Александр Рибак, ки ҳоло боифтихор дар Беларусу Русия ҳамчун "бачаи худӣ" ёд мешавад, бо ҳисоби шикананда ва барои ин озмуни бонуфузи аврупоӣ бесобиқа баланди 387 хол беҳтарин хонандаи озмун эълон шуд. Аз 42 кишвари ширкатдори озмуни имсола 15 давлат ҳунарнамоии ин ҷавони беларуси ғижжакнавозро бо баландтарин баҳо - 12 хол қадрдонӣ карданд. Баъдан вай дар нишасти матбуотии худ мегӯяд, ки ба он хотир пирӯз шуд, ки "чизе барои гуфтан дошт":
"Мо ҳамеша мавриди истиқболи гарм қарор гирифтаем ва аз ҳамин хотир ҳам ман дар оғоз гуфтам, ки агар пирӯзӣ насиби мо нашавад ҳам, боке нест, чунки тамоми натиҷа ин мешавад, ки дар харитаи озмуни Eurovision кишвари Норвегия дубора пайдо мешавад. Вале ман баъд фикрамро дигар кардам. Муҳим нест. Ҳоло мо пирӯз шудем ва дар харитаи Eurovision соли 2010 бо исми Норвегия сабт хоҳад шуд".
Аз назари онҳое, ки шаби шанбе ба якшанбе аз даври ниҳоии озмуни Eurovision-2009 дар Маскав мушоҳида мекарданд, муваффақияти бисёр оҳангҳо, аз ҷумла оҳанги Fairytale ё "Афсона"-и Рибак ба хотири омезиши муваффақиятомези оҳангу мусиқиву рангу мазмунҳои миллатҳои мухталиф таъмин шудааст. Дар ин замина аз Александр Рибак ҳам хабарнигорон суол карданд ва ӯ гуфт:
"Дар Русия мо бештар хумори ватан мекунему каме ғамгин мегардем, дар ҳоле, ки дар Норвегия мо хушбахттарин мардуми ҷаҳон ба ҳисоб меравем. Ва омезиши ин ду эҳсосот бидуни шак муваффақияти моро таъмин кард".
Дар ҳоле, ки таҳлилгарон баъди анҷоми озмун ба умумиятҳои фарҳангии "Афсона"-и Рибак ба гунаҳои мухталиф баҳо медоданд, як мусиқишиноси ғарбӣ гуфт, ки комёбии оҳанг дар он буд, ки кишвару миллатҳои мухталиф дар он чизи барои фарҳанги худ хос ва ошноро дарёфтанд ва аз ҳамин хотир ба аксарият писанд омад. Зимнан, оҳанг ва матни ин таронаро худи Александр эҷод карда нахустин бор онро ба падараш шунавондааст.
Александр Рибаки 23-сола дар хонаводаи мусиқинавози касбӣ тарбия ёфта ҳамроҳи волидонаш дар чаҳорсолагӣ ба Норвегия кӯчидааст. Ғижжак ва пианинонавозиро вай аз хурдӣ дӯст медошт ва дар ҳама озмунҳои мусиқии кишвараш кӯшиш мекард бо ҳамин асбобҳои мусиқӣ иҷро кунад. Вай дую ним соли пеш барандаи озмуни беҳтарин хонандаи попи Норвегия (Idol) шудааст, ки шабеҳи "Фабрикаи ситораҳо"-и Русия мебошад.
Аз назари онҳое, ки даври 54-уми озмуни сурудҳои беҳтарини Аврупоро мушоҳида мекарданд, ин навбат истеъдодҳои хеле зиёд ва нави ҳунарӣ аз худ дарак доданд. Мутахассисони мусиқӣ ба ҳунари овозхонҳои Исландия, Бритониёи Кабир, Эстония, Арманистон, Албания, Туркия, Боснияву Ҳерсоговина, Дания баҳои баланд доданд.
Барои бисёр дигар ҳунармандони ширкатдори имсолаи Eurovision натиҷаҳои озмун нороҳаткунанда будааст. Масалан, овозхони маъруфи фаронсавӣ Патрисия Каас, ки бист сол зиёд дар саҳнаи ҷаҳон ҳунарнамоӣ мекунад, қариб ки тамоман бетаваҷҷӯҳ монд. Аммо тавре мутахассисон гуфтанд, масъала дар ин нест, ки Каас аз кадом ҷиҳати ҳунарӣ ё касбӣ камтар аз дигарон буд, на. Eurovision бараъло намоиш дод, ки озмуни нав барои кашфи истеъдодҳои нав равона шудааст ва аз ҳамин хотир ҳам тамошобинон мунтазири як иҷрои комилан тоза ва шунидани исми кашфношудае буданд, ки мисли Рибаку Ёҳанна (Исландия), Ҷейд Эвену (Бритониёи Кабир) Ҳадиса (Туркия) бо пешниҳоди нав рӯзи саҳна биёянд.
Яке аз тафовутҳои қобили мулоҳизаи даври имсолаи озмуни Eurovision аз озмунҳои қаблӣ фавқулодда фаъол будани ҳузури кишварҳое будааст, ки бештар за фарҳанги шарқӣ муаррифӣ мекарданд ва аз миёни онҳо ширкати Озарбойҷон, ки бори дуюм аст намояндаҳои худро ба озмун мефиристад, ҳамчунин хотирмон будааст. Дуэти Ойсел ва Ораш, овозхони маъруфи эрониасл бо таронаи Always ё "Ҳамеша" мақоми сеюмро касб кард, ки аз сӯе пешгӯишаванда ва аз тарафи дигар ногаҳонӣ ҳам буд. Худи Ораш, ки рӯзи якшанбе баъди анҷоми озмун бо як сафари шодбош ба истиқболи ҳаводорони худ ҳамроҳ бо Ойсел ба Боку сафар мекард, аз фурудгоҳи Маскав дар сӯҳбат бо радио Фардо гуфт, ки аз бурдани ҷои сеюми як мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ хеле хушҳол шуда имшаб аслан хобаш набурдааст:
Зимнан Ораш гуфт, ки аз оғози мусобиқа эҳсос мекард, ки пирӯзӣ метавонад насиби Александр Рибак шавад, чунки ба қавли ӯ, ин ҷавони беларуси норвежӣ хеле боистеъдод ва оҳанги хубе эҷоду иҷро кардааст. Аз сӯи дигар, ба қавли Ораш, ӯро дар тамоми қаламрави Аврупо ба унвони "худӣ" бисёр кишварҳо тарафдорӣ карданд.
Ба ҳамин тартиб, даври ояндаи озмуни мусиқии Eurovision соли оянда дар Осло, пойтахти Норвегия баргузор мешавад, ки ва ҳатман истеъдодҳои навро ба ҷаҳони муосири мусиқӣ шинос хоҳад кард.