Бӯҳрон дар номгӯи 400 миллиардери Русия тасҳеҳ ворид карда, бархеро ба ҷойҳои аввал ва бархи дигарро ба ҷойҳои охир кӯчонд ва чанд нафареро ҳам умуман аз ин рӯйихат берун афканд. Коршиносон мегӯянд, дар даврае, ки нархи саҳмияи ширкатҳои гуногуни марбут ба сарватмандон метавонад дар як шаб тағйир кунад, тартиб додани номгӯй ва раддабандии дақиқи пулдорони Русия ғайримумкин аст. Аммо аксари таҳлилгаронро омили дигаре мутаваҷҷеҳ кардааст, ки оё ин раддбандӣ метавонад бозгӯкунандаи вазъи иқтисодии Русия бошад ва ҳам ҳукумати Русия аз кадоми онҳо пуштибонӣ хоҳад кард ва ба кадом далел.
Бӯҳрони ҷаҳонӣ молики гурӯҳи ширкатҳои "Онэксим" Михаил Прохоровро бо 14 миллиард доллар ба ҷои аввал баровард ва Олег Дерипаскаро, ки аз 40 миллиард доллар дороияш акнун танҳо 5 миллиард мондааст, аз ҷои аввал ба ҳаштум партофт. Роман Абрамович ҳарчанд ҷои дувумро барои худ ҳифз кард, тақрибан ними сарваташро аз даст додааст. Тамоюл яктост -- ҳама қашшоқтар мешаванд. Бо сабаби бӯҳрон саҳмияи бархе аз ширкатҳо босуръат арзон мешавад ва коҳиши нархи нафту физилот арзиши умумии дороии олигархҳоро камтар мекунад.
Нозирони вазъ парвози Прохоровро ба ҷои аввал натиҷаи толеъ медонанд. Дар арафаи бӯҳрон Прохоров ба шикаст рӯбарӯ шуда, бахши ағлаби бизнеси худро аз даст дод ва сарвати ӯ асосан дар шакли пул боқӣ монд. Вай ин сармояро ба риштаҳое равона кард, ки бӯҳрон ба онҳо асари камтаре дошт.
Вале раҳбари илмии Мактаби олии иқтисодии Русия ва собиқ вазири иқтисодиёти ин кишвар Евгений Ясин мегӯяд, раддабандии маҷаллаи "Финанс" дақиқ нест ва ҷомеаро ба масъалаҳои воқеъӣ мутаваҷҷеҳ намекунад: "Рости гап ман ин амалро муҳим намешуморам, зеро, аввалан ин иттилоъ хеле шартист ва ба нархи саҳҳом бастагӣ дорад, ки имрӯз тағйир меёбад. Ин ҷадвал диққатро на ба масъалаҳои ҳақиқии иқтисодиёт ва ҷомеа, балки ба соҳибони сарвати калон мутамаркиз мекунад ва сабаби ҳасад мешавад."
Дар тафовут бо Ясин, Борис Немтсов, собиқ ноиби сарвазири Русия ва узви гурӯҳи мухолифи "Ҳамраъйӣ" мегӯяд, тағйирот дар раддабандӣ дар давраи бӯҳрон нишондиҳандаи он аст, ки давлат аз кадом олигарҳ ҳимоят мекунад ва аз кадомаш на. Ба ақидаи вай, дар ҳоле ки Дерипаска тамоми сарваташро бохтааст, ҳоло Кремлин аст, ки ба ӯ мадад мукунад. Ахиран "Внешэкономбанк"-и Русия ба Дерипаска 4,5 миллиард доллар қарз додааст ва ин сармоя аз Хазинаи миллии иҷтимоӣ гирифта шудааст.
Ин гуфтаҳои Немтсовро раиси Маркази мутолиоти "Панорама" дар Маскав, Владимир Прибиловский низ тасдиқ мекунад. Вай мегӯяд, амалан Дерипаска бенаво шуда ва зери қарз мондааст, яъне қарзҳои зиёде дорад, аммо мумкин аст, ҳукумат ӯро наҷот диҳад. Пеш аз Дерипаска давлати Русия Алишер Усмоновро наҷот дод. Ваъдаи қарзи бузурги Русия ба Исландия имкон дод, то маълум шудани он ки ин ваъда иҷрошулданӣ нест, Усмонов сармояи худро аз бонкҳои Исландия берун кашад.
Прибиловски мегӯяд: "Онҳо садоқати худро ба ҳукумат нишон медиҳанд ва дар иваз барои итоат ва хидмати худ дар гузашта аз марҳамати Кремл бархурдор мешаванд.
Немтсов ва Прибиловски бар инанд, ки ҳоло сиёсатбозии пулдорон бар зарари онҳо хоҳад гашт, зеро Кремл аз онҳое ҳимоят хоҳад кард, ки тарафдори гурӯҳи Путину Медведеванд. Гурӯҳи дигарро тарафдорони дӯсти Путин аз замони КГБ, ноиби аввали сарвазири Русия Игор Сечин наҷот хоҳад дод.
Вале ҳоли онҳое, ки ба ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои дохили ҳукумат хидмат намекунанд, номаълум хоҳад буд. Дақиқтараш онҳо ба танҳоӣ бо бӯҳрон мубориза хоҳанд кард. Масалан, миллиардер Сулаймон Каримов одами шаҳрдори Маскав Лужков ба шумор меравад ва кремлнишастагон ӯро бегона мешуморанд, аммо гумон аст, Лужков ба вай дасти ёрӣ дароз кунад, зеро қарзи ҳамсари соҳибкораш Еелена Батурина аз 1 миллиард доллар гузаштааст. Лужков аз миллисозии бизнес ҳарф мезанад ва ба гуфтаи Немтсов ҳадафаш рехтани пули давлат ба ширкатҳои варшикаста аст.
Прибиловски мегӯяд, бовар дорад, ки сарватмандони Русия, ки аз ҳама чиз пул даровардаанд, аз ин бӯҳрон низ манфиат хоҳанд бардошт ва бо сарвати бештар ба раддабандии пулдорони Русия хоҳанд баргашт.
Олег Дерипаска аслан бенаво шудааст ва зери бори қарз мондааст...