Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни нишасти сарони СҲШ дар Русия


Президенти Русия Дмитрий Медведев (аз рост) аз ҳузури раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар нишасти СҲШ истиқбол кард. Екатеринбург, 16 июни соли 2009.
Президенти Русия Дмитрий Медведев (аз рост) аз ҳузури раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар нишасти СҲШ истиқбол кард. Екатеринбург, 16 июни соли 2009.

Зуҳури президенти Эрон ва ваъдаи азими Чин аз хабарҳои асосии нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой гардид.

Сарфи назар аз идомаи тазоҳуроти мухолифон дар Теҳрон президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба шаҳри Екатеринбурги Русия сафар намуда, дар нишасти раҳбарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат варзид.

Дар нишасти матбуотии поёни мулоқоти Екатеринбург президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пирӯзӣ дар интихоботи президентии
Мо борҳо гуфтаем, ки умед дорем, дар онядаи наздик рубли русиро дар нақши захира бубинем...
12 июнро ба Аҳмадинажодро табрик кард.

Вай гуфт: "Мехоҳам бо истифода аз имкон президенти Эрон доктор Маҳмуди Аҳмадинажод ва сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳро самимона бо пирӯзӣ дар интихобот табрик намоям."

Эрон ба монанди Ҳиндустону Покистону Афғонистону Муғулистон дар СҲШ нақши нозирро дорад.

Дар нишасти поёни мулоқоти раҳбарони созмони ҳамкориҳои Шонгҳой президенти Чин Ҳу Ҷинтао иброз дошт, ки кишвараш бо ҳадафи беруншавии аъзои созмон аз бӯҳрони саросарии иқтисодӣ 10 миллиард доллар қарз тахсис медиҳад. Ҳу гуфт, ки бӯҳрони саросарӣ дар ҳоли амиқрафт аст ва сармояи ҷудошуда, барои рафъи ин бӯҳрон ба кишварҳои узви созмон кумак хоҳад кард.

Президенти Русия Дмитрий Медведев бошад, пешниҳод кард, ки шаш кишвари узви созмони ҳамкориҳои Шонгҳой , яъне Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон бо мурури замон худро аз нуфузи доллари Амрико канор кашида, пули дигар масалан, рубли русиро ҳамчун пули захира истифода баранд.

"Бо имконот ва шароити ҳозира, мо метавонем гӯем, пулҳои нави захиравӣ зуҳур хоҳанд кард. Мо борҳо гуфтаем, ки умед дорем, дар онядаи наздик рубли русиро дар нақши захира бубинем."


Баъди анҷоми нишасти созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Екатеринбург мулоқоти раҳбарони чор кишвари гурӯҳи тозабунёди БРИК ё худ Бразилия, Русия, Ҳиндустон ва Чин оғоз ёфт.

Мушовири иқтисодии Кремл Аркадий Дворкович мегӯяд, чаҳор кишвари мазкур, ки рушди босуръати иқтисодиро аз сар мегузаронанд, кӯшишҳояшонро ҳамоҳанг намуда, аз ин роҳ бозорҳояшонро таҳким мебахшанд.

Аз эҳтимол дур нест, ки ин чаҳор кишвар аввалин шуда, аз Сандуқи байналмилалии пул (СБП) бонд, яъне авроқи гаронбаҳо харидорӣ намоянд. Моҳи гузашта Русия гуфта буд, ки мехоҳад ба маблағи 10 миллиард доллар аз СБП бонд харидорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG