Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаронии нархҳо ва пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ


Панҷ ҳизби сиёсии вилояти Суғд пешниҳодҳои мушаххаси худро дар мавриди танзими нархи маводи ғизоӣ барои ироъа ба ҳукумат омода кардаанд.

Аҳзоби сиёсӣ дар ин бора ду ҳафта пеш дар ҳамоиши аввали маҳфили машваратии худ эълон дошта буданд. Сарони панҷ ҳизби сиёсӣ дар вилояти Суғд: демократӣ, коммунистӣ, наҳзати исломӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сотсиалистӣ дар пешниҳодоти дастҷамъонаи худ умдатан ба масъалаи кам кардани андоз ба маводи ғизоии воридотӣ ва чораҳои алайҳи ҳаннотӣ ва гаронфурӯшӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон дахл кардаанд. Аз нигоҳи аҳзоб, ин авомил ба танзими нархи маводи ғизоӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳизбҳои сотсиал – демократӣ, кишоварзӣ ва халқии демократӣ дар ҳамоиши аҳзоби сиёсӣ ширкат наҷуста, вале низ изҳор доштаанд назарҳои худро дар наздиктарин фурсат ба тариқи хаттӣ барои пешниҳодоти умумии аҳзоби сиёсӣ илова хоҳанд кард.

Муҳсин Исобоев, сарвари созмони ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар Хуҷанд, кам кардани андоз ба маҳсулоти соҳибкорони бахши кишоварзиро омили аз ҳама муҳим дар самти поин бурдани арзиши маводи ғизоӣ мехонад. Вай бар он аст, ки хазинаи давлат на аз ҳисоби зиёд кардани андоз, балки кам кардани он пур карда шавад, зеро то чи андоза андозбандӣ ба соҳибкорон кам гардад, шумораи онҳо ҳамон андоза зиёд ва ҳаҷми истеҳсолот ва тавлидот бештар ва бозори дохилӣ аз маводи ғизоӣ ғанӣ мегардад.

М. Исобоев афзуд, дар ҳоли кунунӣ амри раисҷумҳур дар мавриди манъи тафтиши фаъолияти соҳибкорон то ду сол риоят намешавад ва ниҳодҳои тафтишотӣ боз ҳам ин корро дар Суғд идома медиҳанд. Вай гуфт, вуҷуди ришваю фасод дар кори ниҳодҳои тафтишкунанда низ нархи маводи ғизоиро дар бозор боло мебарад.

Ҳизби коммунистии Суғд ҳарчанд аз таҳияи пешниҳодоти аҳзоб ҷиҳати танзими нарх дастгирӣ кард, аммо мегӯяд дар шароити иқтисоди бозаргонӣ намешавад танҳо бо чораҳои маъмурӣ нархро дар бозор ба танзим овард. Ба гуфтаи Қурбонгул Мирзоева, муъовини раиси ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар Хуҷанд, ба танзими воқеъии нарх метавон танҳо бо пиёда кардани барномаҳои густурдаи иқтисодии ҳукуматӣ даст ёфт: «Ҳизби мо ба ҷиҳати танзими нарх пешниҳод дорад, ки аввалан, сокинон бо ҷои кор таъмин карда шаванд, корхонаҳо ба кор дароварда истеҳсолот ба роҳ монда шавад. Он гоҳ маводи хӯрокии худамон пайдо мешавад, рақобат ба вуҷуд меояд ва нархи хӯрок паст мешавад».

Хонум Мирзоева афзуд, вале ба ҳар ҳол бо пиёда кардани дигар чораҳои муассир давлат ва ҳукумати Тоҷикистон метавонад то дараҷае ба паст кардани нархи маводи ғизоӣ ноил гардад. Ба назари созмони ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар Хуҷанд, кам кардани андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукии маводи ғизоии воридотӣ аз ҷониби давлат метавонад нархи маводи ғизоиро то дараҷае поин барад. Моҳинисо Ҳорисова, узви ҳизби сотсиалистӣ дар Хуҷанд, гуфт, бо ин роҳ бозори дохилии Тоҷикистон бо маводи ғизоӣ таъмин мегардад, аммо ба қавли вай, баракс баланд кардани андози маҳсулоти содиротӣ боиси аз қаламрави Тоҷикистон камтар берун бурдани он мешавад.

Вале ҳизби демократии Суғд барои танзими нархи маводи ғизоӣ муайян кардани арзиши аслии он ва назорат ба риояти нархи фурӯширо аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон муассир меҳисобад. Ҷумъабой Ниёзов, муъовини аввали раиси ҳизби демократии Тоҷикистон - ҷиноҳи Искандаров, гуфт, агар харидори тоҷик дар бозори дохилии кишвар маводи ғизоиро аз дасти сеюм ва бо 15 – 20 дар сад арзиши изофа ба фоидаи тоҷирон харидорӣ кунад, ҷои таҳаммул аст. Аммо инро ки имрӯзҳо маводи ғизоии тавлидоти худӣ, масалан - меваҷоту сабзавот аз сари замин то растаи бозор, дасту ба даст бо нархҳои ду – се баробар гарон то харидор мерасад, ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад қабул кард.

Ҷ. Ниёзов афзуд, тақсими бозорҳои дохилӣ дар байни гурӯҳҳо ва қавмҳои алоҳида, авҷи ҳаннотӣ ва қиматфурӯшӣ, роҳ надодани кишоварзи оддӣ ба бозор ба афзудани арзиши маводи ғизоӣ сабаб шудааст. Раҳбари демократҳои Суғд афзуд, пешниҳодҳои мушаххаси аҳзоби сиёсӣ дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлили муомилоти тиҷоратӣ дар бозорҳои умдафурӯшии Суғд, ҷараёни истеҳсол, воридот ва содироти маводи аслии ғизоӣ таҳия шудааст. Вай ҳамчунин гуфт, аҳзоби сиёсӣ дар рӯзҳои наздик пешниҳодоти мушаххаси худро ҷиҳати танзими нархи маводи ғизоӣ ба тариқи хаттӣ дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон ва Суғд хоҳанд гузошт.

XS
SM
MD
LG