Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти хушбинкунандаи Обама ва Лавров


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар Кохи Сафед бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот кард.

Дар тӯли ҳашт соли президентии Ҷорҷ Буш равобити Иёлоти Муттаҳида бо Русия ба таври қобили мулоҳиза сарду дар бархе масъалаҳо ҳатто хароб шуд. Ин давра марҳилае буд, ки таҳлилгарон муносиботи ду давлатро ҳамчун марҳилаи оғози "ҷанги нави сард" арзёбӣ мекарданд. Аҳди президентии Буш ба замони раҳбарии Владимир Путин мувофиқ омад, ки бо шеваи шадидуллаҳни кораш дар мақоми раёсати ҷумҳурии Русия маъруф шудааст.

Дар мулоқоти ахири раисиҷумҳури кунунии Иёлоти Муттаҳида Барак Обама ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, ки дар остонаи нишасти расмии президентҳои Русияву Амрико баргузор шуд, кӯшише барои барқарор шудани равобити оддии корӣ ва муҳити беҳтари ҳамкориҳои миёни ду давлат карда шуд. Ҷонибҳо барои ҳамкории созанда дар самти ҳалли мушкилоте чанд дар бахшҳои Ховари Миёна, НАТО ва Гурҷистон, Кореяи Шимолӣ ва масоили дигар омодагӣ нишон доданд.

Мулоқоти Барак Обама ва Сергей Лавров дар Кохи Сафед зиёд тӯл накашид. Баъди дидору гуфтугӯи мухтасар ин ду нафар на фақат дар заминаи таҳкими дӯстиву ҳамкориҳо, балки роҷеъ ба эҳтироми мутақобилаву кори ҷиддии муштараке, ки барои дастёбӣ ба манофеи ҳамдигарӣ равона шуда бошад, сӯҳбат карданд. Барак Обама гуфт: "Ман фикр мекунам, ки мо барои аз сар гирифтани муносиботи миёни Амрикову Русия дар ҳама заминаҳо - аслиҳаи ҳастаӣ ва манъи густариши аслиҳаи ҳастаӣ, вазъ дар Афғонистону Покистон, наҳваи бархӯрд бо Эрон, бархӯрд бо Ховари Миёна, равобити бозаргонии миёни ду кишвар ва роҳҳои рафъи бӯҳрони молии сартосарӣ, ки иқтисодро дар ҳама кишварҳои ҷаҳон дар вазъи ногувор гузоштааст, - имкони олӣ дорем".

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки ҳоло дипломатҳои амрикоиву русӣ заминаҳои баргузории мулоқоти раҳбарони ду кишварро, ки қарор аст моҳи июл дар Маскав ҷараён гирад, таҳия мекунанд: "Ба назари ман, мо корро дар самти хеле амаливу корсоз, бар пояи манфиатҳои муштарак ва дар сурати ихтилофи назарҳо - бар пояи эҳтироми ҳамдигар пеш мебарем. Мо талош дорем ин ихтилофҳоро ҳаддалимкон аз байн бурда ба хотири манфиати кишварҳоямон ва амнияти байналмилалӣ кор кунем. Ва бори дигар умедвориҳои зиёди президент Медведевро аз мулоқот бо шумо моҳи июли имсол дар Маскав изҳор мекунам".

Обамаву Лавров дар чанд масоил, аз ҷумла коҳиши аслиҳаи ҳастаӣ ва таъмини амнияти он силоҳҳое, ки ҳоло мавҷуданд, иттифоқи назар нишон дода, инчунин барои идомаи кор дар самти водорсозии Эрон ва Кореяи Шимолӣ ба боздоштани ҷоҳталабиҳои ҳастаиашон омодагӣ баён карданд.

Вале дар баробари ин, дар нишасти Вашингтон инчунин масоили мавриди баҳсу ихтилоф низ матраҳ шуд. Дар ин бахш масъалаҳои марбут ба таҳти нуфузи Русия қарор гирифтани манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон, нияти ИМА барои истиқрори сипари зиддимушакӣ дар қаламрави Аврупои Шарқӣ ва нақшаҳои бархе ҷумҳуриҳои шӯравии пешин ба узвияти паймони низомии НАТО зикр шуд. Бархе аз ин масоил пештар дар нишасти Лаврову Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷии Амрико низ матраҳ шудааст.

Дар нишасти хабарие баъди ин мулоқот дар заминаи барномаи дифоъи мушакии Амрико, ки ба қавли Русия, алайҳи амнияти миллии ин кишвар равона шудааст, низ гуфтугӯе сурат гирифт. Вашингтон дар робита ба мухолифатҳои Маскав барои бунёди сипари зиддимушакии Амрико дар хоки Аврупо батакрор гуфтааст, ки он алайҳи давлатҳои хатарзое, мисли Эрон равона шуда, зидди Русия буда наметавонад. Ва Лавров дар мулоқотҳои Кохи Сафед низ бо изҳори хушбинӣ ба ҳалли ин масъала дар баробари хабарнигорон гуфт: "Мо инчунин ба вазифаҳое дар бахши дифои зиддимушакӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардем, ки ду президент барои пайдо кардани заминаҳои ҳамкориҳои муштарак дар ин замина майл нишон доданд. Ва дар ҷараёни мулоқоти имрӯза ҳам мо ҳавасмандии худро дар ин бобат тасдиқ кардем".

Аз назари хабарнигороне, ки сафари расмии раҳбари идораи сиёсати хориҷии Русия ба Вашингтонро пайгирӣ мекарданд, шояд масъалаи Гурҷистон аз ҳассостарин мавзӯъҳои мавриди баррасии раҳбарон будааст. Дар мулоқоти Лаврову Клинтон, ҳарду раҳбари сиёсатҳои хориҷии кишварашон ба таъмини суботу оромиш дар Қафқоз майл нишон дода, вале таъкид карданд, ки роҳҳои расидан ба ин ҳадафро бо гунаҳои дигар мебинанд.

Дар заминаи Эрон, ки ба бовари Ғарб, дар пайи бунёди бомбаи атомист, вале худи Теҳрон инро рад мекунад, Лавров, мисли пешин, гуфт, ки ба эътимоди вай шадидтар шудани таҳримҳо Эронро аз идомаи барномаи ҳастаиаш бознамедорад. Вай гуфт, ки идомаи музокираҳои дипломатӣ, ки Обама низ тарафдори он аст, роҳи воқеъии ҷилавгирӣ аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳост.
XS
SM
MD
LG