Бар асоси даври аввали ниманиҳоии озмун шоми 12 май аз 18 номзад 10 кишвар ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд, инҳо кишварҳои: Арманистон, Малта, Босния-Ҳерсоговина, Руминия, Финландия, Португалия, Исроил, Туркия, Шветсия, Исландия мебошанд. Ҳамчунин Фаронса, Испания, Бритониёи Кабир ва Олмон ба ҳайси ташаббускорони шурӯи озмуни Eurovision беш аз 50 соли пеш ва Русия ба ҳайси мизбон аз рӯи муқаррароти озмун якбора ба даври ниҳоии он гузаштанд. Шоми имрӯз, 14-уми май, қарор аст даври дуюми сабқатҳои ниманиҳоӣ баргузор шавад ва интизор меравад, ки дар ин қисмати озмун рақобат хеле доғ ва гарм шавад.
Малена Ӯрнман, ҳунарманди опера аст, ки дар озмуни Eurovisionи имсола Шветсияро намояндагӣ мекунад. Ва дар бораи интихоби Малена ба ин озмун Тристан Биёргман, раҳбари ҳайати Шветсия дар сӯҳбат Озодӣ гуфт: "Номзади Шветсия дар рақобатҳои ниҳоӣ овозхони опера аст, ин як тасмими ғайримаъмулии мо буд. Одатан мо овозхонҳои попро ба чунин озмунҳо мефиристем. Ӯ ситораи операи мо аст. Ростӣ, пеш аз озмуни ниманиҳоӣ вай хеле зиёд дар ташвиш буд, ки мардум тарзи иҷрои ӯро қабул нахоҳанд кард, намефаҳманд, аммо ҳамааш хуб пеш рафт".
Яке аз муҳимтарин тамоюле, ки тайи солҳои фаъолияти озмуни Eurovision ба мушоҳида мерасад, ин намояндагии овозхони як кишвар аз кишвари дигар мебошад. Шветсия дар ин замин таҷрибаи хеле ғанӣ дорад. Масалан аз солҳои 1970-ум то порсол овозхонҳои зиёди Шветсия барои давлатҳои дигар, масалан барои Юнон ё Югославия ҳунарнамоӣ кардаанд. Тристан Биёргман гуфт, ки ин як анъанаи хуб аст ва афзуд: "Бале, ҳамаи онҳо шаҳрванди Шветсия мебошанд, ҳарчанд решаҳои мухталиф доранд. Масалан Елена Папаризо, ки юнониасл аст, барои намояндагии Юнон як замоне иштирок карда бурда буд. Мо сидқан барои ӯ хурсандӣ карда будем ва Шветсия он замон барояш 12 хол дод. Мо ҳамеша ҳамватанҳои худро тарафдорӣ мекунем ва барои мо муҳим нест, ки оё онҳо аз кишвари мо ё аз ҷониби кадом давлати дигар намояндагӣ мекунанд. Имсол Ораш чунин як ҳунарманди мо аст, ки аз ҷониби Озарбойҷон ҳунарнамоӣ мекунад ва барои ҳамин ҳам мо Озарбойҷонро хеле зиёд тарафдорӣ хоҳем дод".
Агар Ораш тавонад бар намояндаи Шветсия пирӯз шавад, шумо нороҳат намешавед?
"Ростӣ, на! Ман хеле ва хеле хушҳол мешавам агар Озарбойҷон пирӯз шавад, чунки ними ин пирӯзӣ насиби Шветсия мешавад. Ва мо ҳатто гуфта метавонем, ки агар шумо барои ташкили бозиҳои ниманиҳоии Eurovision баъдан мушкилӣ кашед, мо метавонем бароятон кӯмак кунем".
Сербистон соли 2007 барандаи озмуни Eurovision шуда буд. Имсол ин кишварро дуэти Марко Кон ва Милан намояндагӣ мекунанд. Хабарнигори Озодӣ аз Марко Кон, ширкатдори имсолаи ин озмун аз Белград шоми 14 май пурсид, ки интизороти сербҳо аз ӯву Милан ҳамчунин як пирӯзии шикананда хоҳад буд ё на? Марко гуфт: "Ман намедонам, ки интизори онҳо чист. Албатта ҳамаи мо ба қадри кофӣ худхоҳ ҳастем, ки 110 дар сади имкониятҳои худро барои пирӯзӣ равона кунем. Омодагии мо хеле хуб аст, рақсу овозхонии мо хеле хуб таҳия шудааст. Намуди зоҳирии мо ҳам хуб аст ва ба назарам мо ҳама талошамонро ба харҷ додем, то ки ба натиҷае ноил шавем".
Кадом оҳангҳоро ҳамчун пуррақобаттарин таронаҳо арзёбӣ мекунед ва кадомашон бештар ба шумо писанд омадааст?
"Ман чанд суруди хубро дӯст доштам: оҳангҳои намояндаҳои Олмон, Норвегия, Озарбойҷон, Арманистон, Словения, Босния бароям хеле писанд омад. Суруди Монтенегро ҳам хеле хуб иҷро шуда буд, ҳарчанд мутаассифона ба даври ниҳоӣ роҳ наёфт. Сурудҳои Белгияву Лаҳистон ҳам хуб буд. Агар касеро номбар накардам, наранҷанд, суруди хуб зиёд буд".
Шумо суруди худро ба забони сербӣ иҷро мекунед, на англисӣ мисли бисёриҳо, чаро?
"Ман нусхаи англисии таронаи худро сабт кардам, баъд русиву фаронсавиро, ҳатто юнониву ҳибруру омода кардам. Аслан вақте шумо метавонед ба забонҳои мухталиф иҷро кунед, ин хеле хуб аст. Аммо ин оҳанги ман дар озмун ба забони модарии сербии ман иҷро мешавад, чунки назари ман ин аст, ки ин забони беҳтарини намоиши оҳанг дар Аврупо ва ҷаҳон мебошад. Ман иҷрои ин таронаро ба забони худам дӯст доштам".
Мусоҳибони дигари мо Комил Микулчик ва Нела Почискова аз Словакия мебошнад. Онҳо умедворанд ҳунарнамоии хубе хоҳанд дошт. Нела дар бораи таассуроташ аз озмун ва тарзи омодагии Русия ба ин сабқати ҳунарӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: "Салом ба Острава! Ба назари ман ҳамааш хуб аст, агар чанд иштибоҳи хурдро нодида гирем. Ин ҷо як муҳити фавқулодда хубе ҳукмфармост. Саҳна хеле зебо таҳия шудааст. Хеле зебо, хеле зебо".
Аз Комил пурсидем, оё омодагии дастаи худро ба ширкат дар даври ниманиҳоии озмун шоми 14 май чӣ гуна арзёбӣ мекунад. Вай гуфт: "Мо боумед ба натиҷаҳои ин озмун дида дӯхтаем, ин хеле ҷолиб аст. Ҳамааш босуръат мегузарад, як суруд дигарашро зуд табдил мекунад. Шумо фурсати андешаро намеёбед. Ҳар як ширкатдор бояд зуд барои баромадан ба рӯи саҳна омода шавад. Ва мо ингуна як муҳити пуртанишро воқеан ҳам дӯст доштем. Ва агар мо ба даври ниҳоии озмун роҳ ёбем, хеле хурсанд мешавем. Аммо дар асл шонси пирӯзиро мо ҳамчун як мӯъҷиза қабул мекунем".
Дар озмуни имсола 42 кишвар рақобат мекунад ва танҳо рӯзи 16 май хоҳем фаҳмид, ки чӣ даставу овозхонҳое аз миёни онҳо барои ҳақи рақобат дар давраи ниҳоӣ сазовор дониста шуданд.