Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ иқтисодиёт ва амниятро ду рукни СҲШ номид


Ҳамроҳхон Зарифӣ иқтисодиёт ва амниятро ду рукни асосии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой номид.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба матбуоти Чин гуфтааст, амният ва эътидол дар кишварҳои узви ин созмон умдатан ба суботи иқтисодии онҳо бастагӣ дорад.

Зарифӣ афзуд, терроризм, ҷудоихоҳӣ ва тундгароӣ ба ҳайси "се нерӯи шарр" якҷо бо қочоқи маводи мухаддир ба амнияту субот дар кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) таҳдид мекунанд.

Бино бар ин сохтори минтақаии зиддитеррористӣ, ки соли 2004 дар ҳайати СҲШ таъсис ёфт, ба ақидаи Зарифӣ, нақши то рафт муҳимтар касб мекунад.

Ҷаноби Зарифӣ изофа кард, ки Тоҷикистон дар сафи пеши ҷабҳаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аст ва пешниҳод кардааст, ки СҲШ дар Душанбе маркази ҳамоҳангии кишварҳои узвро дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъсис диҳад.

Ҳамзамон намояндаи аршади Тоҷикистон изҳор дошт, ки таваҷҷӯҳи СҲШ ба барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар моҳи октябри соли 2008 ба тасвиб расидааст, низ набояд коҳиш ёбад. Вай дар ин замина аҳамияти ҳамкориҳо дар соҳаи энержӣ, нақлиёт ва фанновариҳои мухобиротиро риштаҳои калидӣ унвон кард.

Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфт, ин барномаҳо дар давраи пасрафти ҷаҳонии иқтисодӣ аҳамияти ҳалкунанда пайдо кардаанд ва амнияту субот дар кишварҳои узв низ пеш аз ҳама ба вазъи иқтисодӣ бастагӣ хоҳад дошт.

Ин изҳороти вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар арафаи нишасти сарони СҲШ дар Екатеринбурги Русия садо дод. Дар ин ҷо тайи ду рӯз -- 15 ва 16-уми июн нишасти сарони созмон баргузор мешавад.

Тоҷикистон яке аз муассисони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой буда, дар як саф бо Чину Русия, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин созмони минтақаӣ мебошад. Ҳамчунин Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва Муғулистон дар он мақоми нозирро доранд.
XS
SM
MD
LG