Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳроҳи миёни Душанбе ва Хуҷанд пулакӣ мешавад


Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҳоло аз ағбаи баланди Анзоб мегузарад
Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҳоло аз ағбаи баланди Анзоб мегузарад

Вазорати молияи Тоҷикистон тасмим гирифт, баҳрабардорӣ аз шоҳроҳи Душанбе–Хуҷандро барои шаҳрвандон пулакӣ кунад.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин иқдом пардохти қарзҳои давлати Чин ба Тоҷикистон аст, ки дар иҷрои ин тарҳ масраф мешавад ва давлат дар танҳоӣ наметавонистааст ҳамаи ин қарзро пардохт кунад.

Вазорати молияи Тоҷикистон пешнависи қонун дар бораи пулакӣ кардани роҳҳоеро, ки бо сармояи хориҷӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд, таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод кардааст. Ба таъйиди масъулони ин вазорат, дар марҳалаи аввал роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, ки 410 километр тӯл дошта ва бо қарзи давлати Чин бунёд мешавад, пулакӣ хоҳад шуд.

Темуралӣ Афғонов, сардори раёсати қарзҳои беруна дар вазорати молияи Тоҷикистон, гуфт, давлат дар танҳоӣ тавони бозгардони ин қарзҳоро надорад. Аз ин рӯ вазорати молия ҷиҳати дарёфти манобеъ ва сарчашмаҳои дигари бозгардони ин қарзҳо тадобири мухталифро рӯи даст гирифтаст, ки яке аз онҳо аз баҳрабардории пулакӣ аз роҳҳо мебошад.

Навсозии роҳи Душанбе–Хуҷанд-Чаноқро бо сармояи 281 миллион доллар давлати Чин бар ӯҳда гирифтааст. Миёни ҷумҳурии Чин ва давлати Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои узви созмони Шонгҳой дар ин замина дар соли 2006 созишнома ба имзо расида буд.

Корҳои сохтмонӣ низ, ки аз як сол бад-ин сӯ дар ин роҳ идома дорад, тавассути ширкатҳои чиноӣ ба анҷом расонида мешавад. Дар тули ин роҳ дар гарданаҳои Анзоб ва Шаҳристон ду нақб бунёд хоҳад шуд, ки якеи онро як ширкати эронӣ ва дуввумӣ аз сӯи як ширкати чиноӣ ба истифода дода мешавад.

Қарор аст корҳои навсозӣ ва тармим дар ин роҳ дар моҳи августи соли равон анҷом пазирад, вале баҳрабардории комили нақбҳои «Истиқлол» дар гарданаи Анзоб ва нақби «Шаҳристон» дар гарданаи ҳамноми он як соли баъд сурат хоҳад гирифт.

Роҳи мазкур аз Душанбе оғоз шуда ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд хатм мешавад. Ба таъйиди масъулони вазорати молияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир аз сӯи ширкати чиноӣ, ки сохтмони ин роҳро бар ӯҳда дорад, ба маблағи бештар 110 миллион доллар корҳо ба анҷом расонида шудааст. Бо анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ имкони табодули коло миёни Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин тавассути роҳи заминӣ ба таври ҳамеша пайдо хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Темуралӣ Афғонов, сардори раёсати қарзҳои беруна дар вазорати молияи Тоҷикистон, гуфт, барои назорат ва ташкили дурусти истифодаи пулакии ин роҳ таъсиси як ниҳоди махсуси давлатӣ низ дар назар гирифта шудааст.

Ҳамин манбаъ таъкид кард, ки баъди пардохти пурраи қарзҳои давлати Чин низ тарзи истифодаи пулаки ин роҳ боқӣ хоҳад монд. Зеро роҳи мазкур мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда ва имконоти давлат дар амри нигоҳубин ва ҳифзи ҳолати хуби он маҳдуд аст.

XS
SM
MD
LG