҳуқуқи ҷавонони тоҷикро ҳангоми кор дар хориҷ ҳимоя карда тавонад. Зеро, меафзояд Сунатулло, дар Русия дар ҳолати кунунӣ, ки бӯҳрон шиддат гирифтааст, аксарияти ҷавонони муҳоҷир дар як шароити хеле тангу ногувор қарор гирифтаанд.

Вай гуфт, «масалан ман вақте, ки ба Русия мерафтам, мехостам ягон ниҳод бошад, ки моро роҳбаладӣ кунад, аммо набуд. Имрӯз, ки чунин як биржа таъсис ёфтааст, агар воқеан ҷавонони тоҷикро дар дохил ва хориҷ бо ҷойи кор таъмин кунад, хуб аст. Вале иллат дар он аст, ки оё воқеан ин биржа талаботи ҷавононро қонеъ гардонида метавонад, ё не. Зеро дар Русия вақтҳои охир вазъияти ҷавонҳои тоҷикро дигар карда истодаанд, маоши кам медиҳанд».

Масъалаи дигар эътимод ба биржаҳои расмии кор дар Тоҷикистон аст, чунки дар гузашта низ чунин ниҳодҳо бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар хориҷ фаъолият доштанд, вале масъулин бештар ба тиҷорати хеш машғул шуда, аз ҳадафи аслии худ, ки таъмини мардум бо ҷойи кор буд, ба истилоҳ “фаромӯш” мекарданд.

Таҳлилгари ҷавон Далери Ғуфрон бекориро мушкили рақами яки ҷавонони Тоҷикистон меномад ва мегӯяд, ки биржаи кори ҷавонони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 50 дарсади ин мушкилотро ҳал мекунад, хуб аст. Вале ҳанӯз ин маънои онро надорад, ки 50 дарсади хостаҳои ҷавонони тоҷик бароварда хоҳад шуд.

Вай афзуд, «аксари ҷавонони тоҷике, ки дар ҷустуҷӯи кор мебошанд, онҳо пеш аз ҳама ба маош нигоҳ мекунанд. Онҳо мехоҳанд маоше гиранд, ки худашонро таъмин карда тавонанд. Дуввум ин ки ҷавонони тоҷик ба сохторҳои байналмилалӣ ва тиҷоратӣ дар мавриди ҷойи кор муроҷиат мекунанд, ба хотири маоши нисбатан хуб. 200 нафар ҷавонро дар хориҷ ба ҷойи кор таъмин кардан теъдоди кӯчак аст, вале дар шароити ҳозираи Тоҷикистон хуб ҳам аст, аммо ин маънои онро надорад, ки хостаҳои ҷавонон бароварда мешавад».

Ҳамасола теъдоди онҳое, ки бо талаби ризқу рӯзӣ зудро аз Тоҷикистон ба хориҷ ва умдатан ба бозори кори Русия мезананд, аз 400 ҳазор то 1 миллион нафар гуфта мешавад. Бахши аъзами ин мардумро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ағлабаш бо сари худ ба хотири пайдо кардани ҷойи кору маоши муносиб таваккал мекунад.

Ва он 200 нафаре, ки биржаи ҷавонон мехоҳад ба Волгоград бифиристад, ба гуфтаи коршиносон, аз ин рӯди бузурги бекорон дар Тоҷикистон шояд танҳо қатраеро кам кунад, на бештар.
XS
SM
MD
LG