Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талко аз пардохти молиёт озод карда шуд


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонуни буҷаи соли 2009-и кишвар тағйирот ворид кард, ки тибқи он, ширкати Талко аз пардохти молиёт аз 11 миллион доллар, ки аз мурофиаи додгоҳӣ бо ширкати Ансол ба даст овардааст, озод карда мешавад.

Ин тағйирот ба қонуни буҷаи кишвар бо пешниҳоди ҳукумат ва бо мақсади кӯмак ба ширкати давлатии тавлиди арзиз - Талко, ки бо вазъи мушкили иқтисодӣ мувоҷеҳ шудааст, сурат гирифтааст.

Вакилони Маҷлиси Намояндагон бидуни баҳсу баррасӣ пешниҳоди мазкурро пазируфтанд, ки дар натиҷа ширкати Талко аз пардохти 2 миллион доллар ба хазинаи давлат озод мешавад.

Сафаралӣ Гулов, узви кумитаи иқтисод ва буҷа дар порлумон, гуфт, Талко дар натиҷаи созиши ҳосилшуда дар додгоҳи Лондон бо ширкатҳои Ансол ва Ҳаммер беш аз 11 миллион доллар даромад ба даст овард. Вале ба далели вазъи бади иқтисодиву молии ин ширкат ҳукумат розӣ шуд, ки аз ин маблағ молиёт наситонад.

Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар порлумони кишвар, ки борҳо аз фаъолиятҳои ширкати Талко ва ношаффофиҳо дар он интиқод кардааст, аз молиёт озод кардани ширкати Талко дар заминаи маблағи ба дастомадаро як иқдоми дуруст арзёбӣ кард.

Оқои Шабдолов гуфт, ки санади мазкур мавриди омӯзишӣ тӯлонӣ ва ҷиддӣ қарор гирифт. Ва ин миқдори маблағ, ки дар таркиби он амволи шарикони пешини тиҷоратии Талко, яъне Ансол низ дохил аст, дар шароити феълӣ ба корхона бағоят зарур аст. Аз ин рӯ онҳо низ пешниҳодро дастгирӣ кардаанд.

Зимнан мубоҳисоти додгоҳӣ миёни ширкати Талко ва ширкати Ансол дар додгоҳи Лондон аз соли 2005 то ноябри соли 2008 идома дошт. Дар моҳи ноябри соли 2008 ҳарду ҷониб ба созиш даст ёфтанд. Додситонии кулли Тоҷикистон низ эълом кард, ки минбаъд роҳбарияти ширкати Ансол ва раиси собиқи корхонаи арзиз дар назди қонун ҷавобгар нестанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумат роҳбари собиқи корхонаи арзиз Абдуқодир Эрматов ва раиси ширкати Ансол Аваз Назаровро дар сирқати 480 миллион доллари ин корхона муттаҳам мекард. Зимнан мурофиаҳои додгоҳӣ дар Лондон миёни ин ширкатҳо пурҳазинатарин мурофиа дар таърихи додгоҳи Бритониё дониста шудааст. Гуфта мешавад, танҳо масорифи Талко барои вакилони дифоаш дар ин муҳокима беш аз 140 миллион долларро ташкил додааст.

Зимнан танҳо ширкати Талко нест, ки аз имтиёзоти вижа тавассути ҳукумат ва порлумон бархурдор шудааст. Қаблан низ аз чунин имтиёз ширкати муштараки тоҷикиву эронии Тоҷирон барои ворид кардани қисмҳои эҳтиётӣ барои тракторҳо аз хориҷа ва ҳукумати шаҳри Душанбе ҷиҳати сохтмони боғи устод Рӯдакӣ дар маркази шаҳр, ки маҳсулоташро аз хориҷа дастрас карда буд, бархурдор шудаанд.
XS
SM
MD
LG