Аммо наметавон аз ин талош ба унвони танҳо иқдоми иҷронашуда дар ҳаёти ҳизбии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ таъкид кард. Зеро бештари таҳлилгарони масоили сиёсӣ бар ин назаранд, ки фазо ва муҳити сиёсӣ дар соли ҷорӣ ба ин далел, ки нерӯҳои сиёсии кишвар фаъолияти назаррас надоштаанд, сокиту карахт сипарӣ шудааст. Ва фаъолияти номуассир ва нокофии аҳзоби сиёсии кишвар дар соли ҷорӣ, на танҳо аз сӯи коршиносон, ҳамчунин, аз сӯи бархе аз чеҳраҳои маъруфи кишвар, аз ҷумла, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии пешини Тоҷикистон ва узви Маҷлиси Миллии кишвар ва бархе аз дипломатҳои хориҷӣ аз ҷумла Гремм Лотен, сафири собиқи Бритониёи кабир дар Тоҷикистон низ мавриди танқид қарор гирифта буд.
Бо ин ҳол Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, ки таҳаввул ва ҷараёноти сиёсӣ даркишварро пайваста пайгирӣ мекунад, аз мавориди ангуштшумори вокуниши аҳзоб ба рухдоди кишвар ва амалкарди ҳукумат: - тақозои коҳиши мизони интиқоли нерӯи барқ ба корхонаи ТалКо (ҲДТ, ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров), тазоҳуроти мардуми Бадахшон дар шаҳри Хоруғ дар тобистони имсол ва даъвати ҲСДТ аз ҳукумат, ки бо онҳо вориди гуфтугӯ шавад ва интиқоди Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ аз нокифоятии даромади Талко ба буҷаи кишвар ном бурд, ки ҳукумат амалан ба онҳо посух дод. Аммо, афзуд оқои Мамадазимов, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба тафовут аз шеваи фаъолияти нерӯҳои сиёсии аврупоӣ, ки дар ҳаёти сиёсӣ пайваста мушорикат доранд, такя ба тарзи фаъолияти амрикоии аҳзоб карда ва танҳо дар арафаи интихоботҳо ба истилоҳ «бедор» мешаванд.
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик бар назар аст, ки аҳзоб дар Тоҷикистон аз собиқа ва таҷрибаи камтар бархурдоранд. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи коршинос, бо таъсири ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки нерӯҳои тозаи сиёсӣ дар ташкил ва сар задани он бадном шуда буданд, ҳанузам масъулини давлат ва бахше аз ҷомеа назари хайрхоҳона надоранд. Ҳамин аст, ки ин аҳзоб дар пешбурди фаъолияти хеш фаротар аз пойтахти кишвар бо монеаҳо дучор мешаванд.
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти ахири Шӯрои ҷамъиятӣ, ки бидуни даъвати хабарнигорон сурат гирифт, аз фаъолияти номуассири аҳзоби сиёсии созанда ва бетаваҷҷӯҳии онҳо ба равандҳои ҷомеа изҳори нигаронӣ кардааст. Оқои Шариф таъкид кардааст, ки дар сурати ислоҳ нашудани вазъи мавҷуд, эҳтимол дорад аҳзоби тозае вориди саҳна шаванд, ки дар канори давлат дар роҳи рушди ҷомеа саҳм бигзоранд.
Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти рӯзноманигории Тоҷикистон бар ин назар аст, ки аҳзоби сиёсӣ аз расонаҳо ва минбари матбуоти даврӣ истифодаи дуруст карда наметавонанд. Ва сабаби нокомӣ ва тирагии ҳузури аҳзоб дар майдон ин аст, ки онҳо ба унвони созмони сиёсӣ дар сояи раисони худ қарор гирифтаанд.
Аз ҳашт ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон танҳо ду ҳизб: халқӣ-демократӣ ва ҳизби наҳзати исломии кишвар дар ҳамаи навоҳӣ созмонҳои ибтидоӣ ва нашрияҳои чопӣ доранд, ки муназзам нашр мешавад. Соли равон ҲХДТ аз сафи аъзои худ, ки гуфта мешавад, беш аз 100 ҳазор аст, наздик ба бист ҳазори онро ихроҷ кард. Масъулони ҲНИТ гуфтанд, ки суфуфи аъзои онҳо аз 24 ба 28 ҳазор расидааст. Аммо дар соли равон сафи аъзои ҲСДТ он гуна ки масъулонаш таъйид карданд, тағйир наёфтааст.
Соли оянда соли омодагиҳо ба интихоботи Маҷлиси олии кишвар аст. Ба ин далел, бештари коршиносон мӯътақиданд, ки фазои сиёсӣ гарм ва сукути аҳзоб шикаста хоҳад шуд.
Бо ин ҳол Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, ки таҳаввул ва ҷараёноти сиёсӣ дар
"Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон танҳо дар арафаи интихоботҳо «бедор» мешаванд ..."