Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли фаъоли ҳуқуқи башар дар Чеченистон


Наталя Эстемирова
Наталя Эстемирова

Созмони “Мемориал” раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодировро дар рабоиш ва қатли ин фаъоли шинохтаи ҳуқуқи инсон айбдор кард.

Наталя Эстемирова, ки барои созмони “Мемориал” , ин гурӯҳи маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи башар, дар бораи мавориди бадарафтории мақомоти милиса дар Чеченистон аснод ҷамъ меовард, субҳи чоршанбе дар Грозний, пойтахти ин ҷумҳурии ҷангзадаи воқеъ дар минтақаи Қафқози шимолии Русия, вақте аз манзилаш берун мерафт, иҷборан ба мошине савор карда, рабуданд. Ҷасади ӯ баъди чанд соат дар ҷумҳурии бо Чеченистон ҳамҷавори Ингушистон кашф шуд.
Сухангӯи вазорати умури дохилии Ингушистон гуфт, ҷасади Эстемироваро соати тақрибан панҷуними шоми чоршанбе дар ҷангалзоре дар атрофи рустои Ғозӣ-Юрт, дар канори шоҳроҳи Қафқоз, пайдо кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Наталя Эстемирова аз сараш тир хӯрда буд.
Раҳбари гурӯҳи “Мемориал” Олег Орлов дар робита ба қатли ин фаъоли ҳуқуқи башар ангушти иттиҳом ба сӯи Рамазон Қодиров карда, дар як баёнияе, ки дар сомонаи интернетии ин созмон нашр шуд, гуфтааст, Қодиров қаблан низ ба Наталя Эстемирова таҳдид карда буд ва ӯро “ душмани шахсии худ” мешинохт.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Интерфакс аз қавли Рамазон Қодиров навишт, ки гуфтааст, афроди масъул дар ин ҷинояти “мудҳиш” бояд ҳамчун “ҷинояткорони ашаддӣ” ҷазо бигиранд.
Қаблан, сухангӯи Кремл гуфт, ки раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз ин ҳодиса ба хашм омада, таҳқиқи қазияро дастур додааст.
Вазири хориҷаи Шветсия Карл Билдт, ки кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, қатли Наталя Эстемироваро маҳкум кардааст. Амрико низ гуфтааст, аз ин хабар “амиқан ғамгин шудааст” ва аз Маскав даъват мекунад, омилони ин кушторро кашф карда, нишон диҳад, ки “беқонунӣ ва бидуни муҷозот мондани ҷиноётро таҳаммул нахоҳад кард.”
Наталя Эстемирова аз дӯстони наздики хабарнигори маъруфи рус Анна Политковская буд, ки низ мавориди нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистонро таҳқиқ мекард ва дар тирамоҳи соли 2006 кушта шуд. Нахустин ҷоизаи ба номи Анна Политковская дар соли 2007-ро низ маҳз Наталя Эстемирова ба даст оварда буд.
Созмони “Мемориал” мегӯяд, таҳқиқоти дар бораи мавориҳдои одамрабоӣ, қатлҳои худсарона ва анвоъи дигари нақзи ҳуқуқи инсон анҷомдодаи Наталя Эстемирова парда аз рӯи воқеъиятҳои сарбастаи Чеченистон мебардошт.
XS
SM
MD
LG