Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таърихи ошубу шӯришҳои уйғурҳо дар Чин


Шумори уйғурҳо дар Чин ҳудуди 8 миллион гуфта мешавад
Шумори уйғурҳо дар Чин ҳудуди 8 миллион гуфта мешавад

Мирқосим Усмонов, профессори донишгоҳи Қазон аст, ки худ дар ғарби Чин таваллуд шуда, то солҳои 50-уми асри гузашта дар он ҷо зиндагӣ кардааст.

Профессор Усмонов, ки умрашро ба таҳқиқи масоили қавми уйғур бахшидааст, мегӯяд, ошӯбу шӯришҳои уйғурҳо зидди ҳукумати марказии Чин ҳанӯз аз қарни 19, баъди дар асри 18 ба ҳайати Туркистони Шарқӣ шомил шудани минтақаи Шинҷони уйғурҳо то ба имрӯз идома доштааст.

Вай мегӯяд, ки танҳо дар соли 1944 дар паи ошӯбҳои ҷамъияти калони уйғурҳо барои як муддати кӯтоҳ Ҷумҳурии мустақили Туркистони Шарқӣ ташкил шуд. Ӯ мегӯяд, дар ин амр нақши Иттиҳоди Шӯравӣ хеле муҳим буд, ки дар оғоз шӯриши уйғурҳоро ба хотири истиқлолият аз Чин пуштибонӣ кард.

Аммо дар ниҳоят ин ҷонибҳо ба созише даст ёфтанд, ки Чин барои ташкили давлати мустақили Муғулистон мувофиқат мекунад ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар иваз аз пуштибонии ҷудоихоҳони уйғур даст мекашад. Ва бо ин роҳ дар соли 1949 ҷумҳурии Туркистони Шарқӣ аз байн бурда шуд.

Агар то оғози солҳои 50-ум шумори уйғурҳову дигар ақаллиятҳои туркзабон дар вилояти Шинҷону Уйғур 80-85 дарсад ва чиноиҳои 10 дарсадро ташкил медод, имрӯз баръакс чиноиҳо 80-85 дарсадро ташкил дода, сокинони бумӣ ҳамагӣ 10 фоиз шудаанд...
Профессор Усмонов мегӯяд, "ҳукумати Чин, мисли ҳама салтанатҳо ҳамеша ба мушкилот ва эҳтиёҷоти уйғурҳо ҳамчун аққалиятҳои миллӣ аз боло нигоҳ мекард ва сиёсати батадриҷи ассимилятсияи ин мардумро пиёда мекард. Бахусус дар даврони инқилоби фарҳангии Чин инро баръало дидан мумкин буд. Солҳои 60-ум вилояти мухтори Шинҷону Уйғур дар ҳайъати Чин ташкил шуд, ки дар асл ҳеҷ маъно надошт. Ин айнан ҳамон мухторияти шӯравиро ба ёд меовард. Уйғурҳои Чин ҳам аслан аз мухторияти воқеъӣ маҳрум буданд".

Аммо, мегӯяд дар идома ин донишманд, агар як бахши хурди уйғурҳо шароитро, тавре ҳаст, қабул ва бо чиноиҳо созиш карданд, бахши аъзами онҳо нахостанд ин вазъро қабул кунанд.

"Онҳо аз он норозӣ буданд, ки баъди соли 1952 кӯчбандии азими чиноиҳо аз манотиқи марказиву шарқӣ ба қаламрави Туркистони шарқӣ шурӯъ шуд. Агар то оғози солҳои 50-ум таносуби ҷомеа ингуна буд, ки шумори уйғурҳову дигар аққалиятҳои туркзабон, мисли муғулҳову қазоқҳову қирғизҳо 80-85 дар сад ва чиноиҳо 10 дарсадро ташкил медод, имрӯз ин таносуб комилан баръакс шудааст. Дар вилояти Шинҷону Уйғур чиниҳо тақрибан 80-85 дарсадро ташкил дода, сокинони бумӣ аммо ҳамагӣ 10-15 фоиз шуданд".

Ҳоло шумори уйғурҳо дар вилояти Шинҷони Чин 8 миллион нафар гуфта мешавад. Ба андешаи Мирқосим Усмонов, ин муҳаққиқи тотор, ҳузури мардуми уйғур дар ин қаламрав торафт тангтару тангтар мешавад.

"Ғайр аз ин ҳама, тангкунии фарҳангу мазҳаби уйғурҳо масъалаи дигари ҷиддӣ аст. Ҳукумат таблиғоти бехудоиро дар миёни онҳо пиёда кардааст. Уйғурҳо дар худ маҳдуд шуданд. Ҳоло ин минтақа комилан чиноӣ шудааст, ки ин аз лиҳози иқтисодӣ ҳам хеле эҳсос мешавад. Дар риштаҳои кишоварзӣ, ки қаблан дар дасти мардуми маҳаллӣ буд, ҳоло асосан чиноиҳо ё кӯчиҳо машғул ҳастанд. Ва аз ин назар ин ҷо ихтилофҳои ҳам иқтисодию ҳам фарҳангӣ ва ҳам идеологӣ эҳсос мешавад".

Бар асари бархурди пулиси Чин бо эътирозгарони уйғур тайи рӯзҳои ахир беш аз 150 нафар кушта шуд
Ин донишманд афзуд, ки аз лиҳози шароити кишоварзию иқтисодӣ вилояти Шинҷон то андозае Қазоқистонро ба ёд меорад, ки дорои захираҳои бои нафти хом, ангишт ва фулузоти ранга аст. Вале аҳамияти аслии ин минтақа дар мавқеъияти муносиби ҷуғрофиёиаш аст, ки яке аз масирҳои муҳими Роҳи абрешим ба шумор мерафт ва Шарқи дурро бо Ховари Миёна ва бо Аврупо мепайваст. Мирқосим Усмонов, профессори донишгоҳи Қазон мегӯяд, Шинҷон имрӯз низ нақши як минтақаи муҳими тиҷоратииро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷумҳуриҳои шӯравии пешин ва Афғонистону Ҳинду Эрон бозӣ мекунад. Забони уйғурӣ, ки аз хонаводаи забонҳои туркист, бо ӯзбакӣ хеле наздик аст ва аз ин лиҳоз тоҷирону соҳибкорони зиёди ӯзбакидон дар Шинҷон фаъолият мекунанд.

Мирқосим Усмонов афзуд, ки барои амиқтар нашудани бӯҳрон ва ҷилавгирӣ аз таъсири манфии ин низоъҳо ба наслҳои ояндаи уйғурҳо ҷонибҳо бояд ниҳоятан ба созиши сиёсие даст биёбанд, ки танҳо роҳи ҳалли масъала аст:

"Чин ҳеҷ гоҳ аз минтақаи бойи Шинҷон даст нахоҳад кашид. Марказ метавонад фақат сиёсаташро нисбат ба ин мардум каме иваз кунад ва ба уйғурҳо мухторияти каму беш амалӣ бидиҳад. Уйғурҳо инро хуб қабул хоҳанд кард. Марказ набояд ба ҳама ҷараёнҳои зиндагии иҷтимоиву ҷамъиятии ин мардум мудохила кунад, назорат ва диктатураро бояд хотима диҳад. Ҳарчанд ин шеваи кор хоси ҳама режимҳои коммунистист. Зоҳиран гӯё ин ҷо шароити хубе фароҳам оварда мешавад, мисли ифтитоҳи шабакаҳои милии телевизиону радиоҳо, аммо онҳо озодиҳои эҷодӣ надоранд. Агар Чин дарк кунад, ки ҳар миллату қавм ҳаққи ҳимоят аз манфиатҳои худро дорад, вазъ оддӣ хоҳад шуд".

Вай афзуд, ки орзуи гурӯҳҳои ҷудоихоҳ барои ташкили давлати мустақили Туркишстони шарқӣ ва Уйғуристон хом ва дар шароити кунунӣ ботил аст. Сабаби аслиаш нуфуси бузурги чиноиҳост, ки бо беш аз як миллиард нафар ҷамъият дарёеро мемонанд, ки қатраҳоро дар они воҳид фурӯ мебарад.
XS
SM
MD
LG