Анҷуман ё худ Форуми имсола дар муқоиса бо солҳои гузашта хеле хоксорона ҷараён гирифт. Имсол ситораҳои ҳунару фарҳангро ба Давос даъват накарданд. Ҳамчунон дар шароити бӯҳрони саросарии иқтисодӣ маъмурияти Давос аз зиёфатҳои серхароҷот даст кашида, ширкаткунандагонро ба баҳси низоми ҷаҳонии баъд аз бӯҳрони иқтисодӣ ҳидоят намуд.
Дар Анҷумани Давос раҳбарони кишварҳои олам бо ишора ба нооромиҳову нороҳатии сиёсӣ дар гӯшаҳои мухталифи дунё аҳд карданд, то бӯҳрони молиро, ки дар ниҳояти амр боиси хасороти бузурги иқтисодӣ ва афзоиши камбизоатӣ гардидааст, рафъ намоянд. Вазири иқтисоди Фаронса хонум Кристин Лагард аз минбари Анҷуман гуфт, ки феълан ҷаҳон бо ду таҳдид: яке нооромиҳои иҷтимоӣ ва дигаре протесионизм ё худ ҳимояти тавлидгарони дохилӣ мувоҷеҳ аст. Вазъи ногувори иқтисодӣ боиси эътирозҳои дастаҷамъӣ дар Булғористон, Юнон, Латвия, Литва, Мадагаскар ва кишварҳои дигар шуд. Ҳукумати Исландия дар зери фишори ҷамъиятӣ интихоботи пешазмӯлат эълон намуда, худ ба истеъфо рафт. Ҳатто дар худи Давос ҳам эътирозгарон раҳпаймоиҳо ташкил намуда, бонкдорон, соҳибкорони бузург ва сиёсатмадоронро масъули бӯҳрони саросарӣ унвон доданд.
Аксари сухаронҳои Давос дар бораи зарари протексионизм, яъне ҳимояи бозорҳову тавлидгарони дохилӣ ҳарф заданд. Аз ҷумла, сарвазири Британия Гордон Браун иброз дошт, ки дар чунин ҳол иқдомҳои зидди ҷаҳонишавии иқтисод ё худ глобализатсия таҳким ёфта, ба афзоиши қашшоқии мардум замина гузошта хоҳад шуд.
Ба навиштаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии молӣ, ки ҳамчун маркази илмии бонкҳои байналмилалӣ шинохта мешавад, соли гузашта гардиши сармоя ба бозорҳои нав то 165 миллиард доллар коҳиш ёфт. Ду сол пеш гардиши солона пул ба самти бозорҳои нав 1 триллион долларро ташкил медод.
Сарвазири Русия Владимир Путин ҳам монеа ба ҷаҳонишавиро танқид кард. Дар ҳамин ҳол, Русия бо ҳар роҳу восита саъй дорад, вуруди мошинҳои хориҷӣ ба ин кишварро душвортару серхароҷоттар намояд, то мардум ба харидани худравҳои ватанӣ - Вазҳо майл пайдо намоянд. Ин қабил имтиёзҳо барои тавлидкунандагони дохилӣ дар мамолики мухталифи олам мушоҳида мешавад.
Хулоса, натиҷаи нишасти имсолаи Давосро метавон бо суханони Ҷон Липский муовини мудири Сандуқи байналмилалии пул ҷамъбаст кард, ки "то муддате набояд интизори ахбори хуши иқтисодӣ буд". Сандуқи байналмилалии пул тасмим гирифтааст, барои баровардани ниёзмандии кишварҳо ба нақдина дар шаш моҳи оянда то 500 миллиард доллар тахсис диҳад. Кишварҳои Маҷористон, Украина, Исландия ва Покистон барои гирифтани қарз ба Сандуқ муроҷиат кардаанд. Ҳайати Бонки осиёии рушд ҳам ба ширкаткунандагони нишасти Давос иттилоъ дод, ки ин муассисаи молӣ барои рафъи бӯҳрон пойгоҳи молиашро то 165 миллиард доллар афзоиш медиҳад.