Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 140 нафар дар ошӯбҳои Шинҷон


Ба иттилои расонаҳои давлатии Чин дар хушунатҳои вилояти ғарбии Шинҷон 140 нафар кушта ва беш аз 800 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Талоши нерӯҳои интизомии Чин ба саркӯб кардани тазоҳурот дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти мусулмоннишини Шинҷон, ин хушунатҳоро ба авҷ расонид.

Ба иттилоъи хабаргузории давлатии Синхуа, теъдоди қурбониён шояд афзоиш ёбад. Қаблан мақомоти Шинҷон дар бораи ҳалокати чаҳор нафар хабар дода буданд.

Нооромиҳо дар шаҳри Урумчӣ рӯзи шанбе шурӯъ шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, тазоҳургарон – уйғурҳои маҳаллӣ - ба раҳгузарҳо ҳамла карда, мошинҳоро ба оташ мекашиданд.

Дар ҳамин ҳол хабар мерасад, ки нооромиҳо ба дувумин калонтарин шаҳри Шинҷон -- Қошғар низ таъсир кардаанд. Дар ин ҷо 300 нафар дар хиёбонҳо тазоҳурот карда, вориди даргириҳо бо полис шудаанд.

Мақомоти Чин дар шурӯъи нооромиҳо ифротгароҳои исломиро муттаҳам карданд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, айни ҳол шаҳр таҳти назорати комили низомиён қарор дорад.

Вазъ дар вилояти Шинҷон-Уйғур солҳо боз нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар гузориши ахири вазорати хориҷаи ИМА далелҳои зиёди поймолшавии ҳуқуқи мардуми уйғури муқими вилоят аз сӯи мақомоти Чин оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG