Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаёт дар халои иттилоотӣ


Ашрафиддин Ҷалилов, як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мегӯяд, ба сабаби бебарқиҳои чанд моҳи ахир ӯ ва аксари ҳамдеҳагонаш аз манобеи пахши иттилоот, ба вижа радио ва телевизион маҳрум буда, дар як шароити бехабарии комил ба сар мебаранд.

Оқои Ҷалилов мегӯяд, ягона манбаи иттилоот барои аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ танҳо ҳамон нашрияҳои чопи пойтахт ҳастанд, ки ҳафтае як маротиба ба табъ мерасанд. Аммо ба сабаби гаронии қимати ин ҷаридаҳо на ҳама сокинони маҳаллӣ имкони харидории нашрияҳои хусусии марказиро доштаанд.

Оқои Ҷалилов мегӯяд, дар чунин шароит мебоист ягона нашрияе, ки моли мақомоти ҳукумати ноҳия аст, халои иттилоотии ҳоким дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро барҳам занад, ё ҳадди ақал онро такмил диҳад. Аммо ба гуфтаи вай, нашрияи маҳаллии мавсум ба «Баҳористон» моҳе ҳамагӣ се-чор маротиб ва бо ҳаҷми танҳо чандсад нусха чоп шуда, ҳамоно танҳо ба дасти кормандони идораҳои давлатӣ мерасад. Зимнан, дастрасии сокинони қатории ноҳия қариб ба ҳама гуна сарчашмаҳои хабар тӯли чандин моҳ аст, ки маҳдуд боқӣ мондааст.

Ашрафиддин Ҷалилов мегӯяд, «ҳарчанд дар деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 120 ҳазон нафар сукунат доранд, рӯзномаи маҳаллӣ танҳо дар идораҳо ва ташкилотҳои ноҳиявӣ мемонанду то ба мардуми ноҳия намерасанд. Шояд зиёда аз 80-90 фоизи мардум ҳамин гуна ба матбуот дастрасӣ надоранд…»

Ҳарчанд ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 120 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, вале ягона нашрияи маҳаллӣ бо номи "Баҳористон" ҳамагӣ бо чандсад нусха чоп мешавад ...
Дар ҳамин ҳол, вазъи расонаҳои дигари чопии вилояти Хатлон низ риққатовар ба назар расида, аксари нашрияҳои маҳаллӣ дастикам як маротиб дар як ҳафта низ рӯйи чоп намеоянд. Нусратулло Абдуллоев, сардабири нашрияи маҳаллии ноҳияи Хуросон, ки собиқаи кории беш аз 40-сола доштааст, дар мисоли рӯзномаи худ мегӯяд, феълан нашрияҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо бо теъдоди ниҳоят кам, ҳудудан аз 200 то 500 нусха ба чоп мерасанд, дар ҳоле ки дар қаламрави вилояти Хатлон болиғ аз дувуним миллион нафар зиндагӣ мекунанд.

Бисёре аз сокинони маҳаллӣ дар бораи ҳодисаю рӯйдодҳои дохилии ноҳия ё аслан хабардор намешаванд, ё аз тариқи сару садоҳои мардумӣ огаҳӣ меёбанд: «Он ҳисоботе, ки мақомот медиҳанд, гӯё ба рӯзномаҳои ноҳиявӣ то 1000-1500 ҳазор нафар обуна шудаанд, дурӯғи маҳз аст. Дар асл ҳамагӣ 200-300 нафарро бо душворӣ обуна мекунем. Бояд ҳукуматдорон як барномаи махсуси мусоидат дар рушди нашрияҳои шаҳрию ноҳиявиро таҳия ва татбиқ намоянд».

Мушкили дигари марбут ба расонаҳои чопии вилояти Хатлон саривақт то ба дасти обуначӣ нарасидани нашрияҳо мебошад. Ҳарчанд сокинони шаҳру навоҳии ҷануби кишвар қариб ба тамоми нашрияҳои ҳукуматии ҷумҳур ва вилоят иҷборан обуна мешаванд, гоҳе ин нашрияҳо бо таъсири то як ҳафта ва ё беш аз он ба дасти хонанда мерасидааст.

Барои сокинони водии Вахши вилояти Хатлон фақат нашрияҳои хусусии чопи Душанбе ҳамчун манбаъҳои алтернативии ахбор хидмат мекунанд, зеро дар қаламрави ин минтақа алъон ҳеҷ расонаи чопии ғайридавлатӣ рӯйи кор нест. Чопи ягона нашрияи ҷамъиятии мавсум ба «Бомдод» беш аз ним со ласт, ки ба сабаби мушкилоти молӣ ба тавқиф уфтодааст.
XS
SM
MD
LG