Кардинал Ренато Мартино аз номи Ватикан бо чунин изҳорот баромад намудааст. Ҳокии ин хабар, Итар-Тасс навиштааст, ки пешниҳоди тадриси асосҳои Ислом дар макотиби итолиёвӣ барои атфолу наврасони мусалмон ахиран аз ҷониби Шӯрои мусалмонони Итолиё садо дода буд. Шӯро, ки дар вазорати умури дохилаи Итолиё ба хотири мубориза бар зидди ифротгароии динӣ созмон ёфтааст, хостори тадриҷи як соати дарсӣ дар мактабҳо будааст.
Кардинал Мартино гуфтааст, «Агар зарурат бошад, агар дар мактабе сад тифли мусалмон таҳсил намояд, ман монеъаеро барои таълими динашон ба онҳо намебинам. Ҳарф сари эҳтиром ва арҷ бар инсон меравад ва эҳтиром наметавонад, ки бар афроди алоҳида ва интихобшуда бошад»
Кардинал Мартино гуфтааст, агар Италия тадриси Ислом дар макотиби худро иҷозат бидиҳад, ба Ватикан осонтар хоҳад буд, то аз кишварҳои мусалмонӣ тақозои густариши ҳуқуқи католикҳои он кишварҳо барои омӯзиши аҳкоми дини насрониро намояд. Ва аммо дар мактабҳои Итолиё талабаҳо аз рӯи хоҳиш метавонистаанд, ки асосҳои дини насрониро биомӯзанд.
Навишта шудааст, дар Италия ҳудуди яку ним миллион мусалмон ба сар мебарад. Ин кишвар беш аз панҷоҳ миллион аҳолӣ дорад.