Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таълими дин ва фиқҳи ҳанафӣ дар мактабҳо


Қаблан, тадриси улуми исломӣ дар масҷидҳо ва хонаҳои донишмандони Ислом хеле роиҷ буд
Қаблан, тадриси улуми исломӣ дар масҷидҳо ва хонаҳои донишмандони Ислом хеле роиҷ буд

Вазорати маорифи Тоҷикистон барномаи таълими таърихи Ислом ва фиқҳи ҳанафӣ дар макотиби миёнаро рӯйи даст мегирад.

Ҷалолиддин Амиров, як масъули вазорати маориф, гуфт, кумисюни вижае дар ҳоли ҳозир ба таҳияи барномаи тадриси ахлоқи исломӣ дар макотиб машғул аст ва ин барнома аз соли нави таҳсил мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт: “Президент дастур доданд, ки хонандагони мо ҳам аз фиқҳи исломӣ ва ахлоқи неки исломӣ огоҳ бошанд. Ба ин хотир тавассути дарсҳои факултативӣ омӯзиши ахлоқи исломӣ ба роҳ монда мешавад ва баъд аз ин хонандагон дар бораи дини худ, оини худ ва рафтори хуби инсонӣ, ки ислом тарғиб мекунад, огоҳӣ пайдо хоҳанд кард”.

Ин иқдом ба дунболи даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон, гирифта шудааст, ки ахиран хостори ислоҳи барномаи таълимии мактабҳо ва мутобиқ кардани онҳо бо фароизи мазҳаби ҳанафӣ шуд. Аммо Ҷалолиддин Амиров мегӯяд, фиқҳи ҳанафӣ ва таърихи Ислом фанни махсус ва алоҳидае набуда, балки омӯзиши он дар макотиби миёна дар дохили дарсҳои тарбиявӣ ва дарсҳои беруназсинфӣ ба роҳ монда мешавад.

Масъулони вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, агар дар ҳоли ҳозир таълими таърихи динҳо дар макотиб аз сӯйи устодони суханшинос ва таърихдон анҷом мешавад, аз ин ба баъд таърихи Исломро хатмкардаҳои Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон таълим хоҳанд дод: “Донишкадаи исломӣ, ки дар тасарруфи вазорати маориф аст, метавонад минбаъд барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ омӯзгорони таърих ва ахлоқи исломиро омода кунад”.

Вале ба гуфтаи Маъруф Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, кулли китобҳо ва барномаҳои марбут ба адён, аз ҷумла Ислом, бидуни ширкат ва машварати рӯҳониён таҳия мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин барномаҳо, ки ба навҷавонон шариати ислом ва таърихи воқеии ин динро бозгӯӣ мекунанд, бояд дар ҳамкорӣ бо уламо ва мударрисони мадориси исломӣ таҳия ва нашр шаванд: “Дар вазорати маориф ва муассисоти таълимии мо мутахассисони варзидаи мазҳабӣ нестанд. Аз ин рӯ, бояд ба камбудҳои худ иқрор шавем. Вазорати маориф бояд дар мавриди омода кардани барномаҳои таълимӣ роҷеъ ба дини Ислом, бахусус, мазҳаби ҳанафӣ бояд бо Маркази исломӣ, Донишкадаи исломӣ ва рӯҳониён ҳамкории зич дошта бошад. То ин ки маълумоти носаҳеҳ дар барномаҳои таълимоти ҳамагонии мо ҷой нагирад ”.

Ин дар ҳолест, ки ду моҳ пештар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ ва собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, дар номае ба вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов аз навоқиси ҷорӣ дар таълими таърихи адён изҳори ташвиш карда буд. Аммо Ҷалолиддин Амиров, корманди масъули вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, бо баррасии мушкили таърихи адён дар макотиб онҳо чопи дубораи китобҳои таърихи динро бо дидгоҳи тоза ва ислоҳи камбудиҳое, ки аз тарафи рӯҳониён ишора шудааст, аз сар мегиранд.
XS
SM
MD
LG