Ин комиссиюн аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақозо кардааст, ки аз имзои он худдорӣ варзад. Зеро, омадааст дар баёнияи ин комиссиюн, бархе аз банду моддаҳои қонуни мазкур муғойир бо меъёрҳои байнулмилалист, ки давлати Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст. Аз сӯи дигар, гуфта мешавад дар ин баёния, тасвиби қонуни мазкур озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро шадидан маҳдуд карда, заминаро барои бастани садҳо масҷид ва аз таълими динӣ дар канор мондани фарзандони мусалмонон фароҳам мекунад.
Тарҳи Қонун «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ», ки тайи ду соли ахир дар маҳфилҳои мухталифи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, моҳи ноябри соли гузашта ба порлумон ироа шуд ва баъди муҳокимаи кӯтоҳе ибтидо дар палатаи поёнӣ ва сипас дар палатаи болоии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пазируфта шуд.
Дар баёнияи Комиссиюни амрикоии озодии эътиқод гуфта мешавад, ки бо имзои ин санад шароити бастани садҳо масҷид дар Тоҷикистон фароҳам мешавад ва низ тадрис ва таълими улуми динӣ барои кӯдакон ва наврасон бо мушкил рӯбарӯ хоҳад шуд. Аз тарафи дигар бо имзои ин қонун назорат ва мудохилаи давлат ба умури динӣ, ки тибқи Қонуни асосӣ, давлат аз дин ҷудо эътироф шудааст, ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт. Эътироз ва нигаронии Комиссиюни амрикоии озодии динӣ аз қабули ин қонун дар ҳоле садо медиҳад, ки чандест, ки рӯҳониёни саршиноси кишвар низ дар ин бора садо баланд мекунанд.
Аз ҷумла Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, гуфт, ба ҳангоми арзёбӣ дар Маҷлиси Миллӣ исрор варзид, ки ба ин шаклу мазмун қонуни мазкур набояд пазируфта шавад. Зеро дар он ҳуқуқҳои мусалмонони Тоҷикистон ва озодиҳои мазҳабии онҳо ҳам дар роҳи тоату ибодат ва ҳам дар амри таълиму тадриси улуми динӣ нақз шудааст. Аммо ҳамтоёни ӯ бо ин далел, ки Тоҷикистон давлати дунявист, пешниҳоди ӯро ҷонибдорӣ накардаанд.
Муҳаммадшариф Ҳиматзода, роҳбари маънавии ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумон, ки мавқеи Комиссиюни амрикоии озодиҳои динро дар бораи қонуни мазкур дуруст арзёбӣ кард, гуфт, матни ниҳоии қонуни пазируфташуда аз нусхаҳои қаблии он маҳдудиятҳои бештарро болои мусалмонон ҷорӣ кардааст. Оқои Ҳимматзода гуфт, дар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар бинои Конгресси Амрико, барои адои намози мусалмонон шароити махсус фароҳам карда шудааст, аммо дар ин қонун намозгузорӣ танҳо дар хона ва масҷид иҷоза дода шудааст, таҳрифи ошкорои аҳкоми шариат аст.
Аммо Сайидбек Маҳмадуллоев, сардори шӯъбаи дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, қонуни озодиҳои эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ ба шароити имрӯзи Тоҷикистон ва қонунҳои кишвар мутобиқ аст ва он дар асоси Қонуни асосӣ, ки Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон кардааст, таҳия шудааст. Оқои Маҳмадуллоев гуфт, ки давлат муаззаф аст, ки фаъолияти ҳама сохторҳо аз ҷумла масоҷид ва мадорисро дар қолаби қонун роҳандозӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол Сайидаҳмади Қаландар, масъули маркази таҳлилии мавсум ба «Сипеҳр», мегӯяд, Тоҷикистон ба унвони узви созмонҳои мӯътабаре чун СММ, Созмони конфаронси исломӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки асноди байнулмилалии ҳуқуқи башарро маҳаки кор қарор додаанд, наметавонад як чунин санадеро ба тасвиб расонад. Аз сӯи дар Қонуни асосии Тоҷикистон дин аз давлат ҷудо эълон шудааст. Вале қонуни мазкур тавре таҳия шудааст, ки умури дин зери идораи ҳукумат аст ва мақомот ҳар вақте бихоҳад ба фаъолияти он мудохила мекунад.
Зимнан намояндагони ҲНИТ дар порлумон Тоҷикистон як тарҳи қонуни озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои диниро омода ва ба баррасии порлумон пешниҳод карда буданд. Аммо арзёбии он аз сатҳи Шӯрои Маҷлис фаротар нарафт.
Бо ин ҳол Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, гуфт, ки ӯ, намояндагони ҲНИТ Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ якҷо бо гурӯҳе аз рӯҳониёни саршиноси кишвар дар садади навиштани як номаи саркушода ба унвони президенти Тоҷикистон ҳастанд, ки мазмуни он тақрибан дар баёнияи Комиссиюни амрикоии озодии эътиқод зикр шудааст. Яъне онҳо низ аз раисиҷумҳур дархост мекунанд, ки аз имзои қонуни мазкур худдорӣ кунад ва онро ба баррасии такрорӣ фиристад.