Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукуби хабарнигори Озодӣ дар Кӯлоб


Абдулмуъмин Шерхонов
Абдулмуъмин Шерхонов

Хабарнигори минтақавии радиои Озодӣ дар Кӯлоб Абдулмуъмин Шерхонов аз сӯи ашхоси номаълум латукуб шудааст.

Абдулмуъмин Шерхонов, ки ҳамзамон сардабирии ҳафтаномаи хусусии «Пажвок» дар шаҳри Кӯлобро бар уҳда дорад, гуфт, вай шоми сешанбе, шашуми январ, аз ҷониби афроди ношинос латукуб шудааст.

Вай афзуд, ин ҳодиса дар наздикии дафтари ҳафтаномаи «Пажвок» рух дод. Ҳангоме ки Абдулмуъмин дафтар меомадааст, дар нимароҳ се нафар ӯро боздоштаанд ва ба латукуби ӯ оғоз кардаанд. Ба ҳини латукӯб яке аз онҳо худро корманди милиса муаррифӣ намудааст.

Дар ин миён ду мошини ҳомили афроди ношинос онҳоро ҳалқа кардаанд ва сарнишинони ин мошинҳо низ ба дашному ҳақорати ӯ пардохтаанд. Танҳо пас аз мудохилаи сокинони маҳаллӣ ин афрод Абдулмуъминро раҳо карда, фирор намудаанд. Абдулмуъмин мегӯяд, шояд ин ҳодиса ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ ва нашри бархе аз матолиби интиқодӣ дар ҳафтаномаи «Пажвок» рабт дошта бошад.

Пулиси шаҳри Кӯлоб шоми 7 январ гуфт, ду нафар аз ҳамлагаронро боздошт кардааст ва феълан онҳо бозпурсӣ мешаванд. Як нафари дигар дар пайгард аст.

Абдулмуъмин Шерхонов аз соли 2007 ба ин тараф сардабирии ҳафтаномаи хусусии «Пажвок» дар шаҳри Кӯлобро бар уҳда дорад ва аз моҳи марти соли 2008 то кунун ба ҳайси хабарнигори минтақавии бахши тоҷикии радиои Озодӣ фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG