Аммо тавре аз сӯҳбатҳо бармеояд, баъид менамояд, ки ИА дар ин масъала даст ба як дидгоҳи умумӣ биёбад. Яъне дар ин нишаст ғолибан ба дунболи чунин миёнае хоҳанд гашт, ки ҳеҷ яке аз кишварҳои узвро зиёд хафа накунад.
Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана рӯзи якуми сентябр дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел гуфт: “Масъалаи таҳримот имрӯз дар дастури кор қарор надорад. Ончӣ ки мо карда метавонем, бознигарии равобитамон бо Русия аст. Тавре шумо медонед, мо раванди ҷадиди Созишномаи Мушорикат ва Ҳамкориро оғоз кардаем. Тамоми ин чизҳо дар оянда бояд бозбинӣ шаванд”.
Хавйер Солана афзуд, бознигарии равобит бояд то нишасти навбатии ИА ва Русия анҷом биёбад. Ин нишаст дар ду сол як маротиба доир мешавад ва қарор аст, ҳамоиши навбатии ИА ва Русия дар моҳи ноябр дар Нитсаи Фаронса баргузор гардад.
Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА ҳамчунин гуфт, ин созмон ба хотири назорат бар ҷараёни иҷрои қарордоди оташбас миёни Гурҷистону Русия як ҳайъати бузурги иборат аз садҳо нозирро эъзом мекунад. Ин ҳайъат танҳо дар хоки Гурҷистон – аммо на дар қаламравҳои баҳсии Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ фаъолият хоҳад кард ва ба ин далел ба ахзи ризоияти Русия ниёз надорад.
Ин дидгоҳи Солана як навъ миёнагирӣ байни ду гурӯҳи кишварҳои Аврупоист, ки масъалаи шеваи бархӯрд ба Русия дар ду сангари мухолиф қарорашон додааст.
Фаронса ва Олмону Итолиё муштоқи зиёд тунду дур рафтан дар ин масъала ва мунҷар ба даврони ҷадиди ихтилоф бо Маскав шудани баҳси Гурҷистон нестанд. Раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, ки раёсати нишасти сарони ИА дар Брюсселлро бар ӯҳда дорад, мехоҳад иқдомоти дипломатии худ ба хотири ҳалли ин бӯҳронро давом диҳад. Вазири хориҷаи Олмон Франк Валтер Штейнмейер гуфтааст, мухолифи ошкори онҳоест, ки мехоҳанд аз таҷрубаи даврони Ҷанги Сард истифода кунанд. Ҳамтои итолиёии ӯ Франко Фраттини низ бо таъкиди бар қарордоди оташбас амал кардани Маскав иктифо карда, гуфтааст, Русия ҳамкори стротежии ИА-ст, на кишвари душман.
Аммо Бритониё ва бахши аъзами кишварҳои Аврупои шарқӣ мехоҳанд, ки нишасти сарони ИА аз Брюсселл ба Маскав паёми хеле шадидтар бифиристад. Сарвазири Бритониё Гордон Браун ба нашрияи “Обсервер” гуфтааст, ИА бояд равобиташ бо Русияро ба таври решаӣ бозбинӣ кунад. Браун ҳамчунин хостори ихроҷи Маскав аз ҷаласоти G8 ва бознигарии равобити паймони низомии НАТО бо Русия шудааст. Гордон Браун гуфтааст, дар як тамоси телефонӣ ҳатто раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведевро ҳушдор додааст, ки мунтазири посухи қотеъи Аврупо дар масъалаи Гурҷистон бошад.
Аммо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Ғарб бояд ба пуштибонӣ аз давлати Михаил Саакашвили поён гузошта, дар ин бӯҳрон аз манофеъи худ ҳимоят кунад: “Агар Амрикову муттаҳидинаш дар ниҳоят манфиатҳои худ ва манфиатҳои мардуми Гурҷистонро дунбол накарда, режими Саакашвилиро интихоб кунанд, ки чизеро наомӯхт, ин як иштибоҳи дар воқеъ аз лиҳози миқёс таърихӣ хоҳад шуд”.
Ин дар ҳолест, ки Маскав ҳадафмандона ҷараёни иҷрои қарордоди оташбаси байни Русияву Гурҷистон бо миёнҷигии Никола Саркозӣ тасвибшударо кунд гардонидааст ва нирӯҳояш, бар хилофи муқаррароти он қарордод, то кунун дар хоки Гурҷистон боқӣ мемонанд.
Имрӯз дар Тифлис даҳҳо ҳазор нафар ба хотири ташвиқи ИА ба посухи шадидтар алайҳи Русия дасти якдигар гирифта, аз худ як занҷири зинда сохтанд. Ин занҷири зинда аз майдони Озодии пойтахти Гурҷистон оғоз ёфта, сипас ба хиёбони Руставелӣ, бузургтарин ҷодаи Тифлис тӯл мекашид.