Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои ситоди ҳолатҳои изтирорӣ


Дар ноҳияи Ванҷ машқҳои ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон оғоз шуданд.

Ба гуфтаи сухангӯи ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Саъдошо Наврӯзшоев, машқҳои серӯза дар доираи бартараф сохтани эҳтимоли лағзиши пиряхи Хирсон ва басташавии маҷрои рӯдхонаи Абдуқаҳҳор бо ҷалби сохторҳои идории мақомоти маҳаллӣ ва сокинони деҳоти наздик ба ҷойи хатар ҷараён мегиранд.

Ҳодисаи ба вуҷуд омадани кӯли сунъӣ дар ноҳия қаблан ҳолати фавқуллодаро ба вуҷуд оварда буд. Ба гуфтаи мутахассисони ситод, дар авохири солҳои 1980-ум дар натиҷаи дамидани оби рӯдхона аз забонаи пирях хатари зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин ва фурӯдгоҳ ба вуҷуд омада, танҳо ҳаҷми хурди забонаи пирях ва обшавии тези забонаи он аз офат ҷилавгирӣ кардааст.

Сардори ситоди ҳолатҳои изтирории ноҳия Юсуф Исҳоқов мегӯяд, ки дар сурати такрори офат ва лағзиши забонаи бузургтари пирях ба рӯдхона ба 8 деҳот ва чаҳор маҳаллаи маркази ноҳия, нерӯгоҳи барқӣ ва фурӯдгоҳ хавфи зери об мондан таҳдид мекунад.

Хирсон бо масоҳати беш аз 21 километри мураббаъ дар канораи пиряхи бузургтарини Осиёи маркази - Федченко ҷой гирифта, таи солҳои охир ҳаракати забонаи пирях бар асари гармшавии ҳаво ба мушоҳида расидааст. Ба гуфтаи мутахассисони ситоди ҳолатҳои изтирории вилоят, забонаи пирях аз рӯдхонаи наздиктарин, ки дар сурати лағзиш метавонад маҷрои онро банд кунад, ҳамаги 200 метр фосила дорад.

Ба иттилоъи ситод, алҳол авзоъи боду ҳаво дар минтақа муътадил буда ҳаракати пирях ба мушоҳида нарасидааст, аммо ду сол қабл фаъолшавии Хирсон бар асари гармо мутахассисон ва сокинони маҳалҳои таҳти хатари онро нигарон сохт.

Ба гуфтаи Саъдоншо Наврузшоев, дар ҷараёни машқҳо ҳамчунин корҳои ҳамоҳангсози дар мавриди таҳдиди офати табии эҳтимолӣ ва кӯч додани сокинони деҳоти таҳти хатари рахнашавии кӯли сунъӣ ба маҳалли амн амалӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG