Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоӣ ба ёдбуди Политковская дар Маскав


Рӯзи якшанбе дар майдони ба номи Пушкини шаҳри Маскав ҳомиёни ҳуқуқи башар ва фаъолони ҷумбишҳои мухолифи ҳукумати Русия расми ёдбуди аввалин солгарди куштори рӯзноманигори муҳаққиқ Анна Политковскаяро барпо намуданд.

Анна Политковская, ин хонуми 48-сола, модари ду фарзанд, ҳафтуми октябри соли 2006-ум дар назди хонааш дар Маскав ба қатл расид, вале то ҳол касе дар иртибот ба куштори ӯ муҷозот нашудааст.

Чандсад иштирокчии гирдиҳамоиро афсарони хадамоти амниятӣ иҳота карда буданд. Собиқ сарвазири Русия Михаил Касянов, ки ҷунбиши Иттиҳоди демократии мардумро раҳбарӣ мекунад, иброз дошт, ки Анна Политковская ҳангоми "дифоъ аз шарафи тамоми инсонҳо" ба ҳалокат расидааст. Ба қавли Касянов, номи Политковская рамзи "мақоми волои ахлоқӣ" гардидааст.

Гаррӣ Каспаров, раиси Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандӣ", дар макони қатли Политковская гулчанбар гузошт. Рӯзномаи "Новая газета", ки дар он Анна Политковская кор мекард, тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз рӯзи душанбеи 7-уми октябр шумораи телефони дастии Политковскаяро фаъол намояд, то мардуми ниёзманди кумак имкони тамос дошта бошанд ва мавҷи иттилоъ, ки баъди куштор қатъ гашта буд, барқарор гардад.

Сабаби қатли Политковская то ҳанӯз возеҳ нест. Вале аксарият бар ин боваранд, ки куштор ба фаъолияти касбии ӯ иртибот дорад. А. Политковская ҷасурона бар муқобили Кремлин ва амалиёти низомии нерӯҳои Русия дар Чеченистон садо баланд намуда, душманони зиёди қудратманд пайдо карда буд.

Дар баробари Маскав солрӯзи куштори Анна Политковская дар гӯшаҳои мухталифи олам барпо шуд.

Дар Рум, пойтахти Итолиё, кӯчае ба номи ӯ гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG