Посух: Шӯрои уламо ва Маркази исломии Тоҷикистон аслан манофеъи мусулмонон дар кишварро ҳимоят мекунад. Ҳамаи арзишҳои маънавӣ, наҳваи ибодат, фаъолияти масҷидҳо ва муассисоти таълимии динӣ таҳти назорати Шӯрои уламо қарор доранд. Аммо шӯро ба масоили ташкилотӣ ва молии масҷидҳо дахолати бевосита намекунад, чунки масҷидҳо ҳамчун созмони мустақил номнавис шуда ва фаъолият мебаранд.
Маркази исломии Тоҷикистон як ниҳоди ҷамъиятӣ аст. Ниҳоди давлатӣ нест ва раҳбарияти ин марказ низ аз сӯйи Анҷумани мусулмонон, ки дар идомаи ду сол баргузор мегардад, интихоб мешавад. Яъне, ин мансаб интихобӣ аст. Ӯро мақомоти давлатӣ интихоб ё таъйин намекунанд. Онҳое, ки фаъолияти Шӯрои уламоро зери шубҳа мебаранд ва моро ба давлатӣ будан “муттаҳам” мекунанд, натанҳо ба фаъолияти шӯро эрод мегиранд, балки аз фаъолияти кулли ниҳодҳои расмӣ низ розӣ нестанд.
Аммо Шӯрои уламо фаъолияти маҳдуд дорад ва масъулони ин шӯро наметавонанд, ки таҳаввулоти сиёсиро тавзеҳ диҳанд. Мо ниҳоди динӣ ҳастем ва танҳо метавонем масоъили мазҳабиро шарҳ диҳем.
Пурсиш: Вале дар бораи муносиботи кунунии давлат бо дин ва диндорон чӣ мегӯед? Муносибат беҳтар шудааст ё ба қавли бархеҳо – нигаронкунанда?
Посух: Ба назари ман, муносибати давлати Тоҷикистон бо диндорон ҳамеша хуб буд. Бахусус, ин муносибат дар соли гузаштарангубори тоза пайдо кард. Раисиҷумҳур тавонист, ки соли 2009-ро Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кунад. Ин иқдом, албатта, аз таваҷҷӯҳи бештари давлатмардони тоҷик ба арзишҳои динӣ, ки ҷузъе аз арзишҳои фарҳанги миллии мо ҳаст, дарак медиҳад. Дар шароити муосир, ки таҳоҷуми фарҳангӣ болои миллати мо ва дини мо сурат мегирад, таҳкими пояи арзишҳои динӣ ва ҳимояи давлат аз он зарур аст.
Пурсиш: Оё худи Шӯрои уламо барномаи хоси таҷлил аз Соли бузургдошти Имоми Аъзамро дорад?
Посух: Албатта, як барномаро рӯйи даст гирифтаем. Бояд дар идомаи моҳҳои март ва апрел силсилаи матолиб пиромуни фаъолият, афкор ва фиқҳи ҳазрати Имоми Аъзам нашр шаванд. Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳамчунин баргузории як конфронси байнулмилалиро, ки қарор аст дар нимаи тобистони имсол барпо шавад, дар назар гирифтааст. Аммо ба иллати мушкили молӣ мо наметавонем дар ин конфронс аз кишварҳои наздику ҳамзабон меҳмонони бештарро давъат кунем.
Пурсиш: Чун гап сари мушкилоти молии Шӯрои уламо рафт, метавонам пурсам, ки ин шӯро аз куҷо манфиат мегирад? Оё кӯмакҳое ҳам аз хориҷи кишвар ворид мешаванд?
Посух: Шӯрои уламо мустақиман наметавонад аз хориҷа кӯмак дарёфт кунад. Шӯро аксаран ба хайрияҳои сокинону алоқамандон ва қисмате аз даромадҳои масоҷиди ҷомеъ такя мекунад.
Пурсиш: Аммо дар бораи манъи салафия чӣ мегӯед? Мавқеъи Шумо чӣ буд? Оё дарвоқеъ талош доштед, ки ин ҷараён мамнӯъ эълон шавад?
Посух: Ҷараёни салафия як ҷараёни навпайдо дар арсаи мазҳабӣ аст ва решаҳои амиқи таърихӣ надорад. Ба ягон имоми ҳидоятёфтаи аҳли суннат ва ҷамоат робита намегирад. Ва имрӯз дар масҷидҳое, ки салафиҳо муташаккил амал мекарданд, бахусус масҷиди Имом Тирмизӣ, дигар нафаре бо садои баланд омин намегӯяд ва даст болои сина намоз намегузорад.
Баъд аз қарори Додгоҳи Олӣ зоҳиран пайравони салафия фаъолияти худ дар Тоҷикистонро қатъ кардаанд. Вале, фикр мекунам, онҳо фаъолияти худро ба таври махфӣ идома хоҳанд дод. Гумон намекунам, ки онҳо ба ин зудӣ аз афкору аъмоли худ даст кашанд ва моро ба ҳоли худ гузоранд.
Пурсиш: Яъне, бовар доред, ки онҳо рӯзе боз зери ниқоби дигар ва бо шеваи дигар дар ҷомеъаи мо зуҳур хоҳанд кард?
Посух: Албатта, бовар дорам, ки онҳо метавонанд муборизоти пинҳонӣ баранд ва ин муборизот аз марказҳои махсус ва аз берун тарҳрезӣ хоҳанд шуд. Инҳо ҷараёни мазҳабие ҳастанд, ки барномаашон аз хориҷ маблағгузорӣ мешавад. Мо медидем, ки қаблан дар назди масҷиди марказӣ бо мошинҳои пурдабдаба чи гуна пайдо мешуданд ва баҳс мекарданд, вале ҳоло он ҳама карру фарри онҳо мушоҳида намешавад.
Роҳи дигаре, ки метавонем фаъолияти салафияро ҷилавгирӣ кунем, омӯзиши дақиқи таълимоти салафия аст. Агар мо салафияро аз наздик нашиносем, шеваҳои дақиқи онро дарк кардан барои мо мушкил мешавад.
Маркази исломии Тоҷикистон як ниҳоди ҷамъиятӣ аст. Ниҳоди давлатӣ нест ва раҳбарияти ин марказ низ аз сӯйи Анҷумани мусулмонон, ки дар идомаи ду сол баргузор мегардад, интихоб мешавад. Яъне, ин мансаб интихобӣ аст. Ӯро мақомоти давлатӣ интихоб ё таъйин намекунанд. Онҳое, ки фаъолияти Шӯрои уламоро зери шубҳа мебаранд ва моро ба давлатӣ будан “муттаҳам” мекунанд, натанҳо ба фаъолияти шӯро эрод мегиранд, балки аз фаъолияти кулли ниҳодҳои расмӣ низ розӣ нестанд.
Аммо Шӯрои уламо фаъолияти маҳдуд дорад ва масъулони ин шӯро наметавонанд, ки таҳаввулоти сиёсиро тавзеҳ диҳанд. Мо ниҳоди динӣ ҳастем ва танҳо метавонем масоъили мазҳабиро шарҳ диҳем.
Пурсиш: Вале дар бораи муносиботи кунунии давлат бо дин ва диндорон чӣ мегӯед? Муносибат беҳтар шудааст ё ба қавли бархеҳо – нигаронкунанда?
Посух: Ба назари ман, муносибати давлати Тоҷикистон бо диндорон ҳамеша хуб буд. Бахусус, ин муносибат дар соли гузашта
"Шӯрои уламо ниҳоди динӣ аст ва метавонад танҳо масоили мазҳабиро шарҳ бидиҳад, на таҳаввулоти сиёсиро"
Пурсиш: Оё худи Шӯрои уламо барномаи хоси таҷлил аз Соли бузургдошти Имоми Аъзамро дорад?
Посух: Албатта, як барномаро рӯйи даст гирифтаем. Бояд дар идомаи моҳҳои март ва апрел силсилаи матолиб пиромуни фаъолият, афкор ва фиқҳи ҳазрати Имоми Аъзам нашр шаванд. Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳамчунин баргузории як конфронси байнулмилалиро, ки қарор аст дар нимаи тобистони имсол барпо шавад, дар назар гирифтааст. Аммо ба иллати мушкили молӣ мо наметавонем дар ин конфронс аз кишварҳои наздику ҳамзабон меҳмонони бештарро давъат кунем.
Пурсиш: Чун гап сари мушкилоти молии Шӯрои уламо рафт, метавонам пурсам, ки ин шӯро аз куҷо манфиат мегирад? Оё кӯмакҳое ҳам аз хориҷи кишвар ворид мешаванд?
Посух: Шӯрои уламо мустақиман наметавонад аз хориҷа кӯмак дарёфт кунад. Шӯро аксаран ба хайрияҳои сокинону алоқамандон ва қисмате аз даромадҳои масоҷиди ҷомеъ такя мекунад.
Пурсиш: Аммо дар бораи манъи салафия чӣ мегӯед? Мавқеъи Шумо чӣ буд? Оё дарвоқеъ талош доштед, ки ин ҷараён мамнӯъ эълон шавад?
Посух: Ҷараёни салафия як ҷараёни навпайдо дар арсаи мазҳабӣ аст ва решаҳои амиқи таърихӣ надорад. Ба ягон имоми ҳидоятёфтаи
"Бовар дорам, ки салафиён метавонанд муборизаи пинҳонӣ бибаранд ва ин муборизот аз марказҳои махсус аз берун тарҳрезӣ хоҳанд шуд"