Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастани Гуантанамо ҳамчун паёми Обама


Ҳамагӣ чанд соат пас аз расми савгандаш президенти нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама дастур дод, ҳамаи муҳокимаҳо дар боздоштгоҳи Гунатанамо мутаваққиф гарданд. Бо нахустин дастураш Обама нишон дод, ки ваъдаи ӯ дар бобати бастани ин боздоштгоҳ қатъист. Ин хабар ҳамзамон паёме ба кишварҳои дигар буд.

Дар авҷи шукӯҳу ҷашни савганди президентияш дар Вошингтон, раҳбари нави Иёлоти Муттаҳида заминаҳои фалсафи зарурати бастани Гуантанаморо матраҳ кард. Бо ишора ба терроризми байнулмилалӣ, Барак Обама гуфт, Иёлоти Муттаҳида ба хатарҳои бузурге рӯбарӯст, аммо набояд ба сабаби ин таҳдидҳо миллат ҳатто барои лаҳзае ормонҳои қадимияшро фаромӯш кунад: "Дар мавриди мудофиаи умумӣ, мо интихоб миёни амнияти мо ва ормонҳи моро рад мекунем. Падарони бунёдгузори мо дар ҳоле номаи ҳокимияти қонун ва ҳуқуқи инсонро менавиштанд, ки бо хатарҳои тасаввурнопазир рӯбарӯ буданд. Ин қонунҳо бо хуни наслҳо густариш ёфт ва он ормонҳо ҳанӯз дунёро рӯшан мекунанд ва мо онҳоро ба хотири манфиат канор намегузорем."

Боздоштгоҳи Гуантанамо аз тарафи ҳукумати пешин пас аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ба Ню Йорк ва Вошингтон таъсис ёфт ва бо вуҷуди эътирози ҳомиёни ҳуқуқи инсон садҳо нафар дар он бидуни маҳкама нигаҳдорӣ мешуданд. Ҳоло дар ин ҷо 248 маҳбусе боқӣ мондааст, ки қарор аст, ҳамчун душманони ҳарбӣ муҳокима шаванд.

Чандин нафар дар Афғонистон гуфтаанд, аксари маҳбусони Гуантанамо бегуноҳанд ва президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай низ аз нақшаи бастани ин боздоштгоҳ ҳимоят кардааст.

Ҳукумати Олмон гуфтааст, бозгардондани маҳбусон ба кишварҳое, ки эҳтимолан дар он ҷо ҳаёти собиқадорони Гуантанамо ба хатар рӯбарӯ шавад, дуруст нахоҳад буд ва изҳори омодагӣ кардааст, ки метавонад, ба онҳо мақоми паноҳандагӣ диҳад. Испониё низ дар ин масъала кӯмаки худро пешниҳод кард.

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки бастани Гуантанамо эҳтимолан ҳафтаҳо ва моҳҳо ба дарозо хоҳад кашид, вокунишҳои мусбат ва сареъ ба нахустин амали Обама як навъ посух ба паёми нек шумурда мешавад. Паёми оғози марҳилаи нав ва тағйиру таҳаввул. Нашрияҳои Аврупо навиштанд, Обама, ки ғайрат ва илҳоми тозае меорад, аз сарони Аврупо низ тақозо хоҳад кард, беҳтар ва қавитар амал кунанд.

Дар давлатҳои Осиё низ вокунишҳо ба оғози кори Обама куллан мусбатанд, ҳарчанд матбуоти давлатии Чин гуфтааст, Обама набояд заҳматҳои Бушро дар пешрафти равобити Чину Амрико нодида бигирад. Ҷопон хостори пайвандҳои наздиктар бо Амрикост ва Сингопур мегӯяд, агар Обама вазъи иқтисодии кишвари худро тармим кунад, ба манфиати ҳама хоҳад буд. Сарвазири Австралиё, Пол Руд рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми январ дар Сидней гуфт: "Паёми умед, ки президент Обама дод, на танҳо дар Иёлоти Муттаҳида, балки дар саросари Австралиё ва саросари ҷаҳон танин андохт."

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ки муносибатҳои кишвараш бо Амрико ҳаргиз бад набуданд ва бо сари кор омадани раҳбари нави Амрико ба сатҳи баландтар хоҳанд баромад.

Аммо на танҳо сарони давлатҳои Осиё, балки дигарон низ мисли ин ки натавонистанд, аз паёми Обама илҳом нагиранд. Сӯфиёни даргоҳи Ҳазрати Низомуддин Авлиё дар Ҳиндустон ба сабки самоъи садаи 16 қавволӣ ё таснифе суруданд, ки ба Обама бахшида шуд. Онҳо гуфтанд, орзу доранд, Обама нигоҳи сӯфиёнаашро ба ҷаҳон тағйир надиҳад.

Ва Хуршед Аҳмад, раҳбари ҳизби бунёдгарои Ҷамъияти Исломии Покистон бо умедворӣ аз нигоҳи нави Обама ба ҷаҳони ислом аз омадани ӯ истиқбол кард.
XS
SM
MD
LG