Дар ҳоле ки дар қироати аввали ин тарҳ Маҷлиси Намояндагон ба қабули он омодагӣ нишон надод, ин бор бо 52 раъйи тарафдор 5 мухолиф ва 1 бетараф онро ба тасвиб расонд.
Ноиби аввали вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, Ҷумъахон Зуҳуров дар муаррифии тарҳ гуфт, Чин дар бозсозии ин масир 281миллиону 200 ҳазор доллар сармоягузорӣ кардааст ва ин маблағ бояд баргардонида шавад. Вай ҳамчунин зарурати дар сатҳи зарурӣ ҳифз кардани вазъи роҳро яке аз сабабҳои пулакӣ кардани он номид.
Аммо вакили мардумӣ, Юсуфҷон Аҳмадов ин таҳрҳо зиди Қонуни асосии Тоҷикистон унвон кард ва гуфт: "Тибқи модаи 24-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони кишвар ба ҳаракати озодона дар мамлакати худ ҳақ доранд, вале шумо бо ин ислоҳи худ ҳуқуқи онҳоро поймол мекунед."
Вай инчунин гуфт, роҳ замоне метавонад, пулакӣ бошад, дар паҳлуяш роҳи дигари бепул низ вуҷуд дошта бошад.
Ин дидгоҳи Аҳмадовро, узви дигари Маҷлиси Намояндагон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Шодӣ Шабдолов комилан пуштибонӣ кард. Вай гуфт, ки қабули чунин қонун ба мардуми кишвар зарбаи сахте хоҳад зад ва сабаби ҷаҳиши нархунаво дар мамлакат хоҳад шуд. Вай аз вакилон даъват кард, хилофи виждони худ амал накунанд.
Ин баҳсҳо дар Маҷлиси Намояндагон дар ҳоле садо медиҳанд, ки дар долонҳои он, бархе аз вакилон аз кадом созиши махфии миёни сарони порлумон, ҳукумат ва соҳибкорони ҷудогона дар робита ба тарҳи мазкур бидуни бурдани номи хеш изҳори назар мекунанд.
Аммо вакили маҷлис Нуралӣ Риоев дар ҳимоят аз ин тарҳ гуфт, бояд ҳамаи роҳҳо дар кившар пулакӣ шаванд, зеро ҳангоми селу ярч ин роҳҳо тахриб мебинанд, пулҳо шуста мешаванд ва маблағи зарурӣ барои тармиму бозсозии онҳо пайдо намегардад.
Дар ҷавоб ба эътирози бархе аз вакилони камшумор, ноиби аввали вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, Ҷумъахон Зуҳуров гуфт, бо сабаби махсусиятҳои ҷуғрофиёии кишвар имкони ҳастии роҳҳои алтернативии бепул дар паҳлуи роҳҳои пулакӣ вуҷуд надорад.
Бархе аз вакилони маҷлис бар инанд, ки қонуни қабулкардаи Маҷлиси Намояндагон бояд аз тарафи Додгоҳи Қонуни асосии кишвар ва Шӯрои адлияи Тоҷикистон мавриди арзишёбӣ қарор бигирад.
Ноиби аввали вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, Ҷумъахон Зуҳуров дар муаррифии тарҳ гуфт, Чин дар бозсозии ин масир 281
Тибқи модаи 24-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони кишвар ба ҳаракати озодона дар мамлакати худ ҳақ доранд, вале шумо бо ин ислоҳи худ ҳуқуқи онҳоро поймол мекунед...