Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ни хао, Тоҷикистон


Шодмон Шафиев, донишҷӯйи соли чаҳорум дар шӯъбаи чиноии факултаи забонҳои шарқи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳарчанд омӯзиши забони чиноӣ хеле мушкил аст, аммо далели интихоби он роҳи осонтари кор ёфтан мебошад. Зеро, мегӯяд Шодмон, шумори ширкатҳои чиноӣ дар кишвар бештар мешаваду, рақобат дар бозори чиноидонҳо нисбатан камтар аст. Шодмонро аллакай ба чандин ҷо барои кор ба ҳайси мутарҷим даъват доранд.

Ду - се сол пештар факултаи омӯзиши забони англисӣ яке аз факултаҳои гаронтарин маҳсуб меёфт, таваҷҷӯҳи ҷавонон ҳам ба он зиёд
Абдурашид Самадов, мудири кафедраи забонҳои шарқи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон: "Забони чиноӣ дар донишкада аз рақибони соҳибнирӯи забонҳои аврупоӣ гаштааст. Ҳоло дар долонҳои донишгоҳ танҳо Ni hao ба гӯш мерасад."
буд, вале феълан чунин ба назар мерасад, ки таваҷҷӯҳи ҷавонон ба забони чиноӣ бештар шудааст. Ҳамчунин, агар имсол қиммати шартномаи таҳсил барои факултаҳои омӯзиши забони англисӣ ҳудуди 500 долларро ташкил диҳад, барои омӯзиши забони чиноӣ бошад, он як баробар гаронтар шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки аксари мусоҳибони ҷавони мо афзалияти забони чиноиро бар дигар забонҳо таъкид мекунанд.

Имкони воқеъии идомаи таҳсил дар Чин яке аз сабабҳои дигари афзоиши хоҳишмандони омӯзиши забони чиноӣ будааст. Афзоиши сареъи иқтисоди Чин ва нақшаш дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳамсоягии ин кишвари азим бо Тоҷикистону густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ байни ин ду кишвар низ ҷавононро ба сӯи омӯзиши ин забон мекашонад.

Феълан, забони чиноиро дар Донишгоҳи славянӣ ва Донишкадаи забонҳои кишвар таълим медиҳанд. Абдурашид Самадов, мудири кафедраи забонҳои шарқи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон мегӯяд, забони чиноӣ дар ин донишкада аз рақибони соҳибнирӯи забонҳои аврупоӣ гаштааст. Абдурашид Самадов аз ҷумла афзуд, вақте чанд сол қабл дар донишкада шӯъбаи забони чиноӣ боз шуд, ташкили ҳатто як гурӯҳи комил кори душвор буд, вале акнун дохил шудан ба ин шӯъба кори осон нест ва ҳоло дар долонҳои донишгоҳ танҳо Ni hao ба гӯш мерасад.

Эҳтимол меравад, дар соли 2009 теъдоди донишҷӯёни тоҷики муҳассил дар макотиби олии Чин бо маблағ аз кисаи ҳукумати он кишвар ду баробар боло бурда шавад. Бар тибқи маълумоти вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳкумати Чин то имрӯз масрафоти таҳсили беш аз 120 донишҷӯи тоҷикро дар муассисаҳои олии ин кишвар ба ӯҳда гирифта буд. Бино ба иттилоъи ҳамин манбаъ агар қаблан донишомӯзони тоҷик танҳо ба хотири омӯзиши забони чиноӣ шомили донишгоҳҳои Чин мешуданд, ҳоло онҳо дар риштаҳои улуми иқтисодӣ, фанновариҳои муосир, мудирият, равобити хориҷӣ, журналистика ва улуми иттилоотӣ машғул ба таҳсиланд.
XS
SM
MD
LG