Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ҲНИТ барои иҷозаи тазоҳурот


Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ирсоли номаи расмӣ ба шаҳрдории Душанбе хостори иҷозаи баргузории як тазоҳуроти осоишта ба ҷонибдории мардуми Фаластин шудааст.

Дар ин нома, ҳадаф аз баргузории тазоҳуроти осоишта «эъломи ҳамдилӣ ва якраъйии ҳизб ва ҷонибдоронаш ба мардуми Фаластин ва маҳкум кардани амалиёти низомии Исроил алайҳи Фаластин» унвон шудааст. Ҳикматулло Сайфуллозода, масъули бахши таҳлилии ҲНИТ гуфт, «Ҳизби наҳзати исломӣ ба унвони танҳо нерӯи сиёсии динӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ вазифаи худ медонад, ки алайҳи куштори аҳолӣ ва тахриби манозилу дигар иншоот дар қаламрави Фаластин аз сӯи нерӯҳои Исроил садо баланд кунад.»

Ҷамшед Кабиров, сардори шӯъбаи номаҳо дар шаҳрдории Душанбе гуфт, то кунун номае бо дархости доир кардани тазоҳурот аз сӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба дасти онҳо нарасидааст. Ӯ гуфт, бо муҷарради расидани нома шаҳрдорӣ ҳатман дар чаҳорчӯби муқаррароти қонун онро баррасӣ карда, посух хоҳад дод.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар охирин рӯзи соли гузашта дар қароргоҳи худ як ҳамоиши эътирозиеро алайҳи ҳамалоти ҳавоии Исроил ба навори Ғазза доир карда, хостори қатъи сареъи ҷанг шуда буд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷиикистон низ бо нашри як баёния аз тарафҳои даргир даъват кард, ки фавран ва бе ҳеҷ қайду шарт оташбас эълон кунанд ва раванди музокиротро аз сар гиранд.

Зимнан, дар ду соли пеш дархости мушобеҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои ташкили намоиши эътирозӣ дар шаҳри Душанбе дар мавриди низоъи Исроилу Лубнон аз сӯи шаҳрдории Душанбе рад шуда буд.
XS
SM
MD
LG