Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Генплан"-и шаҳри Кӯлоб


Сар аз соли нави масеҳӣ ба беш аз 3000 сокини шаҳри Кўлоб барои бунёди манзили зист замини наздиҳавлигӣ дода мешавад.

Ҳукумати маҳаллӣ ин тасмимро дар пайи тасдиқи нақшаи кул, ё ба истилоҳ генплани шаҳрдорӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон анҷом медиҳад. Ба қавли манобеъи расмӣ, ҳанўз нақшаи кулли шаҳр аз ҷониби ҳукумати марказӣ моҳи марти соли равон тасдиқ гардида буд, вале ба хотири бархе мушкилоти ҷойдошта дар амал татбиқ гардонидани нақшаи мазкур даҳ моҳ инҷониб ба таъхир андохта шуд. Шаҳрдори Кўлоб Ҳамид Абдуллоев, зимни як ҷаласа гуфт, ки таъхири дар амал татбиқ намудани нақшаи кулл ба ҳал нагардидани сохтмони роҳ, хати интиқоли оби нўшокӣ ва газу барқ дар бархе аз ин маҳаллаҳо қабл аз сохтмони манозили зист бастагӣ дошт.

Ба қавли шаҳрдор, барои ҳалли ин мушкилот аз буҷаи маҳаллӣ маблағ ҷудо нашудааст ва бояд ин корро худи шаҳрвандон анҷом диҳанд. Вай мегӯяд, маҳаллаҳое, ки дар шаҳр пеш аз ин сохта шудаанд, ба ҳама маълум аст, ки на роҳи хуб доранд, на хати оби нўшокиву на газу барқ. Барои ин аз буҷаи маҳаллӣ пул ҷудо нашудааст ва дар маҳллаҳое, ки оянда бояд дар шаҳр бунёд шаванд, бо маблағи худи шаҳрвандон ин мушкилоти ҷой дошта ҳал гардад.

Ҳоли ҳозир, ба қавли шаҳрдор, аз ҷамъи заминҳои барои манзил ҷудошуда ба шаҳрвандон ҳудуди 70 ҳектори он, ки ба талаботи шаҳрдорӣ мувофиқ аст, тақсим мешаваду тамом. Боқӣ заминҳои наздиҳавлигӣ то ҳалли мушкилоти ҷойдошта дастраси шаҳрвандон нахоҳад шуд.

Аммо дар ҳамин ҳол масъулинро ҳалли мушкилоти печидаи дигар дар пеш аст. Озодӣ Ҳасанов, сармеъмори шаҳри Кўлоб, мегўяд, дар ҳудуди шаҳр замони бесару сомониҳо бидуни иҷозаи мақомот ва берун аз талаботи шаҳрдорӣ шаҳрвандон худсарона заминҳоро ғасб намуда, манозили зист эъмор намудаанд. Ҳоли ҳозир, ба гуфтаи вай, ҳарчанд аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ заминҳои ғасбшуда афв шуда бошад ҳам, аммо наметавон ҳамаи он заминҳоро ба ин рўйхат шомил намуд. Ҷаноби Ҳасанов меафзояд, аз ҷониби шаҳрдорӣ ба хотири санҷиши заминҳои ғасбшуда комиссия таъсис ёфтааст ва ҳангоми санҷиш дар сурати ба талабот ҷавобгў набудан манозили зисте, ки ғайриқонунӣ бунёд ёфтаанд, тахриб хоҳанд шуд.

Вай меафзояд, мақсад аз санҷиши комиссия аз он иборат аст, ки оё ин бино ба талабот ҷавобгў ҳаст ё на ва дар оянда ба нақшаи генералӣ рост меояд, ё на. Миёни шаҳрвандон овозаи дурўғ паҳн шудааст, ки ҳамаи заминҳои ғасбшуда авф мешавад ва ин боиси боз ҳам ғасби заминҳо гардидааст, ки ин нодуруст аст.

Дар ҳамин ҳол сокинони маҳаллаи маъруф бо номи ғайрирасмии «Морхона», ки ҳукумат онҳоро дар ғайриқонунӣ бунёд намудани манзил муҷрим медонад, аз тахриби заминҳояшон дар ташвишанд. Тибқи итттилои расмӣ дар ин заминҳо, ки берун аз нақшаи кулл ва ҳудуди шаҳр сохта шудаанд, қариб 100 нафар хонавода бидуни иҷоза ба сар мебарад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба тахмини коршиносон, масъалаи бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияи Кўлоб баҳсталаб боқӣ хоҳад монд.

Бо вуҷуди ин ҳама мушкилот шаҳрдори Кўлоб тасдиқи нақшаи куллро ҳодисаи мӯҳимтарини сол арзёбӣ намуд. Мутобиқи нақшаи нав, бояд дар ҳудуди шаҳр 250 ҳазор нафар хонаи истиқоматӣ бунёд кунанд. Ҳоли ҳозир бошад шумори хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон дар шаҳри Кўлоб, ки севвумин шаҳри калонтарин дар Тоҷикистон дониста мешавад, ба 90 ҳазор нафар мерасад.
XS
SM
MD
LG