Турсунбой Бакир уғлӣ, ҳамраиси ин иттиҳод, тайи сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳамин ҳол матни муроҷиатномаи онҳо ба СММ, Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин раисони ҷумҳури ИМА, Русия, Чин ва Олмон ироъа шудааст.
Ба гуфтаи Турсунбой Бакир уғлӣ, Исроил кишварест, ки соли 1948 бо эҳтимоми чанд кишвари абарқудрат, аз ҷумла Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ИМА, Чин ва соири кишварҳои бузурги аврупоӣ дар қаламрави Фаластин арзи вуҷуд намудааст. Ҳамраиси Иттиҳоди мусалмонони Қирғизистон мегӯяд, ки ба оҳистагӣ кишваре ба номи Фаластин ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт ва дар ҳамин ҳол низомиёни Исроил мардуми Фаластинро дар қаламрави ин кишвар қатл мекунанд.
Мавсуф афзуд, аз ин лиҳоз Иттиҳоди мусалмонони Қирғизистон аз СММ, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои абарқудрат, ки дар пайдоиши ин ду давлати ҳамҷавор саҳм гирифта буданд, даъват кардааст, аз қатли оми мусалмонон дар Навори Ғазза ҷилавгирӣ кунанд. Ба гуфтаи Турсунбой Бакил уғлӣ, онҳо ҳамла болои Фаластин ва куштори мардуми осудаи ин кишвар аз тарафи низомиёни исроилиро қатъиян маҳкум мекунанд.
Ҳамраиси Иттиҳоди мусалмонони Қирғизистон мегӯяд, мутаассифона, президент, ҳукумат ва порлумони кишвараш дар ин маврид мӯҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд ва ягон вокуниш нишон намедиҳанд. Бар асоси суханони Турсунбой Бакир уғлӣ, агар ҳамлаҳои низомиёни исроилӣ қатъ нашавад ва Исроил нерӯҳояшро аз Навори Ғазза берун накашад, мусалмонони Қирғизистон намоишҳои эътирозӣ баргузор хоҳанд кард ва аз пайравони мазҳабҳои дигарро низ хоҳанд даъват кард, ки ба ин намоишҳои эътирозӣ пайванданд.
Ба гуфтаи мавсуф, мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша ба Русия пайравӣ мекунанд, вале дар ҳамин ҳол Русия низ дар муқобили ҳамлаҳои низомиёни исроилӣ ягон аксуламали ҷиддӣ нишон намедиҳад. Турсунбой Бакл уғлӣ мегӯяд, ин дар ҳолест, ки Русия тавони онро дорад, ки аз роҳи вуруди нерӯҳояш ба қамламрави Фаластин аз қатли мардуми мусалмон ҷилавгирӣ кунад.